…З-ин рӯ, бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим!

Сарсухан

Шеър дар фарҳанги тоҷик на танҳо василаи бадеии дарки зебоӣ, балки минбаре барои ифодаи ақидаҳои иҷтимоӣ ва фалсафӣ мебошад. Хоса, вақте шоир ба мавзуи омӯзгор ва нақши ӯ дар ҳаёти ҷомеа рӯ меорад, мавзуъ аз доираи шахсӣ ва маҳдуд мебарояд ва ҷанбаи иҷтимоиро доро мегардад. Шеъри «Муаллим»-и Боқӣ Раҳимзода маҳз аз ҳамин қабил намунаи эҷоди бадеист: дар зоҳир тараннуми шахсияти омӯзгор, вале дар асл як эъломияи фалсафии рисолати муаллим дар ҳаёти ҷомеа ва миллат мебошад.
Ба ибораи дигар, дар зери ҳар мисраъ ва байт фалсафае ниҳон аст, ки робитаи инсону дониш, падару фарзанд, маърифат ва ҷомеаро ба ҳам мепайвандад. Агар мо ба ин шеър танҳо бо диди зебоӣ ва ҳунар назар кунем, мафтун мешавем, вале агар онро аз равзанаи фалсафӣ мавриди андеша қарор бидиҳем, ғояву муҳтаво ва ҳадафи он густарда мегардад: муаллим на танҳо як шахси соҳибпеша, балки меҳвари ҳастӣ ва қаҳрамони маънавии ҷомеа маҳсуб меёбад.
Муаллим – падар ва роҳбар
Муаллим дар зиндагии ҳар инсон ҷойгоҳи падари маънавиро дорост. Агар падар аз ҷиҳати биологӣ инсонро ба дунё оварад, муаллим бо роҳи маънавӣ ва тарбияи ахлоқӣ ӯро аз зулмату нодонӣ ба ҷаҳони босафою рӯшани фазлу хирад роҳнамо мегардад. Аз ҳамин ҷост, ки шоир муаллимро «мисли падар» мехонад.
Ин ташбеҳи амиқ ва бардошт аз таҷрибаи зиндагист. Падар – рамзи офаридан, муҳофизат ва роҳнамоӣ, муаллим – такомулбахши олами маъ­навӣ, муҳофизи арзишҳо ва ҳидоятгари ташаккули андеша. Дар фалсафаи тарбия, аз Арасту то имрӯз, ин назар вуҷуд дорад, ки омӯзгор шахсияти дуюм чун падар барои шогирд мебошад.
Муаллим дар таҳаввули насле саҳмгузор аст, ки аз падар ҳам пойдортар аст: ӯ на хуни фарзандро, балки руҳу маърифаташро идома медиҳад. Агар падар пайванди хунӣ бо писар дошта бошад, пас муаллим маърифати фардро парвариш медиҳад. Ҳамин аст, ки Б. Раҳимзода ӯро «дар олами маонӣ роҳбар» меномад. Роҳбаре, ки роҳнамои наслҳо ба ҷаҳони маърифат ва ахлоқ аст.
Ин ташбеҳ ба падар ва роҳбар будани муаллим, ҳам­замон, рамзи масъулият аст: агар падар масъули як хонавода бошад, муаллим масъули даҳҳо ва садҳо оила аст. Ӯ на танҳо дониш, балки ахлоқ ва ҷаҳонбинии дурустро бояд дар зеҳни шогирд ҷой диҳад. Ин мисраъ далели гуфтаҳост:
З-ин рӯ, бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим,
Дар олами маонӣ ҳам роҳбар, муаллим.
Сафари маънавӣ: аз ҳарфи аввал то ҷаҳонбинӣ
Маърифати инсон аз ҳарфи аввал оғоз меёбад. Вақте ки кӯдак ҳарфи дурустро мехонад, дар асл ба сӯйи олам қадам мегузорад. Муаллим он лаҳзаро, ки инсон аз ҷаҳли содиқона ба омӯзиш ва азхуд кардани дониш рӯ меорад, раҳнамоӣ мекунад.
Шоир бо эҳсос мегӯяд: «Ҳарфе дуруст хондам, аз шавқ медамидӣ». Ин ба он маъност, ки муаллим бо шодии шогирд шарик аст ва ҳар комёбии хурдро дар зиндагияш ҳамчун тантана меҳисобад. Вақте навиштаи шогирд ноқис буд, муаллим «метапид», яъне, бо ҳама вуҷудаш ғамхорӣ мекард, то аз қавле, «дасти ӯро рост кунад».
