Таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба фаъолияти равоншиноси мактаб

Дар асри технология ва иттилоот иддае аз одамон дучори мушкилоти равонӣ гаштаанд. Ин ҳолат заруратеро ба миён овард, ки ба ҳолатҳои руҳиву равонии кӯдакону наврасон дар муассисаҳои таълимӣ диққати бештар зоҳир карда шавад. Дар ин самт, мехоҳем нақши равоншиноси мактабро дар бартараф намудани мушкилоти равонии кӯдакону наврасон мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор диҳем.

Зарурати фаъолияти равоншинос дар муассисаҳои таълимӣ айни муддао ва талаби замон аст. Тавре равоншинос Марям Нарзуллоева гуфтааст: «Дар ҳар як давраи синну сол тағйироти муҳимми ҷисмонию психологӣ ба вуҷуд меояд, ки он аз волидон, омӯзгорон ва атрофиён муносибат ва донистани донишҳои махсуси анатомию физиологӣ ва психологиро талаб мекунад».
Маҳз ба ин хотир, равоншинос аз ҳисоби мутахассисони ихтисосманд бояд интихоб ва ё таъйин карда шаванд. Равоншиноси мактаб дар таълимгоҳ ба ҳалли мушкилоти хонандагону омӯзгорон ва падару модарон ёрӣ мекунад. Ҳар мушкиле, ки дар рафтору гуфтори ин ашхос ҷой дорад (ё мушкилоти дуҷониба), бояд мавриди таваҷҷуҳи равоншиноси мактаб қарор гирад. Вобаста ба ин, мутахассисони соҳа як қатор вазифаҳои равоншиноси мактабро дар сарчашмаҳо нишон додаанд. Яъне, самтҳое ҳастанд, ки равоншиноси мактаб бояд бо онҳо ба дурустӣ шинос бошад, на сатҳӣ. Аввалин кор муайян кардани мушкилот аст, ки равоншинос метавонад тавассути мушоҳида, суҳбатҳои алоҳида ва тест онро дарк ва ошкор кунад. Масалан, мушкил тарс аст ё вазъи зиндагӣ, муносибати нафарест ё стресс аз касеву чизе. Дуюм, равоншиноси мактаб метавонад бо чунин хонанда суҳбати инфиродӣ кунад, мушкилоти ӯро аз забони худаш шунавад ва дар робита ба ӯ, инчунин, ба омӯзгорон ва падару модарон маслиҳатҳои муфид диҳад. Равоншиноси мактаб барои ҳалли ҳар мушкил метавонад тадбирҳо андешад, масалан, тавассути барномаҳои махсуси таълимӣ, ҷалбу ҳамкории асабшинос ва онҳое, ки дар ҳалли ҳар мушкилӣ малакаи хос доранд. Он чи ки баҳри пешгирии сар задани мушкилоти равонии хонандагон таъсир мерасонад, баргузории чорабиниҳои гуногуни таълимиву тарбиявӣ мебошад. Дар ин сурат, хонандагон бо ҳам фаъолият карда, аз натиҷаи корашон қаноатманд мешаванд. Омили дигаре, ки метавонад дар пешгирии чунин ҳолатҳо ва ҳалли мушкилоти равонии хонандагон мусоидат намояд, ба ҳамоҳангии кори омӯзгорон бо равоншиносону ҷомеашиносон рабт дорад. Аз навиштаҳои М. Нарзуллоева бармеояд, ки равоншинос бо мақсади омӯхтан ва муайян кардани хонандагоне, ки ба маслиҳат, дастгирӣ ва кумаки ӯ эҳтиёҷот доранд, бо маъмурияти мактаб, омӯзгорон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва волидон ҳамкорӣ менамояд.
