Омӯзиш ва мавқеи он дар тарбияи ахлоқии кӯдакон

Мо бояд дарк намоем, ки кӯдак худ аз худ ба китобу китобхонӣ рӯ оварда наметавонад. Аз ин рӯ, калонсолонро мебояд, ки фазои фарҳангӣ ва маърифатиро барои кӯдакон таъмин созанд.

Кӯдакро ба китобдӯстӣ метавон ин гуна водор намуд:
— хондани ифоданоки китоб аз давраи барвақтӣ (то сесолагӣ);
— харидани китоб ва тақдими он ба кӯдак ба сифати туҳфа;
— дар ҳар кунҷу гӯшаи хона гузоштани китобҳои гуногун, то ки чашми кӯдак ба он бештар афтад;
— муайян кардани мароқи кӯдак ба хелҳои китоб;
— ҷалби кӯдак ба китоб ва роҳу усулҳои фаъол барои бедор кардани муҳаббат ба китоб (масалан, китоб аз болои роҳаткурсӣ афтид, онро бо муҳаббат бардошта, ба муқова ва саҳифаҳои он назар андохта, дар сурати даридан ва ё заиф шудани риштаи китоб онро ширеш карда, таъкид бояд намуд, ки китобро дар ҳолати хуб нигоҳ дошта, усули хоси варақ задану мушоҳида карданро омӯзад, ба кӯдак барои интихоби китоби дилхоҳ шароит фароҳам овардан;
— доир кардани саҳнаҳои рӯимизӣ роҷеъ ба мазмуни китоби хондашуда ва инъикоси рафтори қаҳрамонони китоб тавассути нақшофарӣ;
— ҷамъоварӣ ва таъсиси китобхонаи оилавӣ аз китобҳои мавҷуда.
Истифодаи усулҳои фаъоли дӯст доштани китоб дар кӯдак
Бояд таваҷҷуҳи кӯдакро дарк кард, ҳамзамон, оид ба кадом мавзуъ, ба кадом жанр шомил будани асарро муайян намоянд:
— пас аз тамошои филми тасвирӣ, пешниҳоди китобҳоеро, ки аз рӯйи мазмун ба филми тасвирӣ мувофиқанд «Сандуқчаи зулбиё» баррасии қаҳрамонони асар (ба монанди Манижа ва Бежан аз достонҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ) бо кӯдакон;
— шунидани фикри кӯдак оид ба мазмуни китоб;
— зимни хондани китоб дар ҷойи шавқовари он таваққуф кардан бо мақсади ташаккули фикри кӯдак ва ҳавасмандии ӯ (ин усул барои дур нашудан аз китобхонӣ мусоидат менамояд);
— пешниҳоди саволҳо барои ташаккули тафаккур;
— диққат ба китоб ва расму ороишоти он.
Хондани китоб пеш аз хоб ба кӯдак эътимоднокӣ мебахшад. Хониш дар ҷойгаҳи хоб барои ташаккул додани таҳлилҳои ибтидоӣ дар зеҳни кӯдакон замина мегузорад.
Бештари волидон баҳонаҳои гуногунро дар саркашии кӯдак аз китобхонӣ пеш меоранд: «вақти муайян нест», «кӯдак тамоман ба китобу китобхонӣ таваҷҷуҳ надорад», «бо баробари китобро ба даст гирифтан аз наздам мегурезад», «китобхониро машғулияти дилгиркунанда мешуморад». Ин гуна баҳонаҳо на танҳо аз ҷониби падару модарони кӯдакони синни томактабӣ, балки аз падару модарони хонандагони синфҳои ибтидоӣ низ бештар шунида мешавад. Ин ҳолатро бетаваҷҷуҳии кӯдак нашояд гуфт. Баръакс, он аз бетаваҷҷуҳии падару модарон рух медиҳад, чунки онҳо роҳҳои ҳавасмандиро фароҳам наовардаанд. Дар сурате, ки кӯдак нисбат ба дигар машғулиятҳо аз шунидани қисса ва хондани китоб бештар ҳаловат набарад, роҳҳои ҳавасмандгардониро бояд ҷустуҷӯ кард.