Ин як масъалаи фалсафист, ки тавъам бо таҷрибаи зиндагӣ ва рухдодҳои иҷтимоист: оё дониш бе меҳр метавонад рушду ташаккул ёбад? Шоир ҷавоби рад медиҳад. Муаллим барои шогирд на танҳо мураббӣ, балки шарики эҳсос ва илҳомбахши руҳи ӯст.
Дар ин банд, образи «бори гарони меҳнат» низ ба миён меояд. Ин бори маънавӣ аст, ки бар дӯши муаллим аст: ӯ на танҳо масъули як синф, балки масъули ояндаи ҷомеа мебошад. Шоир мегӯяд:
Ҳарфе дуруст хондам, аз шавқ медамидӣ,
Ноқис, ки менавиштам, бар хеш метапидӣ,
То сарбаланд бошам, бисёр сар хамидӣ,
Бори гарони меҳнат бар дӯши худ кашидӣ.
З-ин рӯ, бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим,
Дар олами маонӣ ҳам роҳбар, муаллим.
Фалсафаи гуфтугӯ ва орзу
Яке аз неъматҳои бузург, ки муаллим ба инсон медиҳад, маданияти гуфтугӯст. Гуфтугӯ танҳо воситаи табодули маълумот нест, балки пояи фарҳанги ҷомеа аст. Дар таълимоти Юрген Ҳабермас-философи олмон гуфтугӯ замина ва бақои демократияву иҷтимоъ шумурда мешавад. Муаллим бо омӯхтани одоби гуфтугӯ ба шогирд, дар асл, ба ҷомеа хидмат мекунад.
Аз тарафи дигар, муаллим «дунёи орзу»-и шогирдро мекушояд. Орзу неруи пешбарандаи инсоният ва ҷомеа ба шумор меравад. Бе орзу зиндагӣ моҳияти худро гум мекунад. Муаллим орзуро бо маърифат пайванд медиҳад ва онро ба сӯйи ҳадафҳои бузург мебарад. Ин ҷо ду мафҳум ҳаст.
1. Гуфтугӯ пояи тамаддун аст. Бе гуфтугӯ ҷомеа вуҷуд дошта наметавонад. Омӯзгор на танҳо дониш медиҳад, балки маданияти гуфтору шуниданро низ ба шогирд меомӯзад.
2. Орзу неруи пешбаранда аст. Он танҳо хаёл нест, балки ба василаи ҷаҳду талош ва саъйю кӯшиш ба ҳадафҳои ниҳоии худ расидани инсоният аст. Муаллим орзуҳоро ба воқеият мепайвандад.
Яъне, дар ин ҷо рамзи фалсафӣ ин аст: гуфтугӯ восита аст, орзу ҳадаф. Муаллим ин ҳарду омилро ба шогирд меомӯзонад. Чунонки Б. Раҳимзода дар идомаи шеър мегӯяд:
Омӯхта бароям одоби гуфтугӯро,
Во карда пеши чашмам дунёи орзуро,
Суде барои мардум бахшанда бин Амуро,
Дар роҳи бахтёбӣ маънои ҷустуҷӯро.
З-ин рӯ, бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим,
Дар олами маонӣ ҳам роҳбар, муаллим.
Баъд аз дониш – ҳунар ва ахлоқ
Шоир таълимро ба дониш андӯхтан маҳдуд намекунад. Муаллим насиҳат мекунад: «боҳунар шав», «бо дониши замон баҳравар шав». Ин як фалсафаи бузург аст: дониш танҳо вақте арзишманд аст, ки ба амал табдил ёбад.
Дар фалсафаи Ибни Сино, ҳунар ба маънои «санъат» мебошад, ки натиҷаи дониш ва амал аст. Муаллим мехоҳад, ки шогирд аз дониши замона баҳра бардорад ва онро ба хидмати халқ ва кишвар гузорад.
Ин ҷо масъалаи ахлоқӣ пеш меояд: илму дониш агар ба ҷомеа хидмат накунад, маънои воқеии худ­ро аз даст медиҳад. Муаллим ҳамин масъулиятро ба шогирд месупорад, ки «фарзанди номвар» гардад ва дар ҳифзи халқу кишвар саҳмгузор шавад. Ба ибораи дигар, фалсафаи ахлоқ низ дар ҳамин зуҳур мекунад: дониш бояд ба халқу кишвар хидмат кунад ва муаллим ин масъулиятро ба шогирд месупорад:
Дар гиру дори ҳастӣ, гуфтӣ, ки боҳунар шав,
Бар авҷ сар кашидӣ, аз қаър бохабар шав,
Аз дониши замонат пайваста баҳравар шав,
Дар ҳифзи халқу кишвар фарзанди номвар шав.
