Дар замони ҷаҳонишавӣ омӯзиши донишҳои муосир аз муҳимтарин масъалаҳо ба ҳисоб меравад. Таҳлили вазъи кишварҳои пешрафта нишон медиҳад, ки маҳз таваҷҷуҳ ба соҳаҳои илму маориф метавонад ҷомеаро ба марҳалаи нави рушд ворид намояд. Технология дар замони муосир имкониятҳои фаровонеро фароҳам овардааст, ки ин ҳама ба пешрафти кишварҳо мусоидат мекунанд. Аз ин рӯ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маориф соҳаи афзалиятнок эълон гардида, дар ин самт корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд ва ин таваҷҷуҳ имкон медиҳад, ки насли созандаву бунёдкор ва ихтироъкор ба камол расад.
Дар суханрониҳо ва Паёмҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои илму маориф ҳамеша дар меҳвар қарор дошта, вазифаҳои мушаххас ҷиҳати рушди соҳа ба миён гузошта мешаванд. Сарвари кишвар дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ (16 декабри соли 2025) таъкид намудаанд: «Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад».
Мусаллам аст, ки тамоми талошҳои Ҳукумати кишвар ба он равона гардидаанд, ки насли наврасу ҷавон ба таври шоиста ба камол расанд. Дар ин замина, таваҷҷуҳ ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Аз оғози амалисозии ин ташаббус чанд сол сипарӣ гардида, дар муассисаҳои таълимии кишвар корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Дар доираи иқдоми Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаҳои илму маориф муассисаҳои таълимӣ тадриҷан бо таҷҳизоти муосир ва технологияҳои навин таъмин гардида, раванди таълим ба талаботи замон мутобиқ карда мешавад. Ҳамзамон, масъулияти омӯзгорон низ бештар гардидааст, зеро дар ҷаҳони муосир танҳо он нафароне муваффақ мегарданд, ки дорои донишҳои фарогири технологиву дақиқ бошанд.
Ман ҳамчун омӯзгори физика кӯшиш менамоям, ки тавассути истифодаи усулҳои муосири таълим шавқу рағбати хонандагонро ба омӯзиши ин фан бештар намоям. Хушбахтона, таваҷҷуҳи хонандагон ба омӯзиши физика пайваста меафзояд ва онҳо талош мекунанд, ки мавзуъҳоро ба таври амиқ аз худ намоянд.
Ин ҳама нишон медиҳад, ки тадбирҳои давлатӣ самараи хуб медиҳанд ва хонандагон дарк намудаанд, ки омӯзиши фанҳои дақиқ калиди муваффақият ва ноил шудан ба дастовардҳои бузург мебошад. Дар баробари ин, мо – омӯзгоронро зарур аст, ки масъулияти худро боз ҳам бештар намуда, дар тарбияи шогирдони соҳибмаърифат, дорои ҷаҳонбинии васеъ ва ихтироъкору навовар саҳми арзанда гузорем.
Дилором АБДУРАҲИМОВА,
омӯзгори физикаи литсейи №1-и шаҳри Бӯстон













