Маърифати адабиву бадеии таърих

Барои онҳое, ки ба мутолиаи осори адабӣ ва махсусан, насри бадеӣ машғуланд, бисёр муҳим аст, ки ба кадом навъи наср тааллуқ доштани асарро донанд. Ин кор, махсусан, ба ононе, ки барои озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» омодагӣ мебинанд, аҳаммияти вижа дорад.

Донистани ҳамаи нозукиҳо ва аломату нишонаҳои жанри асари бадеӣ барои ошиқони каломи бадеъ, онҳое, ки бо тақозои завқ ва қонеъ кардани эҳтиёҷоти маънавиашон китоб мехонанд, чандон муҳим нест, аммо барои онҳое, ки мунтазам ба китобхонӣ машғуланд, баъзе унсурҳои дониши адабӣ, муҳимтарин ва асоситаринҳояш лозим аст.
Аҳаммияти ин корро мо дар мисоли осори бадеии таърихӣ (дар маҷмуъ) гӯшзад кардан мехоҳем.
Нависандае, ки романи таърихӣ меофарад, масъулияти бузурге ба шона дорад. Ӯ дар чанд масъала озод ва дар чанди дигар пойбанд аст, масалан, ӯ ҳақ надорад, ки таърихро ба хости худ таҳриф кунад, ҳатман бояд ба далел ва мадорики таърихӣ такя занад. Андаке бурун рафтан аз чаҳорчӯби ҳақиқати таърихӣ асарашро беэътибор мекунад, агарчи каломаш зебо ва муассир ва тасвирҳояш дар сатҳи баланд ҳам бошанд. Аммо нависанда ҳақ дорад, ки далелҳо ва асноди таърихиро бо сувари хаёлаш омезиш диҳад, образҳои тахайюлӣ офарад ва эпизодҳое, ки хатти сужаи асосиро муҳташам ва хотирмон мекунанд.
Адиб метавонад ё тавассути нақли худаш ва ё аз забони персонажҳо назари вижаи худро баён кунад ва аз абзорҳои бадеӣ фаровон истифода барад. Дигар тавоноии адиб дар он аст, ки ҳаводиси воқеан рухдодаро ба воситаи афкору назари қаҳрамонҳои асар, хоҳ асосӣ бошанду хоҳ дувумдараҷаву лаҳзаӣ, шарҳу тафсир кунад.
Хеле аз муҳаққиқон худи ибораҳои «романи таърихӣ» ва ё «роман дар бораи таърих»-ро қабул надоранд ва назарашон ин аст, ки ин навъ асарҳо як навъи типии роман аст, мисли романи илмӣ-фантастикӣ, романи иҷтимоиву психологӣ, ё романи саргузаштиву моҷароӣ. Адабиётшиносони маъруф В. Оскотский ва Г. Лукач ба ҳамин нуқтаи назар устуворанд, аммо дар муқобили онҳо як идда адабиётшиносони дигар (А.И. Пауткин, Л.П. Александрова, И.П. Варфоломеев, А.Г. Баканов ва) ба ин ақидаанд, ки далели романи таърихӣ будани ин ё он асари ҳамосӣ асоси ҳуҷҷатӣ доштанаш аст ва таносуби эътимоднок будани асноди таърихӣ ва тахайюли бадеӣ.
Муҳимтарин унсури таърихӣ номидани асари бадеӣ, ба андешаи мо, истифодаи принсип ё қоидаи таърихият аст, яъне, дар заминаи ҳаводиси илман асосноки таърихӣ офаридани образ ва ё нақшҳои ҳунарӣ, инъикоси дуруст ва боварибахши замонаи мавриди тасвир бо вазъи фарҳангӣ, забону расму оину таомулҳое, ки дар он пораи таърих дар ҳақиқат вуҷуд доштаанд.
Дар ҳамин асно бояд ба фарқи романи таърихӣ аз романҳое, ки дар мавзуи таърих таълиф шудаанд, бояд сарфаҳм рафт. Дар романҳое, ки аз гузашта қисса мекунанд, ба таври умумӣ сухан аз ҳаводиси таърихӣ меравад, будани шахсиятҳои маъруфи таърихӣ шарт нест, аксар персонажҳо тахайюлӣ ҳастанд, фантазияи муаллиф бештар аст ва асосан сарнавишти қаҳрамон дар қаринаи ин ё он ҳодисаи таърих тасвир мешавад.
Дар романи таърихӣ фосилаи миёни ҳаёти муаллиф ва ҳаводиси таърихии тасвиршаванда ниҳоят зиёд аст ва вазифаи муаллиф бозтоби шоёнтарин хулқу атвор ва рафтору кирдори шахсиятҳои маъруф ва машҳури таърихист.
