Устод Рӯдакӣ ва замони мо

Рӯзи Рӯдакӣ (22 сентябр), ки аз соли 2002 инҷониб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, доираву ҳавзаҳои гуногуни адабию фарҳангиро ба ҳам меоварад. Муҳимтар аз ҳама, ба таври густурда таҷлил гардидани санаҳои муҳимми таърихӣ, сиёсӣ, адабӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла, Рӯзи Рӯдакӣ дар замони соҳибистиқлолӣ бояд ба мушаххасоти ҳувиятӣ ва миллӣ табдил ёбад. Дар ҳошияи Рӯзи устод Рӯдакӣ чанд нуктаро дар доираи мавзуи «Устод Рӯдакӣ ва замони мо» хидмати хонандагон манзур месозем.

Якум. Дар таърихи адабу фарҳанги миллӣ устод Рӯдакӣ ба унвони падари шеъри форсии дарии тоҷикӣ шинохта шудааст ва аз асри даҳ то имрӯз дар муҳитҳои илмию маданӣ, фазои маърифатӣ ва ҳавзаҳои баҳсию ҷадалӣ аз абёти шоир ба унвони мадраки маҳкам истифода шудаву мешавад. Ба сухани равшантар, шеъри устод Рӯдакӣ дар ҳамаи давру замон дархур аст ва ниёзҳои маънавии моро бароварда месозад. Аз тарафи дигар, устод Рӯдакӣ ҷаҳон ва зиндагиро дар оинаи илму хирад дидааст ва фарҳангро ба сифати ганҷи бебаҳо тавсифу тамҷид намудааст:

Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ рӯй бар ин ганҷ неҳ.

Фарҳанг аз нигоҳи устод Рӯдакӣ аслу моҳияти зиндагии инсонист ва инсон ҳар қадар ба фарҳанг – ба ин ганҷи бебаҳо пайванд гардад, маънии инсониро дармеёбад ва ҳалли мушкилоту муаммову уқдаҳои рӯзгор барояш осонтар мешавад. Баръакс, агар аз фарҳанг фосилаву канора бигирад, моҳияту сиришти худро зери суол мебарад ва ба сатҳи ҳайвонӣ пойин меравад. Ин аст, ки устод Рӯдакӣ чаҳор хислатро барои шахси озода зарур медонад:

Чаҳор хислат мар озодаро зи ғам бихарад,
Тани дурусту хӯйи неку номи неку хирад.
Ҳар он кӣ Эзадаш ин чаҳор рӯзӣ кард,
Сазад, ки шод зияд шодмону ғам нахӯрад.

Дуюм. Дар ҳоле ки имрӯз мо бо бархӯрдҳои сиёсию тамаддунӣ ва таҳдиду хатарҳои ҷиддии ифротгароиву даҳшатафканиву тундравӣ рӯбарӯем, шеъри зиндагисозу ангезабарангези устод Рӯдакӣ дастгиру мададгорамон буда метавонад. Солҳост, ки фазову муҳитҳои иҷтимоию мадании мо тавассути афкори ғаразноки хурофотӣ мағшуш шуда, табақаҳои иҷтимоӣ побанди ҷаҳолату таассуби мазҳабӣ мегарданд. Эпидемияи хурофазадагӣ ҷомеа, махсусан, насли наврасу ҷавонро, ки ба лиҳози ҷисмӣ-баданӣ (физиологӣ) қувватманду хунгарманд, фаро гирифтааст ва муросову созиш бо ин навъи эпидемияи фарогиру кушандаи башарӣ (манзур таассубу хурофот ва хушкандешӣ аст), ғолибан ба кори рӯзмарраи қишри зиёӣ ва фарҳангӣ табдил ёфтааст. Бетафовутӣ, фориғболӣ, бепарвофалакӣ, саҳлангорӣ, муросокорӣ ва тамошобинии артиши зиёиёну фарҳангиён ба вазъи ногувори фикрию ҳувиятию ахлоқӣ роҳро барои ташаннуҷи ҷаҳолату нодонӣ ҳамвор сохтааст. Як иддаи зиёиёни ватанӣ ё дар хидмати хушкандешон қарор гирифтаанд, ё ба сифати як тамошобини камфаъол вазъро тамошо мекунанд ва ё ин ки бо ин тарзи биниши хатарбор созишу муросо менамоянд. Танҳо ангуштшумор нафароне пайдо мешаванд, ки дар қиболи вазъи мавҷуда сукут намеварзанд ва алайҳи ҷаҳолату хурофот дар ҳар шакле муқовимат мекунанд ва садои озодагӣ дармедиҳанд. Ҳарчанд ки аз адабиёти ҳазорсолаи худ зиёд ифтихорфурӯшӣ мекунем ва абёти устод Рӯдакиро чун шиоргуна дар маҳфилу маъракаҳо мепароканем, аммо ба асли воқеияти зиндагии миллӣ, ки хеле нигароникунанда аст, эътибор намедиҳем. Ҳол он ки шеъри устод Рӯдакӣ ба инсон ангезаи зистан ва барои он талошу мубориза карданро медиҳад. Ба ин маъно, устод Рӯдакӣ, пеш аз ҳама, шоири зиндагист ва лаззат бурдан аз зебоиҳои табиату рӯзгорро аслу асоси умр дониста, хитоб мекунад:

Рӯй ба меҳроб ниҳодан чӣ суд?
Дил ба Бухорову бутони Тироз.
Эзиди мо васвасаи ошиқӣ
Аз ту пазирад, напазирад намоз.

