Воқеан ҳам, модар барои ҳар инсон азизтарин шахс аст ва бесабаб нест, ки муқаддастарин мафҳум, яъне, Ватанро бо мафҳуми модар баробар ва ҳамрадиф донистаанд. Ин ду мафҳум барои ҳар як инсони соҳибаслу соҳибватан арзишу манзалати баробар доранд.
Зан дорои сифатҳои зебоӣ, иффат, дилрабоӣ, шуҷоат, садоқату ҳунармандӣ, меҳру муҳаббат, наслофарӣ ва фариштахӯист. Беҳуда нагуфтаанд, ки: «Саодати зиндагӣ дар мафҳуми зан нуҳуфтааст». Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз инсонро дар гирудори тазодҳои зиндагӣ ба фазлу муҳаббат мисли модар ҳидоят карда наметавонад. Ба ин маънӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Ҷомеае, ки ба зан-модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба модар – ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад». Дар ҳақиқат, худшиносӣ, маърифати баланд, меҳнатдӯстӣ, фарҳанги оиладорӣ ва дурандешиву озодманишии зани тоҷик калиди бахту саодат ва роҳ ба сӯйи комёбиҳост.
Боиси хурсандиву хушист, ки занони босаводу лаёқатманд дар ҳамаи соҳаҳову мақомоти мамлакат фаъолона хидмат менамоянд. Тибқи омор, имрӯз бештар аз 70 фисади кормандони соҳаи маорифро бонувону занон ташкил медиҳанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ бештар аз 300 ҳазор нафар духтар муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм карда, соҳиби маълумот гардидаанд.
Маълум, ки агар ҳар қадар занону бонувон бомаърифат бошанд, ҳамон андоза ҷомеа бофарҳанг ва фарзандон ботарбияву хушахлоқ мегарданд. Хушбахтона, имрӯз мо дар соҳаи илму маориф шумораи зиёди бонувони равшанфикр, бомаърифат, соҳибилм ва ҳамқадами замон дорем, ки боиси ифтихору сарфарозианд.
Занону бонувони тоҷик аз рӯзҳои аввали расидан ба Истиқлоли давлатӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ хидмати босазо менамоянд. Президенти мамлакат ба матонати зани тоҷик ин тавр баҳогузорӣ намудаанд: «Симои зани зебопарасту озоданажод, диловару мубориз, бонангу номус, далеру шуҷоъ, ватандӯсту ватанпараст, озодихоҳу адолатпарвар ва кадбонуи ҳунарманди тоҷик ҳануз се ҳазор сол қабл дар матнҳои суғдиву паҳлавӣ ба таври барҷаста тасвир ёфтааст».
Модар дар тамаддуни башарият ва сарнавишти ҳар як қавму миллат ҷойгоҳи хоса ва мақому манзалати бузург дорад. Дар оғози фасли баҳор таҷлил намудани ин санаи фаррухпай, яъне, Рӯзи модар, пеш аз ҳама, нишон аз сарсабзии зиндагонӣ ва бахту иқболи баланди инсонӣ мебошад.
Модар бо меҳри саршор баланд бардоштани мақому манзалати хонадонро шараф ва номуси хеш мешуморад ва бо самимият, лутфу муҳаббат ва садоқату шарофати худ номашро пос медорад. Бо дастони пурмеҳри худ навниҳолони соҳибмаърифат ва фарҳангдӯсту адабпарвари боғи миллат, яъне, созандагони ояндаи неки давлат ва ҷомеаро ба камол мерасонад.
Зани боҷасорати тоҷик дар тӯли таърих баробари тарбияи фарзанд ва ҳифзи чароғи хонадон, ба хотири ҳимояи шарафу номуси кишвар ва миллат дар паҳлуи мардон бар зидди душманон далерона мубориза бурдааст.
Фикр мекунам, аз азал бофарҳангу ватанпарвар будани зани тоҷик ба он мусоидат кард, ки имрӯз вай олиму омӯзгор, ҳунарманд, соҳибкор, варзишгару рӯзноманигор буда, қариб, ки дар ҳама соҳаҳои муҳим иштироки фаъолона дорад.
