Мавқеи баланди занону бонувон дар ҷамъият – баробарҳуқуқии онҳо дар ҳама самтҳо, дар меҳнату кор ба мушоҳида расида, худро баробари мардон нишон медиҳанд. Фирдавсӣ дар асари безаволи худ – «Шоҳнома», ҳар гоҳе ки сухан дар бораи занон равад, онҳоро ситоишу васф мекунад.
Аз ҷумла, шоир Таҳминаро ҳамчун зани бофаросат, хирадманд ва покдоман тасвир мекунад.
Образи зане, ки на танҳо дар мақоми модар ва ҳамсар, балки дар равобити иҷтимоӣ ва сиёсӣ низ сафири муваффақ аст, Синдӯхт маҳсуб меёбад.
Аз устод Рудакӣ то ба имрӯз шоирони мо занро ба ҳайси олиҳаи зебоӣ ва модаppо ба сифати сунбули отифавy меҳрубонӣ тасвиp намудаанд.
Шоирони муосири мо низ чеҳраи зан-модарро бо тамоми зебоӣ ва муҳаббатомезу накуӣ васф кардаанд. Образи модарро Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ ба дараҷаи баланд тасвир намудааст:
Гар шоирони олам якҷо мадеҳа гӯянд,
Як байт ҳам наарзад, андар санои модар.
Ва ё устод Бозор Собир мегӯяд:
Олучаи латтадор буд модари ман,
Қишлоқии хоксор буд модари ман.
Яъне, ки бузургвор буд модари ман,
Дар зиндагияш мазор буд модари ман.
Дар васфи зан-модар зиёд навиштаанду боз ҳам менависанд. Месазад гуфт, ки дар тамоми адабиёти олам адибон бо ҳар забон дар бораи симои зан ва мавқеи ӯ дар ҷомеа мисолу масалҳои хуберо халлоқона баён кардаанд.
Розия Озод яке аз модарони муборизе мебошад, ки ба миллати мо марди донишманду ҷасуреро, ба мисли Бобоҷон Ғафуров тарбият карда додааст, ки ҳамчун муаррих ва олими барҷаста шинохтаву эътироф гардидааст. Ин модари меҳрубону азиз аз шоироне буд, ки бо шеърҳояш моро ба сӯйи илму дониш ва худшиносӣ раҳнамоӣ мекард. Дар яке аз шеърҳояш зери унвони «Насиҳат ба фарзанд» чунин мефармояд:
Мекунам бо ту насиҳат, эй писарҷон, гӯш дор,
Модари пурдидаат гӯяд суханҳо, ҳуш дор…
…Баҳри ҳифзи модари худ, баҳри ин мулки кабир,
Гар шавад лозим, бикун ҷони азизи худ фидо.
Дарвоқеъ, зан-модар тарбиятгар, эҷодкор, заҳматкаш ва ватанхоҳу ватандӯст мебошад.
Ҷаваршо ИМАТШОЕВ,
корманди Муассисаи нашриявии «Маориф»













