Омӯзиши забонҳои хориҷӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, дар Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам таъкид мешавад.
Ба ин маънӣ, «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русию англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» қабул гардидааст. Барномаи мазкур рушд ва инкишофи бисёрзабониро дар ҷумҳурӣ таъмин намуда, бо беҳтар намудани сифати таълиму омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, ба ташаккули шахсияти ҳамаҷониба рушдёфта мусоидат мекунад.
Соли 2016 вобаста ба азназаргузаронии китобҳои фаннӣ, аз ҷумла, забони англисӣ барои синфҳои 3-4 ва ворид намудани муносибати босалоҳият ба таълим узви гурӯҳи корӣ будам. Ҳадаф аз таъсиси гурӯҳи корӣ он буд, ки бояд барнома, роҳнамои омӯзгор ва замима барои хонанда сари вақт иҷро мегардид. Баъд аз он ки мавод пурра чоп шуд ва ба хонандагону омӯзгорон дастрас гардонда шуд, санҷишгарон (экспертҳои хориҷӣ) ҷиҳати рафти кор оид ба усули салоҳиятнок ва истифодаи маводи нав (роҳнамо ва замима) дар мактабҳо ташхис гузарониданд.
Рӯзе дар як мактаби деҳот меҳмонони хориҷиро ба дарси забони англисӣ даъват мекунанд. Омӯзгор зани пуртаҷриба, ки забонро хуб медонисту аз низоми салоҳиятнок воқиф буд, дарсро дар асоси ҳамон китобҳо, аз ҷумла, тибқи талабот тавассути шеърхонӣ, хондани матн, луғатёбӣ, ташкили бозӣ ва ғайра ба роҳ мемонад, хусусан, кӯдакон дар давоми дарс маҳорати хуб нишон медиҳанд ва омӯзгор дарсро моҳирона ба анҷом мерасонад. Коршиносони хориҷӣ дарсро мушоҳида карда, ба омӯзгор ва хонандагон аҳсан мегӯянд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар мактабҳо баъзе мушкилиҳо ба чашм мерасанд ва ислоҳи онҳо муҳим аст.
Дар рафти омӯзиш ва таҳлил муайян гардид, ки иддае аз омӯзгорон таҷрибаи кофӣ надошта, сатҳи забондониашон паст аст. Аз воситаҳои техникӣ истифода карда наметавонанд.
Аз ин рӯ, омӯзгоронро зарур аст, ки муҳити забониро, пеш аз ҳама, худашон риоя намуда, дар дарс бо забони англисӣ сухан гӯянд. Дар дарсҳои омӯзгорони соҳибтаҷриба иштирок намуда, таҷрибаи кории онҳо ва истифодаи техникаю технологияро омӯзанд. Дар дарси забони англисӣ бояд хонандагон ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, алоҳида хонанд. Дар сурати набудани шароит, омӯзгор бояд дар асоси муносибати босалоҳият ба таълим хонандагонро дар синф ба гурӯҳҳо ҷудо намояд, бо дарназардошти азхудкунии хонанда супориш диҳад. Аз варақчаҳо, расмҳо, шеъру чистон, бозиҳои гуногун истифода карда, шавқи забономӯзии хонандаро бедор намояд. Баъд аз дарс бо хонандагони сустхон алоҳида кор кунад, бо волидайн ҳамкориро ба роҳ монда, назорат кунад, ки кӯдак дар хона низ вазифаи хонагиро иҷро намояд.
Омӯзгор метавонад мазмуни асосии матнро бо хонанда таҳлил намуда, калимаҳои нофаҳморо барои азхуд намудан дар хона супориш диҳад. Аз ҷумла, дар баробари китоб, чунонки дар боло гуфтем, аз супоришҳои дигар, ба мисли хондани китобҳои бадеӣ, аз ёд кардани шеърҳо, тамошои дастаҷамъонаи филмҳои тасвирӣ бо забони англисӣ (дар синфҳои поёнӣ) ё худ филмҳои кӯтоҳ бо забони англисӣ (дар синфҳои болоӣ), ташкили муколама, монолог дар байни хонандагон, ба роҳ мондани саҳначаҳо ва ғайраҳо истифода карда, дарсро шавқовару рангин созад.
Парвина Лутфуллоева,
мутахассиси забонҳои хориҷӣ













