Омӯзгорӣ пешаи пурифтихор буда, ҷабҳаҳои гуногунро фаро мегирад. Ин пеша тақозо дорад, ки омӯзгор ба омӯзиши пайваста машғул бошад ва маҳорату малакаи худро мунтазам такмил бахшад. Корбасти методҳои гуногуну самараноки таълиму тарбия, омодагии ҳамешагӣ ба дарс, омӯзиши ҳаматарафаи шогирдон, роҳандозии муносибати судманд бо волидайн, ташкили чорабиниҳои гуногуни таълимию тарбиявӣ, огаҳии зарурӣ аз навгониҳои замон ва амсоли инҳо омилҳоеанд, ки бо пешаи омӯзгорӣ иртиботи қавӣ ва ногусастанӣ доранд. Яке аз хусусиятҳои умдаи омӯзгор забондонист. Дар айёми мо ин хусусият аҳаммияти бештар пайдо карда, ҳар як шахси фаъоли ҷомеа, ҳар зиёиро мебояд, ки аз забонҳои хориҷӣ (ду-се забон) огаҳӣ дошта бошад ва сухан гуфта тавонад. Ин барои омӯзгор аз ҳар ҷиҳат имконоти фаровон фароҳам меоварад ва пеш аз ҳама, дастрасиаш ба маълумоти зарурӣ афзун мегардад. Чунонки борҳо таъкид шудааст, донистану омӯхтани ҳар забоне маҳз дар заминаи амиқ омӯхтани забони модарӣ ва эҳтиром ба ин забон имконпазир мешавад. Яъне, ҳар як омӯзгорро мебояд, ки пеш аз рӯй овардан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ забони тоҷикиро ба таври комилу фарогир биомӯзад, қонуниятҳояшро хуб донад. Маълум, ки забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимию доро ва тавонои ҷаҳон буда, бо ин забон асарҳои бузургу безавол офарида шудаанд. Захираи луғавии забони тоҷикӣ хеле фарогир ва муқтадир аст. Дар давраи Истиқлоли давлатӣ забони тоҷикӣ дар умури давлатдорӣ мавқеи устувор пайдо кард, мақоми давлатӣ дарёфт ва имконоташ боз ҳам бештар гашт. Имрӯз забони модарии мо дар соҳаҳои илму маориф, техникаву иқтисодиёт ва сиёсату иҷтимоиёт васеъ истифода мешавад. Вазифаи ҳар як узви фаъоли ҷомеа, махсусан, омӯзгорон аст, ки барои ҳифзи мақоми волои забони тоҷикӣ, истифодаи шоиста ва риояи тозагии он ҷидду ҷаҳди ҳамешагӣ ба харҷ диҳанд. Набояд забони ноби мо бо алфози қабеҳу ношоиста, бо калимоти дағалу носуфтаи кӯчагию лаҳҷавӣ ва бо ғалатҳои зиёд махлут гардад.
омӯзгори математика ва информатикаи МТМУ №61-и шаҳри Панҷакент













