Модар сарчашмаи бахту саодат аст. Ҳастии модар зиндагии моро фурӯғ мебахшад, ободу дилрабо мекунад. Сиришти модар бо меҳру муҳаббат, ғамхорию дилсӯзӣ ва самимияту садоқат тавъам мебошад. Модар ҳамеша бар он мекӯшад, ки зиндагиамон осоишта, танамон бедард ва ҳар рӯзамон саршор аз бахту барор, шодию нишот бошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ гуфтаанд: «Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад». Воқеан, модар оғози ҳама оғозҳо ва ибтидои шоҳроҳи зиндагии мост. Дар ситоиши модар ва ҷойгоҳу бузургии ӯ меҳрномаҳои зиёде гуфта шудаанд, аммо достони модарон ҳамеша нотамом хоҳад монд, зеро дунёи меҳри онҳо беинтиҳост. Бузургони мо домони поку сафобахши модарро авлотар аз биҳишт дониставу ба ин васила, мақоми ӯро ба арши аъло бардоштаанд. Ба шарофати модар рӯзгорони мо равшану мунаввар аст, зеро аз ҳастии ӯ нуру сафо меборад:
Дар чашми ту нури зиндагонӣ ҷорист,
Сарчашмаи меҳри бекаронӣ, модар.
Дар аксар ҳикматҳои халқӣ таъкид мешавад, ки ҳар шахс маҳз ба василаи ҳурмату эътироми модар ва хидмати шоиста ба ӯ ба комёбиҳо мерасад. Қадри модарро надонистан ва нисбат ба ӯ беэҳтиромию бепарвоӣ зоҳир кардан носипосӣ ва нобахшиданист. Мутаассифона, дар рӯзгори мо ба теъдоди кам ҳам бошад, онҳое низ ҳастанд, ки ба қадри модар, ки бузургтарин неъмати зиндагиашон аст, намерасанд. Дар ин бора ҳикояту қисса ва намоишномаҳои зиёде ҳаст. Аз ин гуна навиштаҳо бояд ҳикмат омӯхт ва ба модар бештар ғамхорӣ кард. Чунонки Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб гуфтааст:
Қисмат ба тоқи хонаи ҳастӣ навиштааст:
Модар фаришта нест, баланд аз фаришта аст.
Ташбеҳи зиндагист, ҳама муҳраҳои меҳр
Дурдонаи мароми ҳамин нармришта аст.
Бояд аҳли қалами кишвар дар бораи модар асарҳо эҷод намуда, дар нашрияҳо дар ситоиши ӯ ба чоп расонанд. Дар радио ва телевизионҳои мамлакат дар тавсифи модар гуфтору намоишҳо бештар пешниҳод гардад. Дар китобҳои дарсӣ шеъру ҳикояҳо дар ситоиши модар бештар ҷойгир карда шавад, зеро манфиатбор аст.
Дар Ватани маҳбуби мо дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳтирому арҷгузории зан-модар таваҷҷуҳу ғамхории ҳамешагӣ зоҳир карда мешавад. Занон ва дастгирии онҳо пайваста дар мадди назари Ҳукумати ҷумҳурист. Имрӯз мо дар тамоми бахшҳои ҳаёти ҷомеа, дар ҳама вазифаю мансабҳои масъулиятбори давлатӣ занонро мебинем ва ифтихор дорем, ки онҳо шарафмандона ва бо камоли кордонӣ фаъолият мекунанд.
Назира АБДУНАЗАРОВА,
омӯзгори МТМУ №35-и ноҳияи Рӯдакӣ