Одатан, моҳи апрелро ба унвони «моҳи Айнӣ» мешиносанд ва дар ин замина конфронсу нишасту маҳфилҳо доир гардида, аз шахсияти бисёрбуъдаи устод Айнӣ ва ҷойгоҳи адабию илмию сиёсию мафкуравию мадании ӯ суҳбатҳо ҷараён мегиранд. Мусалламан, тасмимгирии мантиқӣ, пеш аз ҳама, ба сатҳи ҷаҳоншиносӣ ва дидгоҳи илмии фард вобастагӣ дорад ва ҳар нафаре, ки бар мабнои ақлу фаросат, донишу маърифат, шинохту фикрат ва мушоҳидаву таҷрибат тасмим мегираду коре анҷом медиҳад, ҳатман муваффақ мешавад. Ҳадафи мо дар ин матлаби ихтисорӣ мушаххас кардани ҷойгоҳи устод Айнӣ минҳайси як ояндабин ва ориенталисти миллӣ мебошад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, чанд нуктаро иҷмолан ишора менамоем:
Якум. Мафҳуми ориентатсия (тамаркуз, самтгирӣ, ҷиҳатгирӣ, перспектива, ояндабинӣ, мавзеъгирӣ ва амсоли инҳо) дар илм кайҳо боз ошност. Вожаи «орие» ба маънии муайян кардани самт далолат мекунад. Рене Декарт (1596-1650) ориентатсияро дар мисоли инсоне, ки дар ҷангал роҳро гум карда, бо такя ба қудрату неруи фикрию иродавиаш тасмим мегирад ва ниҳоятан, роҳи бурунрафтро пайдо мекунад, нишон медиҳад. Фридрих Нича (1844-1900) бар ин назар буд, ки файласуфон бояд худро ба гирдоби шубҳа мубтало кунанд ва дар баҳри шакку беитминонӣ ғарқ шуда, қудрати дар ин баҳр ғаввосӣ намуданро имтиҳон кунанд. Аз ин ҷо уфуқгирӣ, самтгирӣ, дурбинӣ, тасмимгирӣ ва билохира ояндабинии як инсон (манзур индивид аст) шакл мегирад ва ӯ худро тавассути мавқеъгирӣ (ориентатсия) аз авзои ҳассосу хатарнок берун мекашад ва огоҳмандона роҳи ҳал меҷӯяд. Ин имтиҳони зеҳн ва қудрати тафаккуру тааққули инсон аст. Ориентатсия-тамаркуз ба сатҳи тафаккур ва иродаи мавқеъгиранда вобастагӣ дорад. Мавқеъгирии ғалат ё иштибоҳиро дезориентатсия мегӯянд. Ба таври куллӣ, ориентатсия ҳолати ҷиҳатгирӣ ва ояндабинии инсