Таҷрибаҳои шавқовари физикӣ

Таҷрибаҳои физикӣ беҳтарин васила барои бедор кардани шавқу рағбати хонандагон ба омӯзиш буда, имкон медиҳанд, ки ҳодисаҳои табиат дар амал мушоҳида карда шаванд.

Таҷрибаи 1. Ин таҷриба нишон медиҳад, ки чӣ тавр об гармиро ба худ мегирад ва маводро аз сӯхтан муҳофизат мекунад.
Лавозимот: Ду адад пуфак, об, шамъ ва гӯгирд.
Рафти кор. Пуфаки аввалро бо ҳаво пур кунед ва онро болои шамъи фурӯзон нигоҳ доред, пуфак фавран мекафад. Ба пуфаки дуюм каме об резед ва сипас онро бо ҳаво пур карда, гиреҳ бандед. Пуфаки дорои обро оҳиста болои оташи шамъ нигоҳ доред. Шумо мебинед, ки пуфак намекафад, ҳатто агар оташ ба резинаи он расад.
Хулоса: Об қобилияти баланди гармигузаронӣ дошта, гармиро аз девори пуфак ба худ мегирад ва намегузорад, ки резина то ҳарорати обшавӣ гарм шавад.
Таҷрибаи 2. Рақси рангҳо дар шир. Ин таҷрибаи визуалӣ таъсири мутақобилаи молекулаҳо ва хосияти кашиши сатҳиро нишон медиҳад.
Лавозимот: Шири серравған, рангҳои хӯ­рок­ворӣ, моеъи зарфшӯӣ ва чӯбчаи пахтагин.
Рафти кор: Дар як табақ миқдори муайяни шир резед. Дар маркази шир чанд қатра рангҳои гуногунро илова кунед. Чӯбчаи пахтагинро ба моеъи зарфшӯӣ тар карда, ба маркази қатраҳои ранг расонед.
Хулоса: Молекулаҳои моеъи зарфшӯӣ бо молекулаҳои чарби (равғани) шир омехта шуда, реаксия ба амал меояд, ки кашиши сатҳии моеъро паст мекунанд. Ин боиси ҳаракати босуръати молекулаҳо мегардад, ки рангҳоро ба ҳар тараф паҳн карда, эффекти «рақс»-ро ба вуҷуд меоранд.
3. Тухми шинокунанда. Ин таҷриба ба қонуни Архимед ва вобастагии қувваи болобурд аз зичии моеъро нишон медиҳад.
Лавозимот: Ду зарф бо об, намак ва ду адад тухми хом.
Рафти кор: Тухмро ба зарфи аввал, ки оби одӣ дорад, андозед, тухм ба таг мешинад. Ба зарфи дуюм 4-5 қошуқ намак илова ва хуб омехта кунед. Тухми дуюмро ба оби шӯр андозед, он дар рӯйи об шино мекунад.
Хулоса: Илова кардани намак зичии обро зиёд мекунад. Вақте ки зичии моеъ аз зичии ҷисм (тухм) бештар мешавад, мувофиқи қонуни Архимед, қувваи болобурд афзоиш ёфта, ҷисмро дар сатҳи моеъ нигоҳ медорад.
Ин таҷрибаҳо ба муаллимон ва хонандагон имкон медиҳанд, ки мафҳумҳои асосии физикиро ба таври сода ва хотирмон аз худ кунанд.
Фарзонахон ИБРОҲИМОВА,

омӯзгори физикаи муассисаи таълимии ғайридавлатии литсейи «Гулчини маърифат» дар шаҳри Хуҷанд

Добавить комментарий