Асарҳои зиёди бадеӣ мавҷуданд, ки дар онҳо фоҷеият дар сарнавишти инсонҳо инъикос мешавад: ҳам дар навъи роману қиссаҳо ва ҳам дар анвои гуногуни назм. Аммо бо ҳамин унвон, яъне, фоҷиа, навъи махсуси драма дар Юнони Қадим ба вуҷуд омада буд. Фоҷиа ҳамчун таҷрибаи зебоишиносӣ дар шакли комил дар жанри трожедии юнонӣ (трагедия, фоҷиа, Ибни Сино фоҷиаи адабиро трағузиё гуфтааст) – яке аз анвои олии ҳунару адаб ҳанӯз дар аҳди атиқа ифода ёфт. Моҳияти ин навъи адабӣ дар тасвири ногаҳон пайдо шудани азобу машаққат ва билохира, фавтидани қаҳрамон дар зимни ҳодисаи баде, ки натиҷаи амали худи қаҳрамон буд, фаҳмида мешавад.
Ин ҳодисаи шӯрангез аз одам вобаста нест ва ногузир аз чархи фалак омадааст. Қаҳрамони фоҷиа ё трожедӣ бо фарҷоми бадбахтона мубориза мекунад, зидди тақдири аз осмонҳо барояш муқарраршуда мебарояд, дарду ранҷу азияти зиёдеро пушти сар мекунад ва бад-ин васила, озодии ботинӣ ва тавонмандии иродаи хешро дар муқобала бо неруе, ки аз ӯ ба маротиб пурзӯртар аст, ба намоиш мегузорад.
Ҳампаҳлуи фоҷеият хавфу ваҳму биму даҳшат аст, ки бо азияти ҷисмониву фикрӣ, тарс ва дарду ранҷ алоқадор мебошад. Агар дар фоҷиа фавти қаҳрамон тасдиқи тантанаи адолаташ бошад, маҳсули даҳшат ноумедист.
Ин ҷо аз романи машҳури нависандаи австриягӣ Франс Кафка «Мурофиа» ёдовар шудан кофист. Қаҳрамони роман К. Йозеф — корманди муваффақи бонк, ки дар муҳит ва оила обрӯю манзалати шоиста дорад, дар субҳи зодрӯзаш (сиюмин солрӯзаш) ҳабс мешавад.
Сабаби ҳабсаш маълум нест ва кӯшиши қаҳрамон барои фаҳмидани он натиҷае намедиҳад. Баъдан ӯ то оғози мурофиа озод шуда, ба корҳои муқаррариаш машғул мешавад. Гӯё ҳама ҳамкорон ва шиносҳо сабаби ба маҳкама кашидани ӯро медонанд, аммо дуруст шарҳ дода наметавонанд. Ӯро ба мурофиа мехонанд, аммо ҳар чизе, ки барои бебунёд будани гуноҳи ба сари ӯ боршуда мегӯяд, ё бо ханда, ё кафкӯбии аҳли толори суд дучор мешавад.
Кӯшишҳои ӯ барои ҳимоятгар киро кардан ҳам бенатиҷа мемонад. Ниҳоят, дар арафаи сивуяксолагии зодрӯзаш ду каси сияҳпӯш ба хонааш омада, ӯро ба қатлгоҳ, ба сангзоре бурда, бо корд ба дилаш мезананд ва ӯ мемирад. Сухани охирини қотил ба гӯши Йозеф шунаво мерасад: кушта шуд, мисли саг… Романи мазкур моҳиятан фалсафиву психологист.
Бисёр муҳаққиқони Кафка ба ин назаранд, ки дар ин асар (дар руҳияи ба равияи бехатарии вуҷудӣ – экзистенсиализм хос, ки абсурд — ҳеҷӣ, пучӣ ном дорад ва таълиф шудааст) мухолифати инсон ва «система» масъалаи меҳварист. Дар он маконе, ки система истибдодист, дигар муайян кардани он ки кӣ гуноҳ дораду чаро бидуни гуноҳ ҷазо мегирад, маъно надорад. Маҳз зидди маҷро рафтани қаҳрамон, аз рӯйи «қоидаи қабулшуда»-и система амал накардани ӯ боиси маргаш мегардад.
Дар қиссаи «Ривояти суғдӣ» тасвири ба асорат гирифтани ҳимоятгарони ҷасури суғдӣ ва махсусан, лаҳзаи аз фироқи Наниманча дар як шаб сари худро сафед кардани Виркани паҳлавон, аммо дар айни замон асиру барҷомонда ҳамин гуна эҳсоси ногузир будани марг аз пайи даҳшату хатар ба мушоҳида мерасад, ки аз муассиртарин лаҳазоти аз нигоҳи бадеият волои ин асари ҳунарӣ ба шумор меравад.
Дар фоҷиаи «Ҳамлет»-и Шекспир нақлу ҳикоятҳои шабаҳ (падари бо даҳшат кушташудаи Ҳамлет, шоҳи Дания, ки аз ҷониби бародараш Клавдий бераҳмона ба қатл расонида мешавад) ҳамин гуна руҳияи (пафоси) навмедона ва дилхарош доранд. Инак, намуна:
«Рӯзе, ки ман дар боғ хобида будам, амаки бадкирдорат шишачаи қиёми базрулбанҷ дар даст омада, он заҳри қотилро ба гӯшам рехтааст, ки бо суръати суроби равон ба ҳама аъзои бадан гузар карда, ҳамчун қатраи турши ба шир чакида дар як они воҳид хунамро баст. Ҳам дар он лаҳза танамро ҳамчун тани Лазари махав карахшҳои мурдоре фаро гирифтанд. Дасти бародар дар ҳангоми хоб аз ман ҳаётам, тоҷу тахтам, занамро рабуд. Маро дар айни авҷи гунаҳкориам, пеш аз он ки гунаҳро бо тавба бишӯям, ҳалок карданд. Инак, ман ба явмулҳисоб бори гарони гуноҳро бо худ бурдам. Даҳшат, даҳшат, даҳшати азим!».
Ё дар ҳикояи нависандаи маъруфи Фаронсаи нимаи дувуми асри XX Ги де Мопассан (1850-1893) «Нобино» сухан аз вазъи ногувори нобиное меравад, ки дар зиндагӣ бори гарони хешовандонаш шуда, ҳамарӯза ба талбандагӣ машғул аст. Баъди марги падару модар ӯ дар тарбияи хоҳараш мемонад, ки мероси ӯро аз они худ кардааст. Нобино бо мурури замон барои хешовандонаш нодаркор мешавад ва ӯро аз бераҳмӣ мавриди хандаву хушҳолӣ барои дигарон истифода мебаранд. Рӯзе шавҳари хоҳараш ӯро ба сари роҳи калоне, хеле дур аз маҳалла бурда, барои талбандагӣ мемонад. Аммо бегоҳ ӯро аз он роҳи дур барнамегардонад. Дигаронро мутмаин месозад, ки ӯро касе аз роҳ бурдааст ва ҳатман пагоҳ бармегардонад. Аммо нобино дар он шоми тори зимистони сарду пурбарф тоқаташ тоқ шуда, таваккалан ба роҳ мебарояд. Миёни саҳро аз сардии зиёд ба ҷояш менишинад ва дигар аз ҷо барнамехезад. То расидани баҳор ва об шудани барф ҷасади он нобино номаълум мемонад.
Ҷасадро кӯдаке меёбад: он кӯдак дар ҳайрат меафтад, ки чаро тӯдаи зоғону лошахӯрон дар як ҷо ҷамъ шудаанд… Наздик рафта, ҷасадеро мебинад, ки аллакай ними бадан ва чашмонаш туъмаи парандагон шудааст. Ин ҷасади ҳамон нобиное буд, ки дар авҷи зимистони сард гум шуда буд. Хулосаи адиб: нобинои оҷизу бечора танҳо аз чашм маҳрум буд, аммо мардуми гирду атрофи ӯ аз чашми муҳаббати қалбҳояшон маҳрум буданд, қалбҳое, ки чӣ будани раҳму шафқати инсониро намедонистанд.
