Заминаи устувори давлат

Дар Паёми худ (16.12.2025) Сарвари давлат маорифро чун омили рушди сармояи инсонӣ номида, рушди ин соҳаро кафили солимии миллат арзёбӣ карданд.

Воқеан, мақсади соҳаи маориф қонеъ гардонидани талаботи шахс барои рушди ҳамаҷониба баҳри амалӣ сохтани истеъдод, баланд бардоштани сифати ҳаёту кори худ ва дар ин замина, афзоиши захираҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ барои таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат маблағгузории ин соҳаҳои калидиро мунтазам зиёд менамояд ва ҳар сол ҳаҷми умумии он беш аз 21 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ба мақсади таъмин намудани самаранокии истифодаи маблағҳои давлатӣ, инчунин, мутобиқсозии он ба стандартҳои байналмилалӣ бозбинии низоми маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, яъне, гузариш ба низоми сарикасӣ ё фармоиши давлатӣ тақозои замон мебошад.
Авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯзаро ба эътибор гирифта, Пешвои миллат таъкид намуданд, низоми маориф бояд муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеа бошад. Дарвоқеъ, раванди ҷаҳонишавӣ ва суръати баланди рушди илму технология моро водор месозад, ки имиҷи миллату давлатро дар заминаи тафаккур ва хиради ҷомеаи шаҳрвандӣ баланд бардошта, низоми маорифи миллиро ба талаботи ҷаҳонӣ мувофиқ созем.
Вобаста ба сатҳу сифати омода намудани кадрҳо Пешвои миллат таъкид намуданд, ки дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф ба шумор меравад.
Таъкид гардид, ки рушди иқтидори илмӣ дар доираи лоиҳаҳои давлатӣ ва байналмилалӣ анҷом додани таҳқиқоти арзишманди илмӣ ва дар раддабандии ҷаҳонӣ мавқеи шоиста ишғол намудани муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таъмин карда шавад.
Дар ин маврид, Пешвои миллат таъкид карданд: «Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем. Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад. Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад».
Рушди ҷомеа, тараққиёти илму техника ва технология тақозо мекунад, ки омӯзгорон дар навбати аввал барои баланд бардоштани сатҳи касбияти худ мунтазам кӯшиш кунанд. Таҳкими иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини омӯзгорон мебошад.
Таъмини муҳассилин бо китобҳои дарсӣ ва омӯзгорон бо маводи методӣ муҳимтарин омили пешрафти ин соҳа ба ҳисоб меравад. Сарвари давлат таъкид намуданд: «Дар марҳалаи имрӯза вазифаи навбатии олимону мутахассисон ва адибону омӯзгорон таҳия ва нашри китобҳои дарсие мебошад, ки дастовардҳои илми муосир, фарҳангу арзишҳои миллӣ ва арзишҳои эътирофгардидаи умумибашарӣ, рамзу оинҳои давлатдорӣ, қадр намудани истиқлоли давлатӣ, волоияти қонун, эҳтироми меъёрҳои умумии ҳуқуқи инсон ва дигар паҳлуҳои ҳаёти гузашта, имрӯза ва ояндаи моро фаро гиранд».
Имрӯзҳо дастовардҳои мо дар самти мориф хуб аст, вале набояд бо ин нишондиҳанда қонеъ шуд. Мо — омӯзгоронро зарур аст, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда, заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем. Барои ин зарур аст нишондиҳандаҳои таъмини сифат дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқ карда, ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо субъектҳои бозори меҳнат густариш бахшида шавад.
Ташаббусҳои маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ қадам ба қадам ба сӯйи хештаншиносии миллӣ, шукуфоии бештари Ватан ва зиндагии шоиста мебошад.
Назримад МУРОДОВ,
декани факултети таърихи ДМТ,

номзади илми таърих, дотсент

Добавить комментарий