Фазои ягонаи каломи бадеъ

Адабиёт ва фолклори тоҷик, ба мисли халқҳои дигари дунё, ҳамеша ба ҳам наздик буданд, чунки дар муҳити як кишвар ва фазои як забони миллӣ, дар заминаи як таърихи миллӣ арзи вуҷуд мекарданд. Аз нигоҳи бадеият фолклор ва адабиётро як низоми умумии навъӣ муттаҳид мекунад, ки дар умум ба ҳамоса, лирика (шеър) ва драма (осори намоишии саҳнавӣ) радабандӣ мешавад, ҳарчанд ин таснифот, чи дар адабиёт ва чи дар фолклор, тафовутҳо ва вижагиҳои хос дорад.

Дар қаринаи адабиёти ҷаҳон тафовути миёни адабиёту фолклор ҳамчун тафовути миёни ду низоми эстетикӣ аз ҷониби аксар муҳаққиқони адабиётшинос фаҳму дарк шудааст, яъне, ду навъи таъбиру тавзеҳи воқеият. Ин фикри кайҳо собитшуда аст, агар бигӯем, ки адабиёт ва фолклор фазои ягонаи каломи бадеъро фароҳам меоранд.
Масъалаҳои марбут ба муносибати фолклору адабиёт бояд аз ду зовия: пайдарҳамии таърихӣ ва таносуби ду тарзи эҷод нигариста шавад. Бар асоси ин принсип, тасдиқ кардан мумкин аст, ки образи фолклорӣ ба асари бадеӣ интиқол ёфта, мазмуну моҳияти аввалияи худро гум мекунад, он ба унсури сохтори нави бадеӣ табдил меёбад. Аммо барои таҳлили маънои нави он лозим меояд, ки мазмуни фолклории он, маънои образи фолклорӣ дар ҷойгоҳи аслиаш дигаргун карда шавад. Ин қадами аввал дар омӯзиши анъанаи фолклорӣ дар адабиёти муосир мебошад.
Бояд таъкид кард, ки ягон ҷузъиёти назарияи фолклорро бидуни ба эътибор гирифтани мероси бузурги олимони асрҳои XIX-XX шарҳ додан имкон надорад. Муҳимтарин масоили назарияи фолклор ба таври муфассал дар таҳқиқоти Ф. И. Буслаев, А. А. Потебня, А. Н. Веселовский ва пайравони онҳо ҳаллу фасл шудаанд.
Фолклор, дар маҷмуъ, системаҳои жанрӣ, сужету образҳои он натиҷаи раванди эҷодии қонунмандонаест, ки механизми онҳо бояд бо ҳама мураккабиҳо ва махсусиятҳояш маърифат шавад. Яке аз вазоифи муҳимми адабиётшиносӣ ҳамин аст, ки маълум кунад: чӣ тавр дар пояи воқеияти муайян – муносиботи иҷтимоӣ, масоили этнографӣ, ҳаводиси таърихӣ ва низоми тасаввурот ин ё он падидаи фолклорӣ – жанр, сужет, образ аз рӯйи қонуниятҳои мушаххас ба вуҷуд меоянд.
Ба андешаи мо, принсипҳои умумие, ки адабиёти рушдкардаро бо фолклор пайванд мекунад, халқият, ҳувияти миллӣ ва гуманизми эҷод аст. Дар замонаш барои адиби маъруфи рус Александр Пушкин ва ҳамзамонони ӯ такя кардан ба анъанаҳои ҳунарии мардумӣ масъалаи асосӣ ба ҳисоб мерафт ва гумон буд, ки бидуни фолклор адабиёти классикии рус арзи ҳастӣ бикунад. Аз ин рӯ, Пушкин дар яке аз мақолоташ, ки назми русиро бо шеъри фаронсавӣ ба қиёс мегирифт, навишта буд, ки адабиёти рус бояд аз ҷиҳати миллӣ пуробуранг бошад, зеро барои ин заминаи боэътимод – хазинаи назми шифоҳии мардумӣ дастрас аст: «Мо забони худро дорем, аз он беҳтар – расму оин, таърих, сурудҳо, афсонаҳо ва ғайра».