Тасвири сарнавишти фоҷиабори ин нобино андешаи меҳварии адибро бозгӯ мекунад: инсони маъюбу маслуқро дар ҷомеаи бераҳму истибдодӣ танҳо даҳшати марг интизор аст ва дигар чизе монеи он шуда наметавонад. Дар оғозу анҷоми асар тасвири офтоб аст: барои адиб рух намудани хуршед рамзи ибтидои зебоиҳо ва шаҳомати зиндагист, аммо барои онҳое, ки онро мебинанд:
«Аз куҷо ин қадар ваҷду хушнудӣ аз баромадани офтоб ҳосил мешавад? Чаро ин нуре, ки ба замин меояд, эҳсоси хурсандӣ аз ҳаётро дар мо бедор мекунад? Осмон кабуди кабуд, гирду атроф ҳама сабз, хонаҳо сафед; дидаҳои ба ваҷдомадаи мо гӯиё рӯшании ин рангҳоро фурӯ мебаранд ва ҷонҳо лаззат меёбанд. Ва моро хоҳиши рақс кардан, давидан, замзамаи суруд фаро мегирад; дар мо андешаҳои сабуки хушбахтона, ким-чӣ хел нармии ҳамаро дарбаргиранда пайдо мешавад ва дил мехоҳад офтобро бибӯсад.
Аммо нобиноён, ки пушти дар мешинанд ва дар торикии абадии дунёи хеш эҳсос гум кардаанд, чун ҳамеша дар рӯёрӯйи ин хушнудии нав ороманд, чун маърифати ин зебоиро надоранд, сагҳои худро ором мекунанд, сагҳое, ки мехоҳанд каме дар ҷастухез бошанд».
Ва анҷоми ҳикоят: «Хурсандии зиндаи рӯзҳои офтобиро ҳис карда, ман ҳоло наметавонам аз ёд ва фикри ғамангези он нобинои бечора осуда бошам: то он андозае он нобино бадбахт буд, ки марги даҳшатноки ӯ сабукӣ ба ҳама онҳое овард, ки ӯро мешинохтанд».
Усули мухолифгузориҳо дар баёни воқеият ва таваҷҷуҳ ба паҳлуҳои психологии тасвир (инро дар адабшиносӣ методи контраст ҳам мегӯянд), ки ба Мопассан хос аст, имкон додааст, ки ҳамин даҳшати ногузир будани марг ба инсоне, ки ғайр аз нуқси ҷисмонӣ дигар чизе дар бисот надошт, таъкид карда шавад.
Тасаввури лоилоҷӣ дар лобалои марги яқин дар шеър низ хеле дилхарош тасвир мешавад, ки гумонам, яке аз намунаҳои беҳтаринаш шеъри «Қу»-и шоири шаҳири эронӣ Маҳдии Ҳамидист. Ин шеър зоҳиран нақли якнавохти сарнавишти парандаест, ки гӯё аз азал марги мармузеро дар фарҷом дорад, бояд ба кунҷе биравад ва танҳо бимирад:
Шунидам, ки чун қуи зебо бимирад,
Фиребанда зоду фиребо бимирад.
Шаби марг танҳо нишинад ба мавҷе,
Равад гӯшае дуру танҳо бимирад.
Дар он гӯша чандон ғазал хонад он шаб,
Ки худ дар миёни ғазалҳо бимирад.
Гурӯҳе бар онанд, к-ин мурғи шайдо,
Куҷо ошиқӣ кард, он ҷо бимирад.
Шаби марг аз бим он ҷо шитобад,
Ки аз марг ғофил шавад, то бимирад.
Ман ин нукта гирам, ки бовар накардам,
Надидам, ки қуе ба саҳро бимирад.
Чу рӯзе зи оғӯши дарё баромад,
Шабе ҳам дар оғӯши дарё бимирад.
