Зеҳни сунъӣ — қадами устувор оид ба рақамикунонӣ

Бо суръат гирифтани ҷаҳонишавӣ ва рушди бесобиқаи инноватсия, технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба яке аз унсурҳои муҳимми тағйирдиҳандаи соҳаҳои гуногуни зиндагии инсон табдил ёфтааст. Бо ибтикороти навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 июли соли 2025 дар Иҷлоси 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи муҳим ва таърихӣ таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардид.

Дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки кишварҳои он аз ҷиҳати геополитикӣ, расму оин, урфу одат, иқлим ва муносибатҳои иқтисодӣ хусусиятҳои муштарак доранд, имкониятҳои татбиқи зеҳни сунъӣ дар равандҳои рушди устувор рӯз то рӯз аҳаммияти бештар касб мекунад.
Бояд қайд намуд, ки ташаббуси мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 79-уми Маҷмаи Умумии СММ 24-уми сентябри соли 2024 пешниҳод гардида буд, ки дар он зарурати истифодаи оқилонаи зеҳни сунъӣ баҳри пешрафти устувор, рушди илм, ҳалли масъалаҳои муҳити зист, маориф, тандурустӣ ва инфрасохтор таъкид шудааст. Зеҳни сунъӣ ҳам имконият ва ҳам санҷиши ҷиддии арзишҳои инсонист. Агар роҳбарии ин равандро ба даст нагирем, эҳтимол аст, ки технология бар инсон ҳукмрон шавад. Аз ин ҷост, ки ташаббуси Тоҷикистон на танҳо сиёсӣ, балки башарӣ аст, зеро он даъват ба ҳамкории глобалӣ, таҳияи стандартҳои ахлоқӣ ва ҳифзи арзишҳои инсонӣ мебошад. Имрӯз давлатҳои бузурги ҷаҳон, ба мисли Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ИМА сармоягузории бузург ба зеҳни сунъӣ мекунанд, Тоҷикистон бо пешниҳод кардани ин қатънома ҳамчун давлати ташаббускори ин самт худро муаррифӣ намуд. Қатънома ваъда медиҳад, ки рушди зеҳни сунъӣ набояд боиси табъиз, нобаробарӣ ва ҷудоии технологӣ гардад.
Тоҷикистон нишон дод, ки дар баробари мушкилоти геополитикӣ ва иқтисодӣ, метавонад аз масоили глобалӣ сухан гӯяд ва дар ташаккули тарҳи ояндаи ҷомеаи башарӣ саҳм гузорад. Аз ин рӯ, мо-омӯзгорон бояд ин ташаббусро дастгирӣ намоем.
Зеҳни сунъӣ як соҳаи муштараки илму технолия буда, ба таҳияву истифодаи барнома ва системаҳои мушаххас равон шудааст, ки қобилияти фикр кардан, омӯзиш, ҳал кардани масъалаҳо ва қабули қарорҳоро дорад. Он як технология ё самти илми муосир буда, роҳҳои омӯзиши компютер, технологияи роботӣ ё системаи таҳлилиро барои тафаккури оқилона, мисли инсон меомӯзад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зеҳни сунъиро як падидаи нав дар илми муосир дониста, дар яке аз суханрониҳояшон чунин қайд намуданд: «Истифодаи «зеҳни сунъӣ» дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ торафт густариш пайдо карда истодааст. Ба ин маънӣ, дастоварди олимон на танҳо пешрафти як давлату миллатро такон мебахшад, балки метавонад мавриди истифодаи башарият қарор гирад».
Бо дарназардошти рушди бемайлони илму техника ва технология, кишварҳои ҷаҳон барои амалигардонии низоми рақамии фаъолияти соҳаҳои гуногун талош варзида, ҷиҳати осон намудани кор ва сарфаи вақт, инчунин, самаранокии фаъолияти соҳаҳо, баланд бардоштани самаранокии меҳнат аз тех­нологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ васеъ истифода менамоянд.
Зеҳни сунъӣ қобилияти компютерҳо ва мошинҳо барои иҷрои он гуна вазифаҳое мебошад, ки қаблан танҳо инсонҳо метавонистанд анҷом диҳанд. Масалан, шиносоии чеҳраҳо дар аксҳо, тарҷума аз як забон ба забони дигар, суҳбат кардан дар чатҳо ё ҳатто идора кардани мошин.
Ба забони сода, зеҳни сунъӣ ҳолатест, ки компютер «фикр» мекунад ва «мео­мӯзад» мисли инсон, вале бо роҳи худ: бо истифодаи барномаҳо, алгоритмҳо ва таҳ­лили маълумоти зарурӣ барои пешрафти илму технологияи ҳозиразамон, ки мо имрӯз бо он кор карда истодаем.
Оё мо дар ҳама ҳолат зеҳни сунъиро истифода мебарем?
Зеҳни сунъи аллакай қисми ҳаёти ҳаррӯзаи мост. Чанд мисол:
Смартфонҳо-ёрдамчиҳои овозӣ (Siri, Google), тарҷумаи автоматӣ, галереяҳои ҳушманд.
Мағозаҳои интернетӣ-тав­сия додани молҳое, ки мумкин аст, ба шумо писанд оянд.
YouTube, Netflix ва Facebook-интихоби видео ва филмҳо мувофиқи завқ.
Тандурустӣ-кумак ба табибон дар ташхис гузоштан.
Автомобилҳо-системаҳои ёрӣ ҳангоми ронандагӣ ва ҳатто мошинҳои бесарнишин.
Мақсад аз ин иқдом омо­дасозии насли нав бо донишҳои муосир ва рушди қобилияти рақобатпазирӣ дар бозори ҷаҳонии меҳнат мебошад. Бояд гуфт, ки дар ин самт айни ҳол дар мамлакат «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардидааст, ки татбиқи пурра ва саривақтии он ба рушди босуръати иқтисоди миллӣ заминаҳои устувор мегузорад. Воқеан ҳам, истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф, нақлиёт ва тиб зарурӣ буда, ба рушди ин соҳаҳо ва муосир шудани онҳо мусоидат менамояд. Зеҳни сунъӣ низ як навъ ихтирои инсон аст, ки бо тақлид ба зеҳни инсоният фаъолият менамояд ва имрӯз барои кулли башар муҳим ва зарурӣ гардидааст. Дар аксари кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон татбиқи он ба ин ё он соҳа натиҷаи мусбат додааст. Хулоса, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар замони муосир яке аз масъалаҳои муҳим ва зарурӣ барои соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ гардидааст.
Ҷавонмеҳр ИСМАТОВ,

омӯзгори Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий