Вақт аз ҷумлаи муҳимтарин шаклҳои ҳастӣ ба шумор меравад. Ҳисоби вақт аз замонҳои қадим дар раванди рушди тамаддуни инсонӣ қадам ба қадам ба вуҷуд омада, аз таҷрибаю мушоҳидаҳои одамон аз табиат оғоз ёфтааст.
Одамон дар ибтидо вақтро аз рӯйи ҳаракати Офтоб, Моҳ ва ситораҳо муайян мекарданд. Яъне, рӯз аз тулуи Офтоб то ғуруби он, моҳ аз давраи пурраи гардиши Моҳ ва сол аз давраи пурраи гардиши Замин дар атрофи Офтоб муайян карда мешуд. Дар ин давра яке аз нахустин воҳидҳои ченаки вақт шабонарӯз ба ҳисоб мерафт. Шабонарӯз вақти гардиши Замин дар гирди тири худ мебошад. Яъне, ҳолате ки дар муддати он ҷирмҳои осмонӣ, ба монанди офтоб дар нуқтаи фазоии уфуқ пайдо гардида, заминро давр зада баромада, боз ба ҳамон нуқтаи худ бармегардад. Тақсимбандии шабонарӯз ба ду қисм – шаб ва рӯз муқаррар намудани ин порчаи вақтро осон менамуд. Дар байни халқҳои гуногун замони иваз гардидани шабонарӯз бо иваз гардидани шаб ва рӯз алоқаманд буд. Дар ин давра калимаи шабонарӯз ба маънои ба ҳам пайваст намудани ду қисмат, яъне, шаб бо рӯз, равшан ва торик фаҳмида мешуд.
Пас аз паҳн шудани ислом дар Мовароуннаҳр, номгузории рӯзҳо тағйир ёфт. Калимаи шанбе аз вожаи ибронии «Шаббат» (Sabbath) гирифта шуда, маънояш «истироҳат» аст. Тоҷикон ба ин калима шумораҳои форсиро илова карданд (якшанбе, душанбе ва ғайра). Рӯзи ҷумъа (аз арабии «ҷамаъа» ҷамъ шудан) қаблан «Одина» ном дошт, ки аз вожаи паҳлавии «адин» (рӯзи истироҳат) сарчашма мегирад.
Бо мурури замон, танҳо мушоҳидаи ҷирмҳои осмонӣ барои ниёзҳои дақиқи инсон кофӣ набуд. Аз ин рӯ, инсоният ба ихтирои дастгоҳҳои махсус шуруъ кард. Нахустин соатҳо сояафкан ё соатҳои офтобӣ буданд, ки замони рӯзро вобаста ба дарозии соя муайян мекарданд. Аммо ин дастгоҳҳо як камбудии ҷиддӣ доштанд: дар шаб ва ё дар ҳавои абрнок кор намекарданд.
Баъдан соатҳои регӣ ва оташӣ (шамъӣ) ба вуҷуд омаданд, ки имкон медоданд, фосилаҳои муайяни вақтро, новобаста аз обу ҳаво, чен кунанд. Махсусан, дар асрҳои миёна соатҳои оташӣ дар Аврупо ва Чин васеъ истифода мешуданд.
Дар асри XIV дар Аврупо аввалин соатҳои калони механикӣ пайдо шуданд, ки дар манораҳои шаҳр ва калисоҳо насб мегардиданд. Ин соатҳо ҳанӯз ақрабчаи дақиқашумор надоштанд ва танҳо вақтро нишон медоданд. Танҳо пас аз кашфиёти Кристиан Гюйгенс дар асри XVII, ки раққосакро ҳамчун танзимкунандаи ҳаракат истифода бурд, соатҳо дақиқ шуданд ва сонияшумор ба онҳо илова гардид.
Ченакҳои вақт – сол ва шабонарӯзро аз табиат гирифтаанд. Соат, дақиқа ва сонияро одамон фикр кардаанд.
1 сол = 365 шабонарӯзу 5 соату 48 дақиқаю 46 сония буда, ин даври пурраи Замин дар гирди Офтоб аст.
Баъдтар талабот ба ҳисоби муайяни вақти дарозмуҳлат зиёд гардид.
Вақте ки ниёзи инсон аз доираи шабонарӯз ва ҳафта берун шуд, зарурати пайдоиши тақвим ба миён омад. Тақвим (календар) низоми ҳисоби фосилаҳои калони вақт мебошад, ки дар асоси даврияти ҳаракати ҷирмҳои осмонӣ (Офтоб ва Моҳ) тартиб дода шудааст.
Дар таърихи тамаддун се намуди асосии тақвим мавҷуд аст.
Тақвими қамарӣ (моҳӣ): дар асоси тағйирёбии фазаҳои Моҳ сохта шудааст. Як моҳи қамарӣ тақрибан 29,5 шабонарӯзро ташкил медиҳад. Ин намуди тақвим дар Шарқи Қадим ва имрӯз дар ҷаҳони ислом васеъ истифода мешавад.
Тақвими шамсӣ (офтобӣ): Дар асоси гардиши Замин дар атрофи Офтоб (сол) тартиб ёфтааст.
Тақвими қамарӣ-шамсӣ: кӯшиши мувофиқ кардани давраҳои Моҳ бо фаслҳои сол (масалан, тақвими яҳудӣ ё чинӣ).
Дар Аврупо яке аз тақвимҳои машҳур тақвими Юлий буд, ки соли 46 то мелод бо фармони Юлий Сезар ҷорӣ карда шуд. Дар ин тақвим дарозии сол 365,25 шабонарӯз ҳисоб мешуд. Аммо ин ҳисоб нисбат ба соли астрономӣ 11 дақиқаю 14 сония зиёд буд, ки дар натиҷа дар ҳар 128 сол як шабонарӯз хатоӣ ба вуҷуд меомад.
Барои ислоҳи ин хатоӣ, соли 1582 бо ташаббуси Попи Рум Григорийи XIII тақвими Григорий (услуби нав) ҷорӣ шуд, ки имрӯз аксарияти кишварҳои ҷаҳон аз он истифода мебаранд.
Соли 1079 аз ҷониби Умари Хайём тақвими Ҷалолӣ тартиб дода шуд. Он яке аз дақиқтарин тақвимҳои ҷаҳон аст, ки хатоии он дар ҳар 4500 сол ҳамагӣ як шабонарӯзро ташкил медиҳад (дақиқтар аз тақвими Григорий). Оғози он ба рӯзи Наврӯз рост меояд, ки ибтидои воқеии зиндагӣ дар табиат аст.
Тавре ки бузургони мо таъкид кардаанд, вақт ягона чизест, ки онро бо тилло харида намешавад ва ба ақиб баргардонидани он ғайриимкон аст. Илм собит кардааст, ки вақт на танҳо ченаки физикӣ, балки заминаи асосии рушди шахсият ва ҷомеа мебошад.
Саидмурод ДАВЛАТОВ,
мудири шуъбаи дастгирии омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиии Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон













