Дар таърих аз давраи пайдоиши инсоният то ба имрӯз олимону фозилон, шоирону нависандагон, умуман, аҳли эҷод дар васфи омӯзгор суруду шеърҳо ва қиссаю достонҳои зиёд эҷод намудаанд. Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мақому мартаба ва обрӯю эҳтироми омӯзгор миёни аҳли ҷомеа дар ҳамаи давру замонҳо побарҷост.
Дар эҷодиёти шоирони номвар Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Низомии Ганҷавӣ, Абуали ибни Сино, Саъдии Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Бозор Собир ва дигарон мақому мартабаи муаллиму мактаб ва илму дониш хеле барҷаста офарида шудааст.
Образи муаллим дар эҷодиёти шоирони муосир, аз ҷумла, Шоири халқии Тоҷикистон Озар Салим мавқеи баланд дорад.
Шеъри «Муаллим»-и Озар аз 30 мисраъ иборат буда, аз рӯйи навъи адабии таркиббанд бо байти восила эҷод гардидааст. Шеъри мазкур бо чунин мисраъҳо оғоз меёбад:
Сурӯши фазлу адаб, парчами виқор муаллим,
Дарахти маърифату ҳусни рӯзгор муаллим.
Ба занги дарс шавад во шукуфтаҳои ҳидоят,
Бувад ба боғи фазилат чу навбаҳор муаллим.
Мо аз мазмуну мундариҷа ва муҳтавои шеър чунин маъниҳоро дармеёбем, ки шоир муаллимро ба суруш-фариштаи расонандаи паём монанд менамояд ва ҳам дар айни замон қомати баланд ва сари афрохтаи ӯро ба парчам ташбеҳ медиҳад, ба парчами одӣ не, ба парчаме, ки тору пудаш аз нахи виқор бофта шудааст. Маънои виқор он тамкину солорӣ ва дар ҳадди зебоии худ намудор аст.
Муаллим дар мисраи дуюм дарахти пурбору пурмеваю шаҳдрези илму маърифат буда, ба ҳусни рӯзгор зебу зинат мебахшад. Садои занг оғозе барои савод баровардан, дуруст хондану навишта тавонистан, аз бар кардани панду ҳикмати устодон баҳри талабагон мебошад. Устод Озар дар шоҳбайти нақароти шеъри худ дар васфи муаллим чунин гуфтааст:
Бақои давлату миллат бувад зи кори муаллим,
Муҳаббати ҳама дилҳои мо нисори муаллим.
Ҷовидон мондани давлату миллат ба кору пайкори муаллим вобастагии зиёд дорад. Чунки ӯ шахси бофарҳанг, донишманд, тарғибгар, ташвиқотчӣ, ташкилотчӣ, баранда ва барафрӯзандаи илму маърифат мебошад. Аз ин рӯ, меҳру муҳаббати ҳамагон ба муаллим беҳамтост.
Шоир мегӯяд:
Чи қадр тозаву озода аст пироҳани ӯ,
Калиди қуфли дари синаҳост ҳар сухани ӯ.
Дар осмони нигоҳам чун Офтоб дурахшад,
Ҷабини аз сари софии қалб шуълазани ӯ.
Воқеан, сурату сирати муаллим тавъам ва басо поку тозаю озодааст. Пеш аз ҳама, тарзи либоспӯшиаш намунаи олӣ барои дигарон аст.
Муаллимро ба Офтоб монанд кардани шоир ҳам табиию воқеист. Офтоб гармию равшанияшро ба рӯйи олам паҳн менамояд. Ҳамин Офтоб-муаллим маст, ки нури ақлу фаросат, илму маърифатро дар қаъри дилҳо ҷойгир менамояд. Муроҷиати шоир ба мардум барои ҷаҳд кардан аз баҳри рушду нумуи маориф басо бамаврид аст.
Дар ҳақиқат, барои шогирдон китоб, лавҳ, қалам, сабақи муаллим азизу муқаддасанд. Тарбияву таълим маҳз кори муаллим буда, басо сангину вазнинест:
Китоб, лавҳу қалам, дарсу остонаи мактаб,
Муқаддасанд чу маънии бекаронаи мактаб.
На рӯи шонаи филу на рӯи шонаи моҳӣ,
Ниҳода бори замин аст рӯи шонаи мактаб.
Шоири халқии Тоҷикистон Озар мактабу маорифу муаллимро сафобахши миллат маънидод кардааст. Аз ин ҷост, ки ҳифзу бақои миллат ба дасти муаллим аст.
Мо бояд арҷгузори меҳнати муаллим бошем, ки вай сафина-киштии миллатро ба соҳили мурод-мақсуди дил мерасонад. Чунки муаллим наҷотбахши миллат мебошад:
Маориф асту муаллим сафои синаи миллат,
Ба дасти ин ду бувад ҳифзи обгинаи миллат.
Ба новбонии ин ду агар ки арҷ гузорем,
Расад ба соҳили мақсуди дил сафинаи миллат.
Озар дар мисраи охир мегӯяд:
Мабод як сари мӯ кам зи эътибори муаллим…
Оре, эътибору эҳтироми муаллим ниҳоят баланд аст.
Саймаҳмад СУЛТОНОВ,
омӯзгори МТМУ№17-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ,
Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон