Шаҳринав: баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар авлавият

Дар ноҳияи Шаҳринав ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии соҳаи маориф шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Тибқи иттилои мудири шуъбаи маорифи ноҳия Тағоймурод Сатторода айни замон 56 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим, литсейи хусусии «Нур», муассисаи таълимии хусусии «Нури ирфон», «литсей барои хонандагони болаёқат фаъолият дошта, дар онҳо 29 945 хонанда ба таҳсил ҷалб гардидаанд.

Соли гузашта мактабҳои ноҳия ба 131 нафар омӯзгор эҳтиёҷ доштанд. Ҷиҳати бартараф кардани норасоии кадрӣ дар моҳҳои август ва сентябри соли 2025 172 нафар омӯзгор ба кор қабул гардиданд. Аз ин шумора 14 нафар бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 нафар бо роҳхати Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамчунин, аз ҳисоби омӯзгорони собиқадори ба кор баргашта, хатмкардагони гурӯҳҳои шартномавии рӯзона ва буҷетии ғоибона (бо пешниҳоди диплом) бо кор таъмин карда шуданд. Дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои олии касбӣ низ тариқи шартномаи чортарафа 16 нафар донишҷӯи курсҳои охир бо кори омӯзгорӣ ҷалб гардиданд.
***
МТМУ рақами 11 ба номи Умари Хайём дар Ҷамоати деҳоти Акрам Ҳасанов ҷойгир шудааст. Он соли 1956 бунёд ёфта, аз як бинои якошёна ва 20 синфхона иборат мебошад. Дар мактаб 1025 нафар хонанда таҳсил менамояд. Ба хонандагон 60 нафар омӯзгори соҳибтахассус дарс медиҳанд.
Дар мактаб барои фаъолияти омӯзгорони ҷавон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Дар утоқи методӣ ҳуҷҷату нақша ва дафтарҳои гуногун, аз қабили суратҷаласаи шурои методӣ, қайди дарси омӯзгорони муассиса, иштирок дар дарсҳои ҳамдигар, санҷиши дафтарҳои даврӣ, корҳои хаттӣ, рӯзномаҳо, кор бо волидон, санҷиши дафтари сабти мазмуни мухтасари дарс (нақша-конспект)-и омӯзгорон, роҳбарони синфҳо бо як тартиби муайян гузошта шудааст, то муаллимони ҷавон дар ҳолатҳои зарурӣ тавонанд аз онҳо истифода намоянд.
– Бо ҷавонон омӯзгорони таҷрибадорро тариқи фармоиш вобаста кардаем. Бар замми ин, дар як моҳ ду маротиба фаъолияти онҳо санҷида мешавад. Дар шурои методӣ дар ду моҳ як маротиба ба амалкарди омӯзгорони ҷавон диққати махсус дода мешавад. Дар дафтари махсуси муассиса ҳангоми иштирок дар дарси ҳамдигар фикру андешаашонро менависанд, таҳлил мекунанд,-зикр кард директори мактаб Муҳаммадҷон Эшмуродов.
Дар муассиса се синфхона дар шакли ҳуҷраҳои алоҳидаи фаннӣ – физика, химия, информатика фаъолият менамоянд. Утоқи физика ва химия ба тарзи замонавӣ таъмир гардида, бо тамоми таҷҳизот таъмин мебошад. Утоқи информатика таъмирталаб буда, дар он 15 адад компютер мавҷуд аст.
– Модели компютерҳои муассиса куҳнаанд, бинобар ин, ният дорем то соли нави хониш онҳоро бо шаклҳои навин иваз намоем. Ҳамчунин, 6 адад нооутбук мавҷуд аст, ки кормандону хонандагони муассиса истифода мекунанд. Дар қисме аз синфхонаҳо ба ҷойи тахтаи электронӣ телевизорҳои ранга насб шудааст, то омӯзгорон дарсҳоро ба таври намоиш ба хонандагон омӯзонанд,-гуфт М. Эшмуродов ва илова кард, – муассиса дорои wi-fi ва дастрасии озод ба интернет мебошад.
Омӯзгори синфҳои ибтидоӣ Гулдаста Маҳмадқулова нуҳ сол аст, ки дар мактаб кор мекунад. Муаллима барои хонандагони синфи 1«а» дарси хониши адабӣ баргузор намуд. Дар дарси ӯ мушовири синфҳои ибтидоии шуъбаи маориф, муовинони директори муассиса оид ба таълим, мудири шуъбаи методӣ иштирок намуданд. Дар дарс тамоми хонандагон (31 нафар) ҳозир буданд. Пас аз ба ҷой овардани одоби салом муаллима, машғулиятро аз пурсиши навбатдори синф оғоз бахшид. Баъд бо хонандагон оид ба фаслҳои сол, ҷашнҳои баҳорӣ, муқаддасоти миллӣ, қаҳрамонони Тоҷикистон саволу ҷавоб кард. Хонандагон ҳангоми посух ба саволҳо фаъолияти хуб нишон доданд.
Давоми дарс омӯзгор бо хонандагон калимаҳои «Наврӯз», «Модар», «Ватан»-ро таҳлили овозӣ намуда, ба ҳиҷоҳо ҷудо карданд. Баъд ӯ ба пурсиши вазифаи хонагӣ – «Саги оташнишонҳо» ва фаҳмонидани мавзуи нав «Сафедпо» пардохт. Муаллима бо истифода аз тахтаи синф, телевизору ҳар гуна усулҳои фаъол дарсро ҷолибу хотирмон баргузор намуд.
– Роҳбарони синф пайваста ба хонаҳои хонандагон рафта, аз шарту шароити дарсомӯзии онҳо огоҳ мешаванд. Ҳамчунин, барои хубтар ба роҳ мондани робита бо волидон аз соли нави хониш истифодаи журналу рӯзномаҳои электронӣ ба роҳ монда мешавад.
***
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 аз се бинои дуошёна иборат буда, соли 1976 мавриди истифода қарор гирифтааст. Муассиса дар кӯчаи Камоли Хуҷандии Ҷамоати шаҳраки ба номи Мирзо Турсунзода ҷой гирифтааст. Дар он ҷо 46 синфхона, 8 утоқи фаннӣ, аз қабили информатика, химия, биология, физика, технологияи таълими меҳнат, лабораторияҳои химия-биология, физика, толорҳои фарҳанг ва варзиш амал менамояд. Айни замон дар мактаб 1778 хонанда таҳсил мекунанд, ки ба онҳо 73 нафар омӯзгор таълим медиҳанд. Таълим бо ду забон – тоҷикӣ ва русӣ сурат мегирад.
Дар назди муассиса Маркази инкишофи кӯдак фаъолият дорад, ки дар он 103 нафар кӯдак дар се баст ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
– Талабот ба Маркази инкишофи кӯдак, бахусус, ба гурӯҳҳои русӣ зиёд аст. Бинобар ин, қарор додем, дар як синфхонаи дигар низ марказ ташкил намоем. Алҳол ин синфхона таъмир ва бо мизу курсичаҳои мувофиқи синну соли хонандагон таҷҳизонида шуд ва рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор хоҳад гирифт,-иброз намуд директори мактаб Исроил Шомуродов.
Муаллима Марзия Муминова 6 сол мешавад дар Маркази инкишофи МТМУ №21 ба ҳайси омӯзгор ба шогирдон таълиму тарбия медиҳад. Ӯ хатмкардаи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор бо ихтисоси китоб­шиносӣ буда, донишу маҳораташро дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф такмил додааст.
