Дар шаҳру навоҳии кишвар даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардид. Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври вилоятии озмуни мазкур дар сатҳи баланд гузашт. Дар он довталабон аз шаҳру навоҳии Хоруғ, Дарвоз, Ванҷ, Роштқалъа, Ишкошим, Рӯшон ва Мурғоб фаъолона иштирок намуданд. Дар номинатсияи адабиёти муосири тоҷик, ки раисии онро бар зимма доштам, мушоҳидаи маҳорату дониш ва қобилияти шеърдонию қироати ифоданоки осори назмӣ, мутолиаю омӯзиши асарҳои насрии нависандагони муосири тоҷик, ки дар раванди муаррифии ин осор то чӣ андоза огоҳу бархӯрдор будан аз моҳияту муҳтаво ва ғояву ҳадафҳои асарҳои хондашуда бармало гардид, хеле ҷолибу гуворо буд. Хурсандиовар он ҳолат буд, ки бахши аъзами довталабон шартҳои пешниҳодшудаи низомномаи озмунро риоя карда, бо омодагии бештар ба даври минтақавии озмун ҳозир шуданд. Дар низомномаи озмун, дар боби «Шартҳои иштирок дар озмун», аз ҷумла, зикр шудааст:
«21. Довталаби озмун ба рӯйхати китобҳои хондашуда асарҳоеро бояд пешниҳод намояд, ки аз доираи китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ берун бошанд.
22. Дар вақти холгузорӣ ба миқдори асарҳои хондашуда, мухтасарбаёнӣ, дарки мазмуну муҳтавои асар, хониши ифоданок, шарҳу тавзеҳи калимаҳо бартарӣ дода мешавад. Довталаби озмун ба ҳайати ҳакамон маҳорату малака, қобилияти хондан ва аз худ кардани осори адибонро пешниҳод менамояд».
Аз ин нуқтаи назар, агар ба раванди муаррифии маҳорату дониши довталабон бингарем, онҳо то ҷое ин шарту талаботро иҷро намуданд. Аз ҷумла, дар гурӯҳи хонандагони синфҳои 1-4-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандаи синфи 1-и МТМУ №4 Рабонӣ Ватанзода ва хонандаи синфи 2-и мактаби номбурда аз ноҳияи Дарвоз Зуҳал Ватанзода ашъори зиёди шоирони муосири тоҷикро хеле ҷаззобу шево азёд гуфтанд. Тарзу шеваи баёни ифоданок, оҳанги талаффуз, мавқеи ист (пауза) ва риояи зада дар ҳиҷои калимот мувофиқи мақсад буд. Ин ду довталаб, ки апаву бародар аз як хонадонанд, бо ҳидояту роҳнамоии падарашон, ки худ дар даври ниҳоии озмуни мазкур соли гузашта пирӯзӣ ба даст овардааст, бо омодагии комилу ҳамаҷониба ба даври сеюм ҳозир шуданд. Бахусус, З. Ватанзода дар баробари ҳифзи шеъру достонҳо, осори насрии муайянеро низ мутолиа кардааст. Ӯ дар рафти озмун аз саволҳое, ки дар боби он ҳикояву қисса ва романҳо пешниҳод гардида буданд, посухҳои мушаххас дод. Вақте ки хонандагони синфҳои 1-2 бо чунин шавқу шӯр ва эҳсоси воло, маҳорати хуби шеърхонӣ ва шумори зиёди асарҳои насрии мутолиакардаашро муаррифӣ мекунанд, боиси хушнудист.
