Раҳнамои зиндагии шоиста

Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (16.12.2025) барои таҳлили вазъи имрӯзаи кишвар, муайян кардани ҳадафҳои стратегӣ ва роҳҳои рушди устувор аҳаммияти хосса дорад.

Дар самти сиёсати дохилӣ Президенти мамлакат ба масъалаҳои рушди иқтисоди миллӣ, беҳтарсозии сатҳи зиндагии мардум, афзоиши шуғли ҷавонон ва дастгирии соҳаҳои истеҳсолӣ таваҷҷуҳ карданд. Зикр гардид, ки ҷорӣ намудани ислоҳоти муосир, истифодаи технологияҳои нави истеҳсолӣ ва ҷалби сармоягузорӣ барои баланд бардоштани самаранокии иқтисоди миллӣ зарур аст. Ҳамзамон, сиёсати иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамчун рукни муҳимми рушди кишвар эътироф шуд.
Зимни ироаи Паёми хеш Пешвои миллат бо дарназардошти имкониятҳои имрӯзаи иқтисодӣ ва зарурати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ супориш доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла, муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз, музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад ва ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар гардад. Инчунин, бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон, индексатсия (зиёд) карда шаванд.
Дар самти амният ва сиёсати хориҷӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки Тоҷикистон пайваста барои таҳкими субот ва амнияти минтақа саъйю талош менамояд. Баррасии вазъи байналмилалӣ ва амниятии минтақа нишон медиҳад, ки ҳамкории кишвар бо ҳамсоягон ва ҷомеаи байналмилалӣ аҳаммияти стратегӣ дорад. Ҷумҳурӣ бояд, ҳамзамон, дар доираи созмонҳои байналмилалӣ фаъолона иштирок кунад ва нақши созанда ва ҳамкориро дар ҳалли мушкилоти минтақавӣ ва глобалӣ тақвият бахшад.
Масъалаҳои иҷтимоӣ низ дар Паём мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Таъмини пешрафти соҳаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва ҳифзи мероси миллӣ ҳамчун рукнҳои муҳимми рушди устувор арзёбӣ шуданд. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки дастгирии илм, технологияҳои нав ва омӯзиши фанҳои муосир барои таҳкими иқтисоди миллӣ аҳаммияти стратегӣ дорад.
Дар самти рушди соҳаҳои энергетика ва инфраструктура Президенти кишвар афзалиятҳои истифодаи захираҳои дохилӣ, рушди неруи барқ, таъмири роҳҳо, обтаъминкунӣ ва коммуникатсияро таъкид карданд. Ин самтҳо на танҳо барои беҳтар кардани сатҳи зиндагии аҳолӣ, балки барои пешрафти иқтисоди миллӣ ва ҷалби сармоягузорӣ муҳим мебошанд.
Сарвари давлат қайд намуданд, ки ҳукумати мамлакат бояд самтҳои афзалиятноки рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, саноатикунонии босуръат бо технологияҳои муосир, истифодаи имкониятҳои транзитӣ ва сайёҳӣ, идомаи ислоҳоти идоракунии давлатӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузориро тақвият бахшад. Ин тадбирҳо барои таҳкими иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии кишвар ва беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум аҳаммияти муҳим доранд.
Пешвои миллат иброз дош­танд, ки Академияи миллии илм­ҳо, дигар муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва лоиҳакашӣ вазифадор карда мешаванд, ки бо ҷалби олимону донишмандон консепсияи Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯзро дар асоси анъанаҳои меъморӣ ва шаҳрсозиву шаҳрдории бостонии тоҷикон таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Паёми Пешвои миллат ба масъалаҳои экология ва ҳифзи муҳити зист низ равона карда шуд. Тоҷикистон бояд барои ҳифзи пиряхҳо, захираҳои об ва табиати нотакрор чораҳои муассир андешад. Ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва истифодаи технологияҳои муосир барои ҳифзи муҳити зист аҳаммияти стратегӣ дорад.
Президенти мамлакат таъкид карданд, ки рушди устувор ва таъмини зиндагии шоистаи мардум танҳо бо ҳамкории ҳамаҷониба миёни мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳолӣ амалӣ мегардад. Ҳадаф аз сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ин аст, ки Тоҷикистон давлати пешрафта ва таъсиргузор дар минтақа ва ҷаҳон бошад.
Ҳамин тавр, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муайян кардани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, таҳкими иқтисоди миллӣ, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум, ҳифзи амният ва дастгирии ҳамкории байналмилалӣ нақши ҳалкунанда дорад. Ин Паём ҳамчун роҳнамои стратегии рушди кишвар дар оянда ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ мешавад.
А. РАҲИМЗОДА,
директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ

Добавить комментарий