Ин андешаи Пушкинро баъдан мутафаккири бузурги рус В. Белинский тақвият дод ва натиҷааш ин шуд, ки беҳтарин намунаҳои назму насри классикии рус дар робита ва дар асоси назми мардумӣ ба вуҷуд омаданд. Н. Чернишевский низ назми мардумиро хазинаи арзишманди миллӣ номида, асоси онро анъанаҳои фолклорӣ эътироф карда, бо муҳаббат навиштааст, ки «он барои касе, ки мардуми худро дӯст медорад, хеле шавқовару зебову гуворост».
Ин ҷо месазад таъкид кард, ки дар таҳқиқоти солҳои ахир дар мавриди робитаи фолклор бо адабиёти бадеӣ баробар бо истилоҳи фолклоршиносӣ ду истилоҳи дигар – «фарҳанги мардумӣ» ва «фарҳанги суннатӣ»-ро зиёд истифода мебаранд. Зоҳиран, миёни ин ислоҳот тафовуте нест, аммо назари муҳаққиқон мухталиф аст. Аз нигоҳи фарҳангшиносӣ, зери истилоҳи фар­ҳанг ё маданияти суннатӣ «куллиёти фарҳанги анъанавии маънавӣ ва қисман фарҳанги моддӣ низ фаҳмида мешавад», ки арзишҳои сифатан собитшуда доранд ва «барои аксар гурӯҳҳо ва қишрҳои иҷтимоӣ дорои аҳаммият мебошанд».
Суннативу анъанавӣ будан мазмуни арзишиву меъёрии ин фарҳанг, инчунин, механизмҳои иҷтимоии интиқоли онро мушаххас мекунад ва халқияти ин фарҳанг асос мегирад аз маҷмуи муносиботи иҷтимоӣ, расму оину одатҳо, қолабҳои андеша ва тасаввуроти мардумӣ. Аз рӯйи ин фаҳмиш, фолклор ҳамчун зернизоми фарҳанги суннатӣ мақому ҷойгоҳ пайдо мекунад ва дар шаклҳои махсус иттилооти суннатии мансуб ба ин ё он этнос ё қавмро ҷамъоварӣ ва танзим месозад. Ба қавли дигар, фолклор забони хоси фарҳанги суннатӣ аст, ки аз забонҳои дигар – кандакориву нақшу нигор, иттилооти рамзӣ, ки бо олами ашё (маводи фарҳанги моддӣ) интиқол меёбад, фарқ дорад.
Истилоҳи «фолклор» аз замони ба муомилоти илмӣ даровардани он аз ҷониби Вилям Томсон дар соли 1846 то кунун маънову мазмуни ягона ва аз ҷониби ҳама олимон эътирофшударо надорад. Барои бартараф кардани ин номуайянӣ дар ҷаласаи махсус оид ба ҳифзи фолклор дар ЮНЕСКО, ки 1-уми марти соли 1985 дар Париж баргузор шуд, таърифи зерини қарордодӣ пешниҳод гардид: «Фолклор (ба маънои фарҳанги суннатии мардумӣ) эҷодиёти сар­ҷамъонаи гурӯҳҳо ва афродест, ки ба анъанаҳо асос ёфтааст ва орзуву омоли ҷомеаро ифода мекунад, таҷассуми воқеияти аслии фарҳангӣ ва иҷтимоии ин ё он мардум мебошад. Намунаҳо ва арзишҳои фолклорӣ асосан шифоҳӣ ва ё тарзу усулҳои дигар, тақлиду муроқиба интиқол меёбанд, шаклҳои фолклор – забон, адабиёти шифоҳӣ, мусиқӣ, рақс, бозиҳо, мифология, расму ойинҳо, ҳунармандиҳо, меъморӣ, инчунин дигар навҳои эҷодиёти бадеӣ ба шумор мераванд».
Фарҳанги бадеии мардумӣ гуфта, эҷодиёти шифоҳии мардумӣ, мусиқии мардумӣ, рақс, эҷодиёти декоративии дастӣ, театри фол­клорӣ ва ғайра фаҳмида мешавад. Ҷашнҳои миллии мардумӣ, маросимҳо, эҷодиёти бадеӣ аз қадимулайём арзишҳои ахлоқиву маънавӣ ва ормонҳои мардумиро ифода карда, сатҳи худшиносӣ, характер, қолабҳои рафторро бо истифодаи воситаҳои этнопедагогика муаррифӣ мекунанд. Воситаи асосии ошкор намудани аносири фарҳанги суннатӣ ва мазмуну маъноҳои гуногуни он, меъёрҳо ва арзишҳои он, бешубҳа, эҷоди бадеии­ он адибонест, ки ба осори онҳо унсурҳои муҳимми эҷодиёти бадеии­ мардумӣ ва фарҳанги суннатии мардумӣ таъсир гузоштааст. Адабиёти пурғановати форсии тоҷикӣ намунаи барҷастаи чунин таъсир гирифтанҳо аз фарҳанги мардумист.
Муҳаққиқи варзидаи адабиёт ва фолклори мардумони порсизабон И.С. Брагинский тавассути таълифоти арзишмандаш бо унвони «Из истории таджикской народной поэзии» дар омӯзиши сарчашмаҳои фолклорӣ ва мотивҳои назми мардумӣ саҳми бориз гузоштааст. Ӯ хеле аз аносири эҷодиёти бадеии мардумиро аз давраи ибтидоӣ то қарнҳои миёна мавриди таҳлил қарор дода, аз ин равзана ба осори Ибни Сино, Умари Хайём, Анварӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Камол ва Абдурраҳмони Ҷомӣ назари таҳқиқ афкандааст.
Маҳз бо ташаббуси ин олими зиндаёд гурӯҳи олимон ба ин масъала, яъне, иртиботи адабиёту фолклор, бавижа, дар насри бадеӣ шуруъ намуда буданд. Ин ҳадафро олими мазкур бо он асоснок карда буд, ки «маҳз дар асарҳои насрии афсонавӣ арзишҳои умумибашарӣ, меъёрҳои асили ахлоқӣ, орзуву омоли мардум, консепсияи халқиву гуманистии шахсият – шахсияти олиҳиммат, бо­ҷасорат, накухоҳу накукор ва инсонпарвар таҷассум ёфтаанд».
Дар таҳқиқи муаммоҳои омӯзиши анъанаҳои фолклорӣ ва фарҳанги суннатӣ саҳми олимони маъруфи тоҷик С.Айнӣ, Б. Ғафуров, А. Мирзоев, Р. Амонов, В. Асрорӣ, А. Сӯфизода, Р. Раҳмонӣ, таҳқиқоти филологии Е. Э. Бертелс, А. А. Фрейман, В. А. Лившитс, корҳои илмии муаррихону шарқшиносон А. Ю. Якубовский, С. П. Толстов, олимони кишварҳои Ғарб А. Кристенсен, Г. Нюрберг, Э. Бенвенист, В. Хеннинг, олимони иронӣ М. Баҳор ва С. Нафисӣ басо арзишманд аст.
Дар масъалаи иртиботи байниҳамдигарии адабиёт ва фолклор аз саҳми олимони маъруфи тоҷик Р. Амонов, В. Асрорӣ, Р. Раҳмонӣ, А. Сӯфизода сухан гуфтан зарур аст. Ба мушаххас намудани ҷойгоҳ ва арзиши образҳои фолклорӣ, тарзи сухани омиёна ва фразеологизмҳо, бунёди асари бадеӣ бар асоси мотивҳои фолклорӣ рисолаи доктории олими маъруф Воҳид Асрорӣ бо унвони «Фолклор ва эҷодиёти нависанда дар адабиёти шуравии тоҷик (дар мисоли эҷодиёти устодон Айниву Лоҳутӣ)» ихтисос дорад. Ин муаллиф бамаврид зикр намудааст, ки «ба эҷодиёти мардумӣ таваҷҷуҳ намудани асосгузорони адабиёти давраи нави тоҷикӣ – устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ имкон фароҳам овард, ки онҳо бо сарчашмаи ғояҳои олӣ ва санъати сухан ошно гардида, халқият ва миллияти осорашонро таъмин кунанд».
Фарҳанги бадеии мардумиро эҷодиёти шифоҳии халқ, мусиқии мардумӣ, рақс, эҷодиёти декоративии дастӣ, театри фолклорӣ ва ғайра намояндагӣ мекунанд. Маҳз ҳамин қисмати эҷоди мардумӣ дар адабиёти бадеӣ бештар мавриди корбурди адибон қарор гирифта, руҳи миллии адабиётро таъмин мекунад.
Ҳафиз РАҲМОН,

адабиётшинос

Добавить комментарий