Роҳҳои ҳавасмандагардонии кӯдак ба китобхонӣ, пеш аз ҳама, муҳити омӯзишӣ мебошад. Кӯдак аз рафтор ва амали падару модарон бештари одатҳоро аз худ мекунад. Барои он, ки одатҳои хубро аз худ кунад, аҳли оиларо мебояд, ки дар назди кӯдак китоб хонанд. Пеш аз ҳама, се усули маъмули ҳавасмандагардонӣ дар шароити хонавода вуҷуд дорад:
— фароҳам сохтани китобҳои бадеии аз нигоҳи шаклу намуд ва ороиш ҷаззоб;
— аксу тасвирҳои ҷолиб ва мувофиқ ба мазмуни китоб;
— усули хондан ва риояи задаи овоз дар иҷрои инъикоси амалҳои қаҳрамонони асар.
Риояи самараноки ин се усул имкон медиҳад, ки кӯдакро аз наз­ди экрани телевизор, бозӣ бо телефон ва муҳити бегона ба осонӣ дур сохт.
Дар оғоз бояд китобҳои ба кӯдак пешниҳодшаванда ҷаззоб ва ранга бошанд, чунки кӯдак то давраи сесолагӣ ҳамагуна маълумотро тавассути анализаторҳои кинестикӣ аз худ мекунад. Он чизеро, ки кӯдак ламс мекунад, мебинад ва мешунавад, тафаккури ӯро инкишоф медиҳад. Бинобар ин, зимни китобхонӣ ба кӯдак имкон медиҳем, ки ӯ муқова ва саҳифаҳои дохили китобро мус­тақилона варақ гардонад. Расму тасвирҳои китобро, ба монанди ҷайра, хорпушт, рӯбоҳи маккор, ки думи дарози пахмоқӣ дорад, бо нӯги ангуштонаш ламс карда, бо амалу кирдорҳои қаҳрамон (персонаж)-ҳои асар шинос мешавад ва бо ин усул дар ӯ барои дарки муҳтавои асар завқмандӣ пайдо мешавад ва қобилияти донистанаш рушд мекунад.
Аксу тасвирҳо бояд ба кӯдаки синни то сесола мувофиқ ва бехавф бошад. Аз рангҳои тираву тасвирҳои ваҳмангез набояд истифода кард. Рангу тасвирҳои китобчаҳои бадеӣ рӯшан ва инъикоскунандаи шодиву сурур ва амалҳои нек бошанд. Рангҳои рӯшан ва тасвир дақиқ ба муҳтавои асар ба таври дақиқ мутобиқ бошад, то зимни шунидани нақл қобилиятҳои фикрронӣ ва таҳлил аз давраи рушди барвақтии кӯдак ташаккул ёбад. Шуруъ аз чаҳорсолагӣ то ҳафтсолагӣ расму тасвирҳои ифодакунандаи бозиҳои техникӣ, ба монанди мошини боркаш, трактор, тайёра, чархбол ва ғайра тавсия мешаванд.
Усули сеюм аз ҳама муҳим мебошад, ки тавассути он мо метавонем кӯдакро ба дунёи маърифат наздик созем ва он усули нақл ва хониш аз ҷониби калонсолон мебошад.
Калонсолонро мебояд, ки ҳамарӯза 10 дақиқа вақти худро барои мутолиа ҷудо созанд. Барои китобхонӣ аз падару модар ва аҳли оила маҳорату малака талаб карда мешавад. Мувофиқ ба мазмуни асар бояд овоз, зада ва ифодаи чеҳра мутобиқ бошад. Дар ҷойҳои кулминатсионии асар овози китобхон хусусиятҳои суолгароиро ифода намояд, то кӯдак ба мазмуни шунидааш ҷавоб гардонида тавонад. Гарчанде ки аксари кӯдакони синни то сесола мувофиқи талаботи ҷисмонӣ қобилияти сухан гуфтанро надоранд, аммо дар онҳо қобилиятҳои фикр ва муқоиса кардан инкишоф ёфтааст.
Бояд гуфт, ки аз ҳама муҳим, усули сеюми ҳавасмандгардонӣ ба шумор меравад, ки усули калидӣ ҳисобида мешавад. Барои он, ки китобхонӣ ба одати анъанавии хонаводагӣ табдил ёбад, ҳамарӯза бояд ҳамроҳи кӯдак китоб хонд. Зимни хондани асари бадеӣ 10 дақиқа вақтро самаранок истифода бояд бурд. Дар аксари хонаводаҳо 10 дақиқа вақт барои китобхонӣ муайян шудааст, аммо бештари волидон баробари китобро ба даст гирифтан, ки ин лаҳза хеле барои кӯдак гуворост, занги телефонро қабул карда, ба баррасии масъалаҳои рӯзмарра мегузаранд. Дар ин ҳолат аз ҷониби кӯдак як навъ дилсардӣ ва бемасъулиятӣ нисбат ба шунидани мазмуну муҳтавои китоб пайдо мешавад. Бештари волидон дар вақти ҷудошуда филми тасвирӣ мегузоранд. Кӯдак аз тамошои филм фароғат мебарад ва сипас, хаста шуда, хоб меравад. Як рӯзи танаффус шояд, ки мушкилоти муҳим набошад, аммо барои барҳам хӯрдани анъанаи оилавӣ ва замина гузоштани бемасъулиятии кӯдак боис мегардад.