Муносибат ва муомалаи шахсияти мавриди тасвир бо замони зиндагиаш дар романи таърихӣ бояд хеле зич ва шоистаи эътимоди қавӣ бошад. Дигар омили муҳим – пайванди мантиқии ривоёту асотир ва нақлу тафсирҳои оммавӣ ҳам бо воқеаҳои таърихӣ ва низ бо шахсиятҳои таърихие, ки дар асар сухан дар бораи онҳо меравад, маҳсуб меёбад. Нависанда бояд тавре рафтор кунад, ки ривоёти таърихӣ дар паҳлуи воқеоти аслӣ ҳақиқатнамо бароянд, дунёи ашёи мутааллиқ ба замонаҳои дур ба макон ва замони вуқуи ҳодисаҳо дуруст тасвир шаванд, аз ҷумла, ҳама мавҷудоти зинда ва кулли чизу чорае, ки дар ҳамон айёми дур башариятро ҳамроҳӣ мекарданд.
Дар адабиёти тоҷик силсилаи романҳои таърихӣ аз эҷодиёти устод Садриддин Айнӣ шуруъ мешавад. «Дохунда» ва «Ғуломон» беҳтарин намунаи ин навъи роман дар оғози давраи нави адабиёти тоҷик ба шумор мераванд. Ин ду асарро адабиётшиноси зиндаёд, академик Муҳаммадҷон Шакурӣ «романҳои таърихии инқилобӣ» номидааст ва ба ақидаи инҷониб, вожаи «инқилобӣ» ба шарҳи вожаи «таърихӣ» омадааст ва асосан дуруст менамояд. Аксар муҳаққиқон (Х. Шарифзода, Х. Асозода, М. Раҷабӣ, А. Маниёзов ва дигарон) ибораи «жанри таърихӣ»-ро истифода кардаанд, ки ба маънои «романи таърихӣ» омадааст, яъне, асари насрии калонҳаҷме, ки барои тасвири ҳаводиси моҳиятдори таърих хидмат кардаанд.
Дар давраҳои баъдӣ асарҳое, аз қабили «Девори Хуросон»-и Муҳаммадзамони Солеҳ, «Достони писари Худо»-и Сорбон, «Ҳафт руъё»-и Юсуфҷон Аҳмадзода, «Пайроҳаи қисмат»-и Аъзам Сидқӣ, «Садди Суғд»-и Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин, «Куруши Кабир»-и Бароти Абдураҳмон нашр шуданд, ки дар чаҳорчӯби тақозои романи таърихӣ меғунҷанд.
Агар аз намунаҳои олии ин навъи роман мисол оварданӣ шавем, романи «Восеъ» ва «Фирдавсӣ»-и Сотим Улуғзода ва ду романи Расул Ҳодизода – «Ситорае дар тирашаб» ва «На ситораҳо мерезанд» ба ёд мерасанд.
Дар адабиёти Аврупо нависандаи маъруфи англис Валтер Скоттро бунёдгузори романи таърихӣ эътироф мекунанд, ки муаллифи 24 романи таърихист. Романҳои «Айвенго», «Роб Рой», «Уэверли», «Пуританҳо», «Зиндони Эдинбург» ва ғайра намунаи беҳини ин навъи насри бадеист. Дар таълифи романҳои таърихӣ таваҷҷуҳи нависанда, қабл аз ҳама, ба бозтоби қонунмандиҳои иҷтимоиву таърихӣ равона шуда буд ва ҳама аносири дигари асарҳо (офариниши нақшҳои ҳунарӣ, манзараҳои васеи ҳаёти иҷтимоии макону замонаҳои мушаххаси таърихӣ, ҷузъиёти бадеӣ ва ғайра) дар қаринаи ҳамин қонунмандиҳо шакл мегирифтанд. Валтер Скотт ба тасвири воқеии ҳаводиси таърихӣ ва шахсиятҳои таърихӣ ончунон диққат медод, ки гӯиё ин ҳама аз пеши назари хонанда худи ҳозир мегузашта бошанд.
Демократикунонии таърих ва дур кардани пардаҳои асрор аз ҳодисаҳо, пайванди дуруст ва мантиқии миёни воқеаҳо ва саҳми шахсиятҳо дар вуқуи гардишҳои таърихӣ, ба иборате дигар, нақши инсонҳои боҷасорату фидокор дар фароҳам овардани дигар­гуниҳои таърихӣ муҳимтарин ри­солати нависандагии В. Скотт буданд. Маҳз ҳамин вуқуънигорӣ ва баёни ҳақиқатнигоронаи таърих буд, ки ин нависанда то кунун хонандаи бешумор дорад. Юриши салибдорон, мухолифату муноқишаҳои феодалҳо, низоъҳои дохилӣ дар киш­варҳои Англияву Шотландия, муборизаи мардум барои истиқлолу озодӣ – ҳамаи ин ҷунбишу муқовимату талошҳои башарӣ дар романҳои Скотт бо шеваи зебои баён ва нақли пурҳарорат бозтоби бадеӣ ёфтаанд.
Дар романи таърихӣ хеле муҳим аст, ки ҳаводиси реалии таърихӣ аз тариқи назар ва таассуроти шахсиятҳои адабии асар шарҳ дода шаванд. Ҳамин талаботи навъи романи таърихӣ дар асарҳои В. Скотт комилан риоят мешавад. Эътимоднокии романҳои таърихии Скотт ба андозае буд, ки рассомон аз рӯйи офаридаҳои ӯ манзараҳо мекашиданд ва бастакорон операҳо омода мекарданд. Фаҳму дарки амиқи равандҳои таърихӣ, муҳаббат ба мардум, тасвири густардаи марҳалаҳои гуногуни таърихӣ бо ҳама ихтилофоташон, тазоди миёни табақаҳои ҷамъият ва давлат маҳорати аслии ин нависандаи мумтозро намоён ва бовару эътимоди хонандагонро ба осори ӯ устувор кардаанд.