Дар ҷумҳурӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илм воҳиди кори равоншинос муқаррар шудааст. Дар мактабҳои олии омӯзгорӣ ҳам дар ин самт мутахассисон омода мегарданд, аммо дар ин замина мушкилот вуҷуд дорад: Якум, дар муассисаҳои таълимӣ аксаран вазифаи равоншинос ба ҳайси сарборӣ ба ягон омӯзгор вобаста карда шуда, тамоми вазифаҳои ин воҳиди корӣ сарфи назар мегарданд. (Дар ин ҷо мудирони шуъбаҳои маориф ва директорони муассисаҳои таълимӣ бояд масъулиятро ҷиддӣ эҳсос намоянд). Дуюм, иддае аз мутахассисоне, ки ба мактаб меоянд, бо донишҳои ихтисосӣ чандон мусаллаҳ нес­танд. Илова бар ин, маоши равоншинос барои пешбурди рӯзгорашон кифоя намекунад, аз ин рӯ, тарки фаъолият мекунанд, ки боиси норасоии мутахассисон дар муассисаҳои таълимӣ мегарданд.
Як сабаби дигари суст будани фаъолияти равоншиноси мактаб мавҷуд набудани шароити мусоид аст. Дар моддаи 24 (банди11)-и Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф» омадааст: «Дар муассисаҳои таълимӣ бо мақсади ташкили раванди таълиму тарбия нуқтаҳои хизматрасонии равоншиносӣ ва тиббию педагогӣ фаъолият карда метавонанд».
Аммо ин талабот аз ҷониби на ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ба пуррагӣ ба назар гирифта мешавад. Шароити созгор равоншиноси мактабро водор мекунад, ки бо ҳар нафари мушкилдошта дар ҳуҷраи алоҳида ҳамсуҳбат шавад ва кӯдакону наврасонро мувофиқи шавқу рағбат ва истеъдод ба варзиш, ҳунар, илм ва дигар равона созад. Дар баробари ин, омӯзгороне, ки дар муассисаи таълимӣ фаъолият мекунанд, бояд аз донишҳои педагогиву психологӣ бохабар бошанд. Мутаассифона, солҳои охир нигаронӣ аз ин ҷиҳат зиёд аст. Роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва собиқадорони соҳа шикоят мекунанд, ки мутахассисони ҷавон аксаран аз надоштани донишҳои қавӣ тарки кор мекунанд, омӯзгорони ҷавон бошанд, сабабро ба дастгирӣ наёфтан аз ҷониби насли калонсол рабт медиҳанд. Аз ҷониби дигар, зарурат дар таҳияи барномаҳои махсуси таълимӣ, таълифу таҳияи дастурҳои методӣ, ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати самаранок барои фаъолияти судманди равоншиноси мактаб муфид мебошад. Дар суҳбат равоншинос Марям Давлатова гуфта буд: «Шояд гирди миз мутахассисонро даъват кардан беҳтар бошад. Дар ин сурат, мо андешаҳои худро рӯ ба рӯ нишаста мегӯем ва стратегияи кор бо равоншиносон, тарбияву нигаҳдории равоншиносон ақаллан дар соҳаи маорифро матраҳ мекунем ва ба ягон хулоса меоем. Ногуфта намонад, ки равоншиносон имрӯз дар ҳамаи соҳаҳо заруранд».
Фаъолияти бонизом ва самараноки равоншиноси мактаб насли наврас ва ҷавонро дар руҳияи худшиносӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва риояи ахлоқи ҳамида тарбия мекунад. Азбаски мушкилоти равонии ҷомеа торафт зиёд ва дақиқан, кор бо падару модарон ва хонандагон душвортар шудааст, роҳҳои нав ва таъсиргузореро аз таҷрибаи ниёгон ва дар алоқамандӣ бо донишҳои муосири психологӣ истифода бурдан лозим меояд.
Замони ҷаҳонишавӣ моро водор мекунад, ки дар заминаи илми педагогика ва психология шаклҳои дурусту самараовари муносибат ва фаъолиятро бо хонандагон, падару модарон, ҳамкасбон ва ҷомеа интихоб кунем.
Саидаи ФАЗЛ,

«Омӯзгор»

Добавить комментарий