Марҳалаҳои рушди забони тоҷикӣ

Ҳарчанд забон яке аз рукнҳои муҳимми давлат, шиносномаи миллат ва сарчашмаи боэътимоди омӯзиши таъриху фарҳанг маҳсуб мешавад, дар ҳама давру замон ниёз ба ғамхориву пуштибонӣ доштааст. Таърих забонҳои зиёдеро дар хотир дорад, ки дар арсаи ҳастӣ ҷойи худро тиҳӣ гузошта, ба дасти фаромӯшӣ супурда шудаанд.

Яке аз сабабҳои асосии ташаккул ва таназзули забонҳо сиёсати зимомдорони давр нисбат ба забон мебошад. Чунончи, вақте хонадони Сомониён ба қудрат расид, забони тоҷикӣ хеле нашъунамо ёфт ва бар тахт нишаст. Дар давраи ҳокимияти Шуравӣ забони тоҷикиро аз мақоми таърихии худ барканор намуда, чунон вонамуд мекарданд, ки имкониятҳои ин забон барои таълифи осори илмӣ басанда нест. Ин ҳам дар ҳолест, ки забони тоҷикӣ дорои услуби беш аз ҳазорсолаи илмӣ мебошад.
Дуруст аст, ки соли 1989 бо талоши як идда фарзандони фарзонаи миллат ба забони тоҷикӣ расман мақоми давлатӣ дода шуд, вале бо сабабҳои мухталиф на ҳамаи талаботи дар қонун инъикосшуда ба таври дилхоҳ раҳандозӣ шуданд.
Чунонки ба ҳамагон равшан аст, соли 1991 дар таърихи миллати тоҷик дигаргунии куллӣ ба вуҷуд омад ва тоҷикон ба истиқлоли комили сиёсиву фарҳангӣ ва забонӣ расиданд. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷумҳурӣ ба гирдоби даргириҳои сиёсӣ афтид ва неруи асосӣ ба рафъи оқибатҳои он равона шуд, аммо баъди баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ кишвар ба як марҳалаи комилан нав ворид шуд ва дар тамоми сохтору бахшҳо дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омаданд, ки дар ин миён забони тоҷикиро низ наметавон мустасно шумурд.
Бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2008 «Соли бузургдошти забони тоҷикӣ» эълон гардида, бо туфайли он барои тавсеаи бештари ин рукни ҳастии миллат заминаҳои мусоид фароҳам омаданд ва корҳои амалии зиёд барои густариши он ба анҷом расонида шуданд.
Ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2009-ро метавон як марҳалаи дигар дар тавсеа пайдо кардани забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ қаламдод намуд.
Таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳот дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон як марҳалаи муҳим дар рушди забони тоҷикии адабӣ, ба вижа, дар бахши истилоҳоти илмиву тахассусӣ номид.
Андешидани чораи зарурӣ дар марҳалаи дигари ташаккули забон боз як тадбири муҳим баҳри арҷгузорӣ ва рушди забони тоҷикӣ таҳия ва тасдиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» мебошад.
Ҷиҳати амалӣ намудани қарори мазкур дар кишвар корҳои зиёд ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин замина барои солҳои 2012-2016 нақшаи муфассалеро тартиб дода, мувофиқи он корҳои зиёдеро ба анҷом расонид.
Таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ ба забони давлатӣ барои ихтисосҳои ғайрифилологӣ, омода кардани муаллимони фанни забони давлатӣ барои мактабҳои ғайритоҷикӣ аз ҳисоби намояндагони ин забонҳо, таъсиси барномаҳои телевизионии омӯзиши забони тоҷикӣ барои кӯдакону наврасон, таҳияи маводи аудиоию видеоӣ барои омӯзиши забони давлатӣ дар низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилот, таҳия ва нашри фарҳангномаҳои мухтасари дузабона барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, андешидани чораҳои мушаххас барои баланд бардоштани дараҷаи таълими забони тоҷикӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ аз ҷумлаи тадбирҳоеанд, ки бо ҳадафи такомулу густариши забони тоҷикӣ амалӣ карда шуданд.
Дар баробари марҳалаҳои зикргардида, ҳамчунин, аз минбари бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид борҳо су­ханронӣ намудани Президенти кишвар бо забони тоҷикӣ яке аз омилҳои муҳимми бештар эътиборманд гардидани он дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидани Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 тадбири хеле муҳим дар тавсеа ва такомули забони тоҷикӣ ба шумор меравад. Барномаи мазкур ҳадаф, вазифа, самтҳои асосӣ, усулҳои татбиқ ва натиҷаҳои ниҳоии амалисозии сиёсати давлатиро оид ба забон муайян, муқаррароти Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии ҶТ» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқиро татбиқ намуда, ба ташаккули забони илм, рушди истилоҳоти тахассусӣ, таҳияи дастурҳо, эҳёи номҳои миллӣ ва номвожаҳои ҷуғрофӣ мусоидат мекунад.
Ҳамин тавр, дар давраи соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ ҳамаҷониба густариш ёфт.
Абдуманнон Одинаев,
номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Добавить комментарий