Ба ақидаи Виссарион Белинский, муҳаққиқи варзидаи адабиёти ҷаҳон, дастоварди муҳимми Валтер Скотт дар он будааст, ки «ӯ гузаштаро на ҳамчун тасвири ҳаёт ва фаъолияти қаҳрамонони алоҳида, балки сели васеи ҷунбишҳои мардумӣ ва падидаҳои алоҳидаи таърихиро дар ҷараёнашон ё дар ҳаракатҳояшон нишон медод». Дар романҳои ин адиб далелҳои таърихӣ танҳо дар иртибот бо ин ё он воқеаи хусусӣ интихоб мешаванд, қаҳрамонҳо дар анбуҳи ҳодисот алоҳида-алоҳида тавсиф мешаванд, ягон ҷузъиёти асар бидуни мантиқи рушди таърих оварда намешаванд.
Вақте ки мо романҳои ин нависандаро мехонем, гӯиё ҳамзамони он қаҳрамонҳову ҳодисаҳо мегардем.
Дар романи «Восеъ»-и нависандаи маъруф Сотим Улуғзода низ ҳамин гуна ҳунари тасвиркорӣ корбурд шудааст. Ҳама ширкаткунандаҳои ин роман, шуруъ аз қаҳрамони асосӣ то персонажҳои лаҳзаӣ дар анбуҳи воқеаи таърихӣ – шӯриши мардум бо сарварии Восеъ бар зидди зулму истимор ва истибдоди манғитиён тасвир шудаанд. Ҳама ҷузъиёти воқеаҳо бо ҳодисаи асосӣ пайванд шудаанд. Тавсири расму оин ва завқу салиқаи ҳунарии мардум, одати мардуми кӯҳистон ва фарҳанги онҳо, муҳаббати беҳудуди онҳо ба зодгоҳашон, сидқу самимият ва бовару эътиқодашон ба арзишҳои миллӣ ва инсонӣ ончунон боварибахш рӯйи коғаз омадаанд, ки хонандаро бетараф намегузоранд. Хеле муҳим ин аст, ки муҳаққиқони таърих дар истифодаи факту далелҳои таърихӣ дар ин роман заррае таҳриф наёфтаанд. Ҷараёни воқеаҳо хеле табиӣ ва нақши шахсиятҳо дар раванди вуқуи ин ҷунбиши мардумӣ эътимодбахш ба тасвир омадаанд.
Романи дигари ин нависандаи маҳбуб – «Фирдавсӣ» низ дар бозтоби то ҳадди мумкин реалистонаи замону макон ва майдони фаъолияти қаҳрамон беназир аст, агарчи ҷо-ҷо тахайюли адиб ва офариниши лаҳзаҳои маҳсули тафаккури эҷодии муаллиф ба мушоҳида мерасанд. Роман пурра аз таърихи зиндагии Ҳакими Тӯс ва вазъи офариниши шоҳасари безаволи ӯ ҳикоят мекунад. Аммо дар мушаххас кардани навъи ин роман то кунун миёни муҳаққиқон иттифоқи ақида нест. Баъзе муҳаққиқон, бино ба сабаби афзалият доштани унсурҳои эҷод дар асар (баҳсу баррасиҳои ҳунарӣ дар асар) онро романи филологӣ ҳам унвон додаанд.
Дар адабиёти муосири тоҷик яке аз беҳтарин намунаҳои романи таърихӣ – романи «Куруши Кабир»-и Бароти Абдураҳмон аст, ки дар нақди адабии тоҷик сазовори эътирофи баланд шудааст. Ин роман воқеаҳоеро дар бар гирифта, ки таърихи дунимҳазорсола доранд. Даврае, ки нахустин империяи тоҷикон бино ба муттаҳид шудани якчанд кишвари парокандаи минтақа – Порсу Мод, Бобулу Ошур, Мисру Финикия, Лидия ва Урарту, Парфияву Гиркания, Бохтару Суғд, (дар маҷмуъ) 22 мулки алоҳида фароҳам шудааст. Табиист, ки дар маркази тасвири нависанда Куруши қаҳрамон қарор гирифтааст, шахсияте, ки бо ном ва пайкори таърихиаш тоҷикон дар саросари олам ливои ифтихор болои сар доранд.
Дар роман шахсияти Куруш ва рисолати давлатсозиаш хеле барҷаста ва дар асоси далелҳои мавҷуд дар бойгониҳои ҷаҳонӣ ҳақиқатнигорона тасвир шудааст ва ин омили яке аз беҳтарин романҳои таърихии замони ҳозира эътироф шудани асари мазкур мебошад.
Ҳафизи Раҳмон,

адабиётшинос

Добавить комментарий