Дар луғати тафсирии «Фарҳанги забони тоҷикӣ» калимаи «омӯзгор» ҳамчун «ёддиҳанда чизеро ба касе, муаллим, дарсгӯй, устод, донишёр» тавсиф дода шудааст. Дуруст аст, ки омӯзгор, пеш аз ҳама, дарсдиҳанда ва омӯзонанда ба шумор меравад.
Мутафаккири барҷастаи Шарқ Закариёи Розӣ асрҳо пеш ба саволи муаллим кист, чунин ҷавоб дода буд: «Муаллим кӣ бошад? Ӯ касест, ки ақлҳоро бедор месозад ва зеҳнҳоро ба роҳи дуруст ҳидоят мекунад». Аз ин гуфтаи мутафаккир ба хулоса омада, метавон гуфт, ки омӯзгор танҳо дониши тайёрро намедиҳад, балки инсонро ба андеша кардан водор месозад. Ӯ ақлро бедор мекунад ва тафаккурро рушд медиҳад. Яъне, рисолати омӯзгор асрҳо пеш низ маҳз ташаккули зеҳни донишомӯзон будааст.
Мутаассифона, дар ҷомеаи кунунӣ бар он ақидаанд, ки омӯзгор танҳо онест, ки хондану навиштанро меомӯзонад. Иқтифо кардан ба ин чанд ҷумла аслан хатои маҳз аст ва ҳеҷ наметавонад, ки мафҳуми омӯзгорро ба пуррагӣ ифода намояд. Ба андешаи ин ҷониб, рисолати муаллим, пеш аз ҳама, инсон буданро омӯзонидан мебошад. Ин ақидаро метавон бо суханҳои файласуфи машҳури фаронсавӣ Жан Жак Руссо тақвият бахшид: «Муаллим бояд на танҳо ба хондану навиштан, балки одам буданро омӯзонад.
Одам будан ин дарк намудани амри ҳастии худ ва соҳиб будан ба мавқеи муайян дар ҷомеа мебошад. Омӯзгор чароғе мебошад, ки роҳи инсонҳоро равшан месозад. Омӯзгор дар баробари нишон додани саводи хату хониш, ба шогирдони худ тарзи дурусти рафтору гуфтор ва рисолати зиндагиро меомӯзонад. Омӯзгор ҳастии худро дар тарбияи шогирдонаш фидо месозад, то ояндаи давлату миллатро тавассути ин фидокорӣ равшан созад. Алломаи Шарқ Абуалӣ ибни Сино ин нуқтаро возеҳу равшан баён кардааст: «Касе, ки ба мардум илм меомӯзад, мисли он аст, ки чароғе равшан мекунад, то дигарон роҳ ёбанд». Дар таърихи тоҷикон ҳамеша омӯзгорон мардумро ба маърифат роҳнамоӣ кардаанд ва имрӯз низ ин рисолати басо пуршараф, вале душвору сангини худро бомуваффақона идома дода истодаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати Рӯзи дониш (30-юми августи соли равон) дар васфи омӯзгорон чунин таъкид карданд: «Омӯзгор шаъну шарафи миллат аст ва имрӯзу фардои ҳар як кишвар ва ҷомеа аз сатҳи маърифат ва фаъолияти ӯ вобастагии калон дорад». Албатта, чунин баҳогузории Сарвари давлат ба омӯзгорон боиси ифтихору сарфарозист.
Дар замони муосир миллат маҳз бо фарҳанг, илм ва маърифат зинда мемонад. Агар миллат олимон, донишмандон ва муаллимони арзанда дошта бошад, фарҳангу ҳувиятро аз насл ба насл интиқол медиҳанд. Пешрафти иқтисодӣ, сиёсат, илм ва фарҳанги ҳар кишвар аз сатҳи маърифати шаҳрвандонаш сарчашма мегирад. Агар мардум босаводу соҳибмаърифат бошанд, кишвар рушд мекунад. Маҳатма Гандӣ, ки ҳамчун нахустмуаллими зеҳнии миллати ҳинд шинохта мешавад, дар ин маврид чунин зикр кардааст: «Муаллим на танҳо донанда, балки ҳидоятгар ва рӯшноӣ барои миллат аст». Муаллим танҳо дониш намедиҳад, балки роҳи дурусти зиндагӣ ва арзишҳои инсониро меомӯзонад.
Омӯзгор бо дарс додан ва тарбия кардан маърифатро паҳн мекунад. Ҳар қадар фаъолияти омӯзгор бавусъату пурсамар бошад, ҳамон андоза ҷомеа ба пешрафт ноил мегардад. Ҳукумати кишвар низ пайваста пайи баланд бардоштани ҷойгоҳи ин қишри ҷомеа талош намуда, аз амали ояндасози онҳо бо хушнудӣ истиқбол мегиранд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор», ҳамасола баланд бардоштани музди меҳнати омӯзгорон, фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил ва дастгирии донишҷӯёне, ки дар риштаи омӯзгорӣ таҳсил менамоянд, далели возеҳи ин ҳама гуфтаҳост.
Мавқеи омӯзгор дар тарбияи насли наврасу ҷавон аз оила ва падару модар бештар мебошад. «Омӯзгорон барои ҷомеа аз падару модар ҳам арзишмандтаранд, зеро падару модар ба мо зиндагӣ медиҳанд, аммо омӯзгорон тарзи дуруст истифода бурдани онро меомӯзонанд», — мегӯяд Арасту.
Дар ин лаҳзаҳо, ки дар арафаи таҷлили ҷашни касбии омӯзгорон – Рӯзи омӯзгорон қарор дорем, месазад бори дигар аз талошу меҳнатҳои шабонарӯзии устодони худ ёдоварӣ намоем.
Рисолати омӯзгор дар ҷомеа одӣ нест, балки вазифаест, ки сарнавишти миллат ва давлатро муайян мекунад. Ҳар қадар омӯзгорон бо садоқат фаъолият намоянд, ҳамон андоза сатҳи маърифат, ҳамбастагӣ ва пешрафти ҷомеа таъмин мегардад. Аз ин рӯ, эҳтирому арҷгузорӣ ба муаллим, натанҳо қарзи маънавӣ, балки кафолати пешрафти ҷомеа ва рушди устувори давлат аст. Пас месазад, ки мо-муаллимон минбаъд низ бо дарки ин ҳама масъулият барои пешрафти Ватани азизамон содиқона камари ҳиммат бубандем ва вазифаи хешро бо эҳсоси баланди ватандӯстона анҷом диҳем.
Зулфия ХОЛМУРОДОВА,
омӯзгор, мудири китобхонаи МТМУ №72-и шаҳри Панҷакент













