Зеҳни сунъӣ: аҳаммият ва рушди он

Зеҳни сунъӣ ба рушди мошинсозӣ ва технологияҳои автоматикунонидашудаи идоракунӣ марбут буда, аз ҷониби одамон сохта ва идора карда мешавад. Зеҳни сунъиро ҳамчун як шакли мошин ва ё компютер дар шароити замони муосир метавон муайян кард, ки фаъолияти он дар тақлид ба функсияҳои маърифатии инсон, ба тафаккури он сурат мегирад.

Мафҳуми интеллект (intellect) аз калимаи лотинӣ пайдо шуда, маънои «зеҳн, ақл, хирад, шуур, фаҳмидан ё дарк кардани малакаҳои фикрронӣ»-ро мефаҳмонад. Зеҳн ё худ интеллект яке аз мураккабтарин мафҳумҳои психология аст. Ҳарчанд равоншиносон, дар маҷмуъ, муътақиданд, ки зеҳн на ашё ва ё чизи мушаххас, балки натиҷаи фаъолияти маънавии инсон аст, ки маҳсули он мафҳум ё худ ба вуҷуд овардани тасаввурот дар бораи чизе ва ҳодисаву падидае мебошад, бояд иқрор шуд, ки доир ба ин мавзуъ ҳанӯз саволҳои беҷавобу баҳс­баргезанда бисёранд.
Тавлиди ниҳоии зеҳни сунъӣ баъди сохтани мошини электронии ҳисоббарор дар солҳои 40-уми асри ХХ аз ҷо­ниби Норберт Винер ва пайдоиши илми наве бо унвони кибернетика имконпазир гардид.
Зеҳни сунъӣ ҳамчун соҳаи нави илм ба ду самт тақсим шуд: нейрокибернетика ва кибернетика. Нейрокибернетика аз сохтани таҷҳизоти «зеҳнӣ» иборат буда, он бояд бо ягон тарзе сохтори муайяни (мағзи сари) инсонро аз нав ба вуҷуд оварад.
Кибернетика илм дар бораи хосиятҳои умумии равандҳои идоракунӣ дар системаҳои зинда ва ғайризинда мебошад.
Олими шинохтаи англис Алан Норинг соли 1950 мақо­лаеро бо унвони «Оё машина фикр карда метавонад?»-ро интишор намуд. Дар он зикр шудааст, ки ҳоло бо «тести Тюринг» баҳо додани «зеҳниятнокӣ»-и компютер доир ба муоширати мулоҳизакорона имконпазир гаштааст.
Нахустин шабакаҳои нейронӣ дар охири солҳои 50-уми садаи ХХ пайдо шуданд. Дар соли 1957 аз тарафи Ф. Розенблатт кӯшиши сохтани системае ба харҷ дода шуда буд, ки тартиби моделсозии чашми инсонро эҷод намояд ва ҳамкории онро бо майнаи cap – персептрон ба роҳ монад.
Тадқиқоти навбатиро дар соҳаи зеҳни сунъӣ Нюэлл, Саймон ва Шоу барои ҳалли масъалаҳои «назарияҳои мантиқӣ» барои исботи теорема ва «ҳалкунандаи масъалаҳои умумӣ» идома доданд. Ин аввалин тадқиқоти нисбатан намоён дар соҳаи зеҳни сунъӣ буда, бо мақсади коркарди барномаҳо ва ҳалли масъалаҳои гуногун пешбинӣ шудааст.
Яке аз тадқиқотчии намоёни зеҳни сунъӣ Р. Бенерҷи соли 1969 навишта буд: «Доираи тадқиқоте, ки зеҳни сунъӣ номида мешуд, ба монанди маҷмуи методҳо ва воситаи таҳвил, инчунин, сохтани мошинҳое мебошад, ки онҳо иқтидори ҳалли масъалаҳои то ҳол фақат одам иҷро карда метавонистаро доранду халос. Ҳамин тариқ, суръат ва самараи мошинҳо бояд ба одам баробар бошад».
Ба омӯзиши сохтор ва фаъолияти майнаи сари инсон илмҳои зиёде, аз қабили психология, нейрофизиология, нейробиология, ки савияи баланди донишро талаб мекунанд, рабт доранд. Ғояи асосии нейрокибернетика ин «дар оҳан» азнавсозии ҳуҷайраҳои мағзи cap – нейронҳо ба ҳисоб меравад. Нейронҳо ҳуҷайраҳои махсусгардонидашудаеанд, ки имконияти қабул кардан, кор карда баромадан, рамзигардонӣ, ирсолнамоӣ ва захиракунии иттилоот, ташкили реаксияи барангезандагӣ, ба роҳ мондани алоқа бо нейронҳо ва ҳуҷайраҳои узвҳои дигарро доро мебошанд.
Зеҳни сунъӣ ҳамчун як самти илмӣ ба омӯзиши рафтори боақлонаи инсон, ҳайвон ва мошинҳо машғул буда, барои ёфтани роҳҳои моделонии чунин рафторҳо дар намудҳои гуногуни сохтани механизми сунъӣ равона гардидаанд. Тӯли як аср олимону мутахассисон корҳо ва тадқиқоти гуногуни илмиро бо роҳу тарзҳои гуногун барои сохтани чунин системаҳо анҷом дода истодаанд.
Аз рӯйи тадқиқоти илмии муҳаққиқон дар меҳвари зеҳни сунъӣ андешаву муло­ҳиза­ронӣ қарор дошта, онро ба гурӯҳҳои зерин ҷудо намудан мумкин аст:
1) Системаи коршиносӣ як шохаи муҳимми зеҳни сунъӣ буда, онро метавон ҳамчун як намуди системаи интеллектуалии компютерӣ бо дониш ва таҷрибаи махсус ҳисоб кард.
2) Эвристика арзёбии доираи хурди қарорҳоро фаро гирифта, метавонад барои ёфтани роҳи ҳалли ба оптималӣ наздиктар ва баъзе тахминҳо истифода шавад.
3) Забони табиӣ тарзи як бахши соҳаи зеҳни сунъӣ ва забоншиносӣ мебошад. Ин соҳа тарзи коркард ва истифодаи забони табииро меомӯзад. Коркарди забони табиӣ ҷанбаҳои зиёдеро, аз қабили шинохт, фаҳмиш, насл ва дигар қисмҳоро фаро мегирад.
4) Биниш чун чашми инсон, тавассути истифодаи камераҳо ва компютерҳо бо мақсади шинохти ҳадаф, пайгирию андозагирӣ ва коркарди минбаъдаи тасвирҳо мусоидат намуда, бо истифода аз асбобҳои махсус ҷиҳати муайянкунӣ корбаст мешаванд.
Ба ҳамин тариқ, айни замон зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои мухталифи илму маориф, техникаю технология, тиб, нақлиёт, дастгоҳсозӣ ва ғайра васеъ истифода мешавад.
Қ. Шарифов,

корманди ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

Добавить комментарий