Бояд зикр намуд, ки қобилияти довталабон дар дарку фаҳми шеър ва жанрҳои лирикӣ нисбат ба асарҳои насрӣ бештару беҳтар ба назар мерасид. Бахусус, довталабон Давлатмо Назарбекова – хонандаи мактаби №8, Азатмо Шодмонхонова – хонандаи мактаби №20 ва Фарзона Хуморикова – хонандаи мактаби №4-и ноҳияи Шуғнон ва Зулҳиҷа Муллоева – хонандаи мактаби №4-и ноҳияи Ванҷ малакаю дониши амиқ нишон дода, дар гурӯҳи хонандагони синфҳои 1-4 пирӯз дониста шуданд. Дар байни довталабон аз гурӯҳи хонандагони синфҳои 5-11, ҳам дар ҳифзу қироати ашъори шоирони муосир, ҳам дар таҳлилу баррасии ғояву муҳтавои осори насрӣ ва ҳам маънидоди луғату вожаҳои душворфаҳм хонандаи мактаби №9-и ноҳияи Ванҷ Румайса Саидаҳмадова ва довталаб аз мактаби №13-и ноҳияи Роштқалъа Субҳона Карамалиева пешгом буда, ҷойи аввалро соҳиб гардиданд. Мутаассифона, аз гурӯҳи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъдидипломӣ (магистрҳо, аспирантҳо ва докторантҳо) ва гурӯҳи омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмию эҷодии фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун якнафарӣ иштирок намуданд, ки ин теъдод кам аст. Донишҷӯйи ДДХ ба номи М. Назаршоев Шаҳноза Толибшоева ва ҳамшираи шафқат аз ноҳияи Рӯшон Наргиса Алидӯстова чун намояндаи ин гурӯҳҳо ба гирифтани ҷойи сеюм ноил гардиданд.
Бояд қайд кард, ки ҳангоми иҷрои талаботу шартҳои озмун довталабон саъйю кӯшиши зиёд намуданд, ки маҳорату лаёқати беҳтар нишон диҳанд. Дар зимн, баъзе камбудию норасоиҳоро, ки аз мушоҳидаҳои мо бармеоянд, хотиррасон намудан аз фоида холӣ нест. Қабл аз ҳама, таъкид бояд кард, ки ҳангоми қироати шеърҳо бархе аз довталабон ба саросемагию шитобкорӣ ва дар талаффузи калимаҳо ба ғалатҳо роҳ медоданд. Гурӯҳе вақти азёд гуфтани шеърҳо аз рӯйи рӯйхати пешниҳодкардаи худ баъзе ашъори шоиронро қироат накарда, изҳор медоштанд, ки аз ин шоир шеър аз бар накардаанд. Аксар хонандагон дар маънидоду тафсири калимаю луғатҳои душворфаҳм мушкилӣ мекашиданду дармемонданд. Гоҳо ҳангоми қироати шеърҳо тартибу муназзамӣ дар рӯйхати довталабон дида намешуд, шоирон ва ашъори онҳо пешу қафо оварда шудаву шеърҳои каммоҳияти шоирони ба хонанда ноошно низ пешниҳод мегардиданд. Норасоии ба назар намоён мутолиаи ками осори насрӣ аз ҷониби довталабон маҳсуб меёфт. Баъзеҳо дар рӯйхат тақрибан тамоми асарҳои тавсияшударо сабт намудаанд, аммо вақти саволу ҷавоб аз шумори зиёди он асарҳо иттилои комил надоштанд. Дар умум, дар самти мутолиаи осори насрӣ, нақли муҳтавою сюжети ҳикоёту қисса ва романҳо довталабон маҳорату дониши нокифоя нишон доданд. Иддае аз довталабон дар тафсиру маънидоди луғату вожаҳо душворӣ мекашиданд. Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки барои минбаъд омӯзгорону устодон хонандагонеро, ки дар озмуни мазкур хоҳиши иштирок кардан доранд, ҳамаҷониба омода намуда, норасоиҳои дар боло зикршударо дар меҳвари кори худ қарор дода, ба рушду ташаккули қобилияти шогирдони худ мусоидат кунанд. Роҳбарони синфҳо низ дар ҳамкорӣ бо китобдорони муассисаҳои таълимӣ дар заминаи асарҳои ба озмун пешниҳодшуда хонандагонро бояд ба омӯзишу мутолиа ҷиддан ҷалб намоянд. Мусаллам аст, ки мутолиаи осори бадеӣ дар озмун озод ва бо салоҳдиду хоҳиши довталаб сурат мегирад. Аммо ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки аз осори насрию назмии саромадони адабиёт (чи ҷаҳон, чи классикӣ ва чи муосири тоҷик), даст кашида, миқдори каме аз ин асарҳоро мутолиа кард.
Ҳамин тавр, озмуни даври вилоятӣ ҷамъбаст гардид ва 74 нафар довталаб ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфтанд.
Шодӣ РАҶАБЗОД,