Сабаби дигар, ба таври зарурӣ иҷро нашудани усули ҳавасмандгардонӣ, интихоби асари номувофиқ ба синну соли кӯдак мебошад.
Пеш аз хоб шабона барои кӯдак на ҳама вақт мутолиаи китоб созгор аст, чунки кудак пас аз тохту тоз ва бозиҳои рӯзона ба ҷойгаҳи нарму гарм медарояд ва ба таври маъмул қувваи хоб ба ӯ зӯрӣ мекунад. Ва муҳтавои асар кушода нашудаву дарку фаҳм мемонад. Агар аз дигар тараф мушоҳида кунем, ба кати хоби кӯдак наздик шудани модар ва бо як назокати модарона бо лаҳну шеваи нарм нақли афсонаро ба роҳ мондан на танҳо хониши китоб, балки робитаи мутақобилаи модару фарзандро ба амал меорад. Ин 10-20 дақиқаи ҳамнишинӣ ва хониши китоб дар кӯдак эътимоду лаёқатмандии онҳоро рушд медиҳад, чунки дар фаъолияти ҳаррӯза банақшагирии китобхонӣ барои барқарор кардани робитаҳои байни кӯдаку волидайн мусоидат менамояд. Хониши ҳамарӯзаи китоб ба кӯдак ба инкишофи нутқ, ифодаи фикр, мураттабии сухан, шарҳ ва маънидод кардани баъзе калимаҳои адабӣ, таҳлили амалҳои баду неки қаҳрамонони асар, ташаккули ростқавлӣ ва ахлоқи шоиста замина мегузорад.
Пӯшида нест, ки вақтҳои охир ташвишҳои рӯзгор, истифодаи телевизион, суҳбати тӯлонии калонсолон тавассути телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ боис гардидааст, ки робитаи кӯдаку волидонро аз байн бубарад. Танҳо ором нишаста тамошо кардани телевизион, тамошои филмҳои тасвирӣ тавассути телефонҳои мобилӣ, дер хоб рафтан, ба бозиҳои гуногун машғул шудан, риоя нагардидани реҷаи рӯз ба инкишофи ҳамаҷонибаи кӯдакон таъсири худро мерасонад (аз қабили басташавии иштиҳо, хирашавии нури чашмон, нодуруст шакл гирифтани устухону сутунмуҳра ва ғайра.
Тамошои филми тасвирӣ дар кӯдакон ба инкишоф наёфтани нутқ, косташавии ахлоқ-тундгуфториву дағалӣ, беэҳтиромӣ ва асабоният ва дур шудан аз фарҳангу оинҳои миллӣ боис мегардад. Бештари волидон идао доранд, ки тавассути филмҳои тасвирӣ кӯдаконашон забони хориҷиро аз худ кардаанд. Тазаккур бояд дод, ки давраи ташаккулёбии кӯдак рушди барвақтии ӯст. Дар ин давра кӯдакро бояд барои ташаккул додани шахсият равона созем, то худашро ба ҳайси узви ҷамъият шиносонад ва талаботи ҷамъиятиро риоя кунад. Омӯхтани забонҳои хориҷӣ мувофиқ ба барномаи таълиму тарбиявии томактабӣ пас аз 5-солагӣ то давраи 7-солагӣ барномарезӣ шудааст.
Ҳар як сухани гуворо, ғамхорӣ, робитаи хешу таборӣ муҳаббати кӯдаку аҳли хонаводаро мустаҳкам месозад.
Бояд дар хотир нигоҳ дошт, ки китобхонии волидон барои ифшои муҳаббат ба кӯдак сурат мегирад, на барои он ки ин муқаррароти муайяншуда аст. Яъне, китобхонӣ на ба таври механикӣ, балки ба таври табиӣ аз самими дил барои ифодаи меҳру муҳаббат сурат гирад.
Маҳина БОБОЕВА,
мудири шуъбаи муассисаҳои томактабӣ, ибтидоӣ, бознигариву такмили стандарт, барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсии Пажуҳишгоҳи рушди маориф,

номзади илми педагогӣ

Добавить комментарий