– Дар Маркази инкишофи кӯдаки назди муассиса ду нафар – ман дар гурӯҳҳои тоҷикӣ ва Шаҳноза Дӯстова дар гурӯҳҳои русӣ ба кӯдакон таълим медиҳем. Муаллима Шаҳноза Дӯстова айни замон дар гурӯҳи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барои идомаи таҳсил рафтааст ва машғулияти гурӯҳҳои русӣ то омадани ӯ ба зиммаи ман вогузор шудааст,-гуфт М. Муминова.
Мувофиқи маълумоти ҷонишини директори мактаб оид ба таълим Насиба Каримова дастоварди муассиса нисбат ба соли гузашта зиёдтар аст. 20 дарсади хонандагон дар олимпиадаҳои фаннӣ фаъолона иштирок карданд. Дар олимпиадаи ноҳиявӣ 19 нафар иштирк намуда, ба даври минтақавӣ 12 нафар роҳхат гирифтанд. Дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ низ хонандагон пайваста ширкат меварзанд. Соли гузашта 2 нафар хонандаи маъюб дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сазовори ҷойҳои намоён гаштаанд.
Зебо Мардонова 49 сол аст, ки дар МТМУ №11 ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёти рус ба шогирдон дарс медиҳад. Ӯ мегӯяд:
– Ҳамасола барои иштирок дар озмунҳо шогирдони зиёдеро омода месозам. Соли гузашта низ се нафар – Бузургмеҳр Тағоев, Зебо Раҳимзода — хонандагони синфи 6-ум ва Шаҳноза Сатторова — хонандаи синфи 8 дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз забони русӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
***
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 ба номи С. Юсупов дар деҳаи Қадиҷӯйбори Ҷамоати деҳоти Сабо ҷойгир шудааст. Муассиса аз як бинои дуошёна ва ду бинои якошёна иборат буда, бинои аввалаи он соли 1936, дуюм соли 1959 ва сеюм соли 1990 бунёд шудааст. Дар се бино, дар умум, 22 синфхона, се утоқи фаннӣ (компютер, таълими меҳнат барои духтарон ва писарон), толори варзишӣ мавҷуд мебошад. Ба 672 нафар хонанда 36 нафар омӯзгор дарс медиҳанд.
– Дар муассиса 5 омӯзгори ҷавон фаъолият менамоянд ва онҳо ба муаллимони пуртаҷриба вобаста гардидаанд.
Маврид ба зикр аст, ки хонандагони муассиса дар озмунҳои гуногуни мактабиву ноҳиявӣ, минтақавию ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат меварзанд. Соли гузашта, дар олимпиадаҳои фаннӣ се нафар хонанда сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуданд. Тавре Н. Ниёзова зимни суҳбат изҳор намуд, дар омода намудани хонандагон дар озмунҳо омӯзгорон Гулсара Қарахонова ва Фараҳноз Халилова саҳми назаррас доранд.
Китобхонаи муассиса аз ду ҳуҷра иборат буда, дар он 8533 адад китоб нигоҳ дошта мешавад. Аз ин теъдод 800 адад китоби бадеӣ ва 7460 китоби дарсианд, ки давоми солҳои 2016-2026 нашр шудаанд. Китобдор Моҳира Асадова чунин иттилоъ дод: Бо роҳандозӣ шудани барномаи биллингӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илм кори ҳисобу китобамон як андоза осон гардид. Китобҳои соли 2017 ва 2026-ро ба барномаи мазкур ворид намуда, ба хонандагон барои истифода супоридем. Соли 2016-ро бошад, аз эътибор соқит хоҳем кард.
Китобхона 400 китобхон дошта, 20 нафари онҳоро омӯзгорон ташкил медиҳанд. Барои бедор намудани завқи китобхонӣ дар дили хонандагон ва ба ин васила, афзудани сафи аъзои китобхона дар мактаб маҳфилу озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд, ки дар он 230 нафар иштрирок карда, 80 нафар ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд.
Шаҳноза БОБОМУРОДОВА,

«Омӯзгор»

Добавить комментарий