Севум. Тавре ки мусаллам аст, устод Рӯдакӣ даъвии фалсафӣ пеш меварад, ки ба ҷаҳону ҳастӣ бо чашми хирад бояд нигарист ва аз таҷрибаи рӯзгор баҳра гирифт. Ин навъ мавқеъгирии фалсафию миллӣ шахсияти фалсафӣ ва рӯшангар будани устод Рӯдакиро ба намоиш мегузорад. Устод Рӯдакӣ ҳамчун файласуфи шеъри форсии дарии тоҷикӣ бар мабнои донишҳои фалсафии замон таркиби диалектикаи оламро ба тасвир мекашад. Яъне, устод Рӯдакӣ масоили рӯзгору зиндагиро ба ҳайси як файласуф ба баҳси фалсафӣ дар қолиби назми классикӣ медарорад.
Ин аст, ки устод Рӯдакӣ дар баробари тавонмандиҳои адабию эҷодӣ марде андешаманд ва файласуфмашраб низ буда, аз макотиби фалсафии юнонӣ огаҳӣ доштааст. Вақте ки абётеро аз ин тариқ:

Куҳан кунад ба замоне ҳамон куҷо нав буд
Ва нав кунад ба замоне ҳамон ки хулқон буд

-мегӯяд, ба назарияҳои файласуфони қадимаи юнонӣ Парменид (540-515 то милод) ва Ҳераклид (540-480 то милод) як навъ истинод мекунад.
Чаҳорум. Тавре ки болотар ишора кардем, фазои мағшуши ақидатӣ ва фикрию ҳувиятӣ, ки имрӯз давлат, ниҳодҳои марбутаи ҳукуматӣ, ҷомеаи маданӣ ва қишри рӯшангарии ватаниро нигарон сохтааст, пеш аз ҳама, бар руҳияи озодандешӣ, тафаккури мантиқӣ ва равони миллӣ садама мезанад. Агар баданаи озодандешию миллӣ осеб бубинад, давлат ва миллат осеб мебинанд ва ҳамин тавр, ҳадафи ҳувиятсозӣ ва сохтмони давлати дунявӣ, ки бар мабнои хирадмеҳварӣ бунёд мегардад, зери хатари ҷиддӣ қарор мегирад. Мутаассифона, дар дуроҳаи хушкандешии саросарӣ ва озодандешии миллӣ қарор дорем ва дар ин шабу рӯзи хатарбор, ки аз ҳар сӯ чолишҳо таҳдидамон мекунанд, тамаркуз сари ғояандешаи миллӣ амри замонию маконист. Аз сӯйи дигар, шинохту муаррифии шеъри устод Рӯдакӣ, ки заминаи миллӣ ва дунявӣ дорад, ба дарди имрӯзамон мехӯрад ва дарду захмҳои куҳани моро дармон месозад. Афзун бар ин, устод Рӯдакӣ дар замоне зиндагӣ кардааст, ки як навъ таносуб миёни таассубу хурофот (фанатизм) ва ақлбоварӣ (ратсионализм) вуҷуд дошт ва давлати Сомониён фазои мусоиди ақидатӣ, фикрӣ, равонӣ, ахлоқӣ ва маданиро фароҳам оварда буданд. Аз ҷумла, озодии виҷдон ва гироиши озодонаи шоирону донишмандони замона ба ҳар мактабу ақидае фазои солими эҷодӣ ва муҳитзистиро фароҳам оварда буд, то ҷое ки Дақиқӣ озодона ва муфтахирона аз мавқеияти ақидатӣ ва виҷдонию имонии худ ҳимоят мекард.

Ба Яздон, ки ҳаргиз набинад биҳишт,
Касе, к-ӯ надонад раҳи Зардуҳишт.

Аз ин ҷиҳат, шоироне мисли устод Рӯдакӣ дар фазои озодии виҷдону ақида ба сар мебурданд ва дар чунин муҳите озода, албатта, озодандешӣ ҳам имконпазир буд. Ба ин маънӣ, устод Рӯдакӣ мисли ниёкони бошарафи худ озодманишӣ мекунад, зиндагӣ ва фурсати умрро ғанимат мешумарад, шодӣ мекунад ва аз зиндагӣ лаззат бурданро ба ҳамагон тавсия менамояд:

Ин ҷаҳон пок хобкирдор аст,
Он шиносад, ки дилаш бедор аст.
Некии ӯ ба ҷойгоҳи бад аст,
Шодии ӯ ба ҷойи темор аст.
Чӣ нишинӣ бад-ин ҷаҳон ҳамвор,
Ки ҳама кори ӯ на ҳамвор аст!
Кардиши ӯ на хубу чеҳраш хуб,
Зишткирдору хубдидор аст!

Панҷум. Ба ин тартиб, шеъри устод Рӯдакӣ чун рамзи миллӣ имрӯз ҳам талаботи фикрӣ, адабӣ-бадеӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва ҳувиятии моро қонеъ мегардонад. Шеъри устод аз зиндагию рӯзгори миллат сарчашма мегирад ва бар руҳу равони миллат қудрату тавон мебахшад.
Нозим Нурзода,

пажуҳишгар

Добавить комментарий