Рушдбахши илму маориф

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси Олӣ (16.12.2025) таҳлилҳои амиқ ва ҳидоят­ҳои дурбинонаро дар бар гирифтааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём иброз доштанд, ки аз лаҳзаҳои оғози фаъолият ҳамчун Сарвари давлат рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, ба ин соҳаи ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Аз ҷумла, таъкид доштанд, ки «рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками он имрӯз гузошта мешавад. Ба ибораи дигар, ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳимму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам».
Дар Паём иброз гардид, ки ҳар сол беш аз 21 фоизи буҷети давлат ба соҳаи маориф ва илм равона карда мешавад ва дар соли 2026 буҷети соҳаи маориф қариб 14 миллиард сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2025 25,4 фоиз ва соли 2014 панҷуним баробар зиёд мебошад. Ин рақамҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат сармоягузорӣ ба соҳаи илму маорифро, воқеан, сармоягузорӣ ба бунёди ояндаи дурахшон ва тақвият додани неруи инсонӣ ба хотири ояндаи дурахшон ва рушди соҳаҳои мухталифи кишвар меҳисобад.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор», сол аз сол баланд гардидани маоши омӯзгорон, кормандони соҳаи маориф, стипендияҳо ва мунтазам дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ҳавасмандгардонӣ баргузор гардидани озмуну олимпиадаҳо, барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии ин қишри зери таваҷҷуҳи махсус қарордоштаи ҷомеа, инчунин, рушди соҳаҳои илму маориф такони ҷиддӣ мебахшад. Иқдомҳои зикргардида ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати таълим, ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ сохтани ҷараёни таълим, ҷалби мутахассисони баландихтисос ва дар умум, рушди илми ватанӣ ва умуман, соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат мусоидат хоҳад кард.
Пешвои миллат зикр намуданд, ки «бозбинии маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, яъне, гузариш ба низоми сарикасӣ ё фармоиши давлатӣ тақозои замон мебошад». Таъкид шуд, ки тибқи таҳлилҳо 25 соли оянда шумораи хонандагон дар Тоҷикистон ба чор миллион нафар мерасад ва аз ҳоло бояд барои омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсилот, омодагӣ ба гузариши низоми дувоздаҳсолаи таълим чораҷӯӣ намоем.
Пешвои миллат ба мақомоти масъули назоратии соҳа дастур доданд, ки иҷрои шашсолаи татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзи»-ро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳанд. Сарвари давлат ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан, русиву англисӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, супориш доданд, ки барои таҳлилу баррасии он бо таъсиси гурӯҳи корӣ ин масоил омӯхта шавад.
Сарвари давлат ба падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа муроҷиат намуда, таъкид карданд, ки ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон бо камоли масъулият муносибат намоянд, чунки ояндаи давлату миллат аз насли босавод, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ҳисси баланди худшиносии миллидош­та вобастагии амиқ дорад.
Некрӯз МУМИНЗОДА,
сармутахассиси раёсати илм ва инноватсияи
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий