Мавзуъ: Хӯрокҳои анъанавӣ дар Британия (Traditional meals in Britain)
Мақсади машғулият: Бо алоқаманд намудани маҳфили омӯзиши забони англисӣ бо фанни география додани маълумот оид ба мавқеи ҷойгиршавии Британия, забон, миллатҳои истиқоматкунанда, асъор ва хӯрокҳои машҳуру маъруфи ин кишвари тараққикарда; баробари хондани матн дар бораи хӯрокҳои анъанавии Британия ва тарҷумаи калимаҳои душвор бо истифода аз китобчаи луғат, инчунин, гирифтани маълумот оид ба вақти хӯрок хӯрдан, миқдори хӯрокҳо дар як рӯз ва хӯрокҳои машҳури Британия; пас аз хондани матн ва тарҷумаи калимаҳои душвор навиштани он дар дафтари корӣ ва иҷрои машқҳо аз рӯйи матн.
Намуди усули истифодашуда дар рафти машғулият: омехта.
Таҷҳизонидан: харитаи ҷаҳон (хоҳ дар шакли варақӣ бошад, хоҳ электронӣ), компютер, тахтаи электронӣ барои намоиш додани географияи Британия, навор оид ба вақти хӯрокхӯрии мардуми Британия (бо забони англисӣ), навор оид ба вақти хӯрок хӯрдан ва таомҳои машҳури Тоҷикистон (барои муқоиса).
Тавсияи методӣ
Пеш аз оғози машғулияти маҳфили фаннӣ бо баҳисобгирии синну соли тарбиятгирандагон ва зинаи таълим, сатҳу сифати иҷрои супоришҳои мавзуи гузашта пурсида шуда, онро арзёбӣ бояд намуд. Зеро мақсади асосии маҳфили фаннӣ дар навбати аввал ташаккул додани тасаввурот оид ба Британия ҳамчун давлат дар қитъаи дигар, дорои географияи ба худ хос ва забону урфу одатҳои мухталиф буда, бо муқоисакунии мавзуи гузашта ба роҳ монда мешавад.
Луғатҳои истифодашаванда дар рафти машғулият:
a traditional meal – хӯроки анъанавӣ
cocoa – какао
cocoa – какао
breakfast – наҳорӣ
coffee – қаҳва
porridge – шулаи ягон тухмӣ
tea – чой
cream – крем
lunch – хӯроки нисфирӯзӣ
butter – равғани зард
o’clock – соат, вақт
a restaurant – тарабхона
eat – хӯрдан
an egg – тухм
afternoon tea – вақти чойи нисфирӯзӣ
dinner – хӯроки шом
day – рӯз
biscuit – фатиркулча (ширинӣ)
consist – иборат аз
sausage – ҳасиб
high tea – чойи талх
Рафти машғулият
Машғулияти имрӯза бо саволи «Пойтахти Британия кадом шаҳр аст?» оғоз ёфта, сипас оид ба ҷойҳои зебои шаҳри Лондон: манораи Биг-Бен, пули Тавер, майдони Трафалгар ва ғайра ба воситаи маълумоти наворӣ идома меёбад. Пас аз шиносоӣ бо 4 давлат (Англия, Шотландия, Уэлс ва Ирландияи Шимолӣ), ки Британияро ба Британияи Кабир мубаддал мекунад, мавзуъро бо хондани матн дар бораи хӯрокҳои анъанавии Британия идома медиҳем. Пас аз хондани матн калимаҳои навро дар дафтар менависем ва бо истифода аз китобчаи луғат онҳоро тарҷума карда, азёд менамоем.
Иҷрои машқи 1. Ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:
1. What do people eat for breakfast in Britain? ___________________________
_______________________________________________________________
2. What do people eat for lunch? _____________________________________________________________________________________________
3. What is afternoon tea? _____________________________________________________________________________________________
4. What traditional British meals have you learned? _____________________________________________________________________________________________
5. Name the famous meals of Tajikistan: _____________________________________________________________________________________________
Иҷрои машқи 2. Ҷумлаҳои зеринро тарҷума кунед:
1. Британияи Кабир аз чаҳор давлат иборат аст: Англия, Шотландия, Уэлс ва Ирландияи Шимолӣ. _____________________________________________________________________________________________
2. Пойтахти Британияи Кабир шаҳри Лондон мебошад. _____________________________________________________________________________________________
3. Дар Лондон ва дигар шаҳрҳои Британия ошхона ва тарабхонаҳои зиёд мавҷуд аст. _____________________________________________________________________________
4. Дар ошхона ва тарабхонаҳо хӯрокҳои болаззат омода карда мешавад. _____________________________________________________________________________________________
5. Забони модарии мардуми Британия забони англисӣ аст. _________________________
________________________________________
Пас аз иҷрои машқҳо баҳри ҷалби диққати хонандагоне, ки дар иҷрои машқҳо фаъолияти сусттар нишон доданд, бозии «Саймон мегӯяд»-ро ташкил мекунем. Оид ба қоидаи бозии «Саймон мегӯяд» қисми зиёд аллакай маълумот доранд. Яъне, чизе, ки Саймон мегӯяд, хонандагон ҳамонро иҷро мекунанд. Хонандае, ки Саймонро намефаҳмад ва гуфтаи ӯро иҷро намекунад, аз бозӣ хориҷ карда мешавад. Супориши хонагӣ аз рӯйи машғулияти имрӯза азёд намудани суруд бо номи «Ten fingers on my hands»:
Ten fingers on my hands,
On my hands.
Ten fingers on my hands,
On my hands.
Two eyes, one nose
Two eyes, one nose
All on my face,
All on my face,
Ten fingers on my hands,
On my hands.
Умедворем, намунаи машғулият аз рафти маҳфили «Омӯзиши забони англисӣ» барои роҳбарони маҳфилҳо ва омӯзгороне, ки дар марказҳои таҳсилоти иловагӣ аз фанни забони англисӣ ба хонандагон дарс мегузаранд, муфид хоҳад буд.
Умедбахт ҲОҶИБЕКОВ,
муовини директори Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Зафаробод