Сухани зебое ҳаст, ки гуфтаанд: «Агар аз сатҳи зиндагонии миллате воқиф шудан хоҳӣ, ба чеҳраи занону модарони он бинигар». Аз ин бармеояд, ки зан-модар чеҳраи воқеии ин ё он миллат ва давлат аст. Мо дар чеҳраи занону модарони тоҷик сифатҳои роҳбарию инсонӣ, дурандешию хирадмандӣ, фидокорӣ бар манфиати халқу Ватан, ғамхорию мҳрубонӣ ва хайрхоҳию накуномиро мебинем, ки таҷассуми олии худро ёфтаанд.
Сарвари кишвари мо ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар нақши модарону занонро дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳим арзёбӣ менамоянд. Ба хотири ҳифзи манфиатҳои ҳуқуқии онҳо беш аз сӣ ҳуҷҷати муҳимми давлатиро имзо намудаанд, ки ҳамаи ин санадҳо барои фаъолияти минбаъдаи занону бонувон заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Ҳамин аст, ки имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа беш аз як миллион зану духтар фаъолият менамоянд. Аз рӯйи маълумоти оморӣ, занон 49,3 фоизи аҳолии кишваро ташкил медиҳанд.
Модар ягона мавҷуди мушфиқу ғамхор ва мунису меҳрубонест, ки ба фарзанд ҳаёт бахшида, сухан гуфтану роҳ рафтанро ёд медиҳад. Дар раванди тарбия дар қалби ӯ эҳсоси муҳаббату самимият, некиву накукорӣ ва инсондӯстиро ба вуҷуд меорад.
Ҷойи шакку шубҳа нест, ки такя дар паҳлуи модар ва хоб дар зонуи ӯ беҳтарин лаҳзаҳои умри мо мебошанд. Оре, давлати фарзандон модар аст. Ҳар фарзанде, ки қимати модарро донаду дуои некашро бигирад, хушбахту шуҳратёр мегардад. Ба фикрам, бузургии модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиятгари фарзанд, инчунин, нигаҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.
Модар арзандаи эҳтирому дӯстдорист, зеро ӯ меҳрубонтарин инсони рӯйи олам буда, фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиру дилсӯзу бахшандааст. Зиндагии мо аз суруди «Алла»-и модар ибтидо мегирад. Иқрор бояд шавем, ки мутаассифона, мо на ҳама вақт ба қадри ин ганҷи бебаҳо мерасем. Гоҳо дар дарёи пуршӯри ҷавонӣ босуръат заврақ ронда, эҳтироми модарро фаромӯш мекунем. Аммо баъдан аз кирдорҳои худ пушаймон гашта, ӯро меҷӯем, вале дигар намеёбем. Аз ин ҷост, ки сарлашкари тавоно Бонапарт Наполеон гуфтааст: «Модар бо як дасташ гаҳвора ва бо дасти дигар дунёро такон медиҳад». Мо ҳам бояд аз будани модаронамон шукрона карда, ҳамеша дар хизматашон қарор дошта бошем.
Яке аз иқдомҳои беҳтарине, ки дар сиёсати давлатдорӣ ба он диққати ҷиддӣ дода мешавад, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мебошад. Истиқлоли давлатӣ тавонист барои зани тоҷик озодандешӣ, зиндагии шоиста ва имкониятҳои зиёд фароҳам орад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ занон тавонистанд дар дилхоҳ соҳа кору фаъолияти самарабахш намоянд. Имрӯз зани тоҷик дар баробари модар ва ҳамсари хубу шоиста будан, инчунин, роҳбар, муҳандис, ронанда, корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст. Ҳатто дар қӯшунҳои сарҳадӣ низ фаъолият намуда, саҳми худро дар пешрафти Ватану осоиштагии кишвар мегузорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хеш ба масъалаи занон афзалият медиҳад ва ба ин масъала ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, албатта, яке аз нишонаҳои кишвари тараққиёфта ба шумор меравад.
Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рӯзи модар нишони эътибору эҳтироми зиёди Давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон ва гувоҳи равшани дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба мақому манзалати хосса соҳиб гардидани онҳо мебошад. Ин аст, ки ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарон ва занону бонувон, саъйю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтарон аз ҷумлаи вазифаҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад.
Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»