З-ин рӯ, бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим,
Дар олами маонӣ ҳам роҳбар, муаллим.
Масъулияти таърихӣ ва миллӣ
Шоир дар мисраъҳои баъдӣ масъулияти бузурги муаллимро таъкид мекунад: «Тақдири насли миллат бар зиммаи ту бор аст». Ин гуфта як огоҳии фалсафӣ аст: миллат танҳо бо иқтисод ва сиёсат зинда намемонад, балки асоси бақои миллат маърифат аст ва масъули ин маърифат муаллим мебошад.
Аз таърих огаҳем, ки дар ҳар кишвару мамолике омӯзгор қадр дидааст, миллат ба қуллаи тамаддун расидааст. Ва ҳар куҷо омӯзгор хор шудааст, ҷомеа ба таназзул мувоҷеҳ гардидааст. Аз ҳамин ҷост, ки шоир мегӯяд: «З-ин бештар ба дунё дигар чӣ эътибор аст?»
Муаллим вақте бахтиёр аст, ки шогирди бовафояш ба халқу миллат хидмат ва бо ифтихор номи ӯро ёд кунад. Моҳияти ин амал ба безаволии ғояи эҳтироми омӯзгор аз ҷониби шогирдон далолат мекунад: муаллим орзуяшро дар шогирд мебинад, шогирд орзуяшро дар миллат идома медиҳад.
Ҳамин аст, ки шеъри шодравон Б. Раҳимзода дар асл дорои оҳанги иҷтимоиву фалсафист. Яъне, омӯз­гор на танҳо шахсест сабақомӯз, ки аз рӯйи ин пеша зиндагӣ мекунад, балки пояи ҳастии миллат аст.
Тақдири насли миллат бар зиммаи ту бор аст,
З-ин бештар ба дунё дигар чӣ эътибор аст?
Омӯзгор он гаҳ мамнуну бахтёр аст,
Шогирди бовафояш бар халқ ифтихор аст.
З-ин рӯ, бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим,
Дар олами маонӣ ҳам роҳбар, муаллим.
Муаллим ҳамчун рамзи умумибашарӣ
Гарчанде шеър ба забони тоҷикӣ ва бо рӯйкарди миллӣ гуфта шудааст, паёми он умумибашарист. Дар ҳар як тамаддун омӯзгор рамзи муқаддас аст. Конфутсий омӯзгорро сутуни давлат медонист. Суқрот худро хидматгори маърифат мешуморид. Дар олами ислом муаллим «падари маънавӣ» шумурда шудааст.
Боқӣ Раҳимзода низ ин анъанаро идома медиҳад: омӯзгорро ба қуллаи маънавӣ мерасонад ва ӯро дар ҳамон сатҳе мегузорад, ки инсоният ба василаи ранҷу заҳмати вай комил мегардад.
Муаллим рамзи умумибашарист, ки ба ҳар миллат ҳувият ва ба ҳар инсон моҳияти худшиносиро талқин мекунад. Кореро анҷом медиҳад, ки як падар ва як роҳбар бояд анҷом диҳад.
З-ин рӯ, бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим,
Дар олами маонӣ ҳам роҳбар, муаллим.
Хулоса
Шеъри «Муаллим»-и Боқӣ Раҳимзода зоҳиран тараннуму ситоиши омӯзгор аст, аммо дар асл як асари пурмазмуни фалсафӣ мебошад. Шоир дар ҳар мисраъ моҳияту мафҳумҳои робитаи падарӣ, масъулият, орзу, гуфтугӯ, дониш, ҳунар ва рушди миллатро ба муаллим нисбат медиҳад.
Муаллим дар ин шеър падари маънавӣ, роҳнамои ахлоқ, омӯзандаи сухану муошират, тарғибгари ҳунар, меъмори миллат ва ниҳоят, рамзи умумибашарӣ мебошад.
Аз ҳамин дидгоҳ, шеъри мазкур на танҳо як матни бадеӣ, балки як лавҳаи фалсафии иҷтимоӣ аст, ки дар он рисолати омӯзгор ҳамчун пояи бақою ҳастии инсон ва миллат таъкид мешавад.
Эҳсон Сафарзода,

«Омӯзгор»

Добавить комментарий