Ту дарёи ман будӣ, оғӯш во кун,
Ки мехоҳад ин қуи зебо бимирад…
Дар тасвири шоир марги қу ривоят ё устураи басо фоҷиабори қисмати парандест, ки бурун аз хатти тақдир қудрати по кашидан надорад ва тибқи ҳамин хости сарнавишти ногузир бояд «танҳо», «миёни ғазалҳо», «дар ҷойи ошиқиҳо», дар «оғӯши дарё» бимирад.
Аз нигоҳи эстетикӣ ин ғазали зебоест, ки ҳатто дар андуҳи фано ангезаҳои фарҷоми зеборо ба кас талқин мекунад. Ҳузну яъсе, ки зебо тасвир мешавад, бо зермақулаи дигаре бо номи самимияти ифода махлут шуда, дар умум, як манзараи духӯра ва дилхароши ба нестӣ расидани ҷисми соҳиби ҷон ва зебоиро манзури хонанда мекунад.
Баръакси чунин тасовир – бо як лаҳни аз як мисраъ ба мисраи дигар ҳузнафзо шудани манзараро дар ашъори Муъмин Қаноат мебинем. Масалан, тасвири хатти сиёҳ гирифтани муаллимаи мактаб. Драматизми даҳшат дар тавсифи нома, коса, само, замин бо сифати «сияҳ» (дарвоқеъ ба ягонтои он дар ҳолатҳои муқаррариву табиӣ нисбате надорад, масалан, замин, ки сиёҳие надорад, ё само, ки аслан кабуд аст) тасаввур мешавад ва ниҳояти пирӯзии ғаму андуҳро пешорӯйи тафаккур мениҳад:
Ягона устодамро ба сӯйи хонааш бурданд,
Ба дасташ номаеро бесадо, беҳарф биспурданд.
Муаллима «Карам!» – гуфту фиғон бардошт,
Қаборо чок зад, сад парда аз захми ниҳон бардошт.
Сарои ишқи яздонӣ – азохона,
Ба гирди хонааш будем парвона.
Валекин шамъи мо хомӯш мегардид,
Шуъои охиринаш суст меларзид.
Ва сӯзе, оташе дар синаҳо мемонад,
Чу занге дар рухи ойинаҳо мемонд.
Нахустин бор дида мурдани Лайливу Маҷнунро,
Аҷоиб паст медидам баландиҳои гурдунро.
Давидам аз миёни селаи занҳо,
Гирифтам аз миёни оҳу шеванҳо,
Гирифтам аз кафи сарди муаллима сияҳнома,
Само будӣ сияҳкоса, замин будӣ сияҳҷома…
Бояд зикр кард, ки масъалаи инъикос ё бозтоби даҳшат дар адаби ҳунарии ҷаҳонӣ ба ду ранг аст: дар адабиёти классикии форсии тоҷикӣ он хусусияти ирфонию ирратсионалӣ гирифта, асосан, дар тасвири манзараҳое аз воқеият ё ҳаёти одамӣ истифода мешавад, ки ба ҳикмати бебақо будани ҳаёти ин дунё пайванд дорад. Дар адабиёти Ғарб он бештар бо иваз шудани авзои иҷтимою иқтисодӣ, дар назари мардум барҳам хӯрдани тартиботи иҷтимоии асрҳо устуворбуда алоқаманд аст.
Назарияи дигаре дар таърихи ҳунари ҷаҳонӣ мавқеъ дорад, ки ба донишманди адаб ва ҳунари аҳди Маърифат – Дени Дидро мансуб аст. Ӯ дар «Таҷрибаҳо роҷеъ ба манзаранигорӣ» аз эҷодкорон тақозо мекунад, ки нуқсу иллатҳои ҷомеаро бераҳмона ошкор ва мустабидонро ҳар чӣ бештар пурдаҳшат тасвир кунанд.
Дар маҷмуъ, ин назария бори дигар собит мекунад, ки ҳунару адаб аввалтар аз ҳама, функсияи маърифатӣ дорад ва вазифадор аст, ки ба инсон тарзи ҳаёт ва ҷойгоҳи худи ӯро дуруст бинамоёнад ва таъсире дар рафтору афкори минбаъдааш барои ислоҳи зиндагӣ дошта бошад.
Ҳафиз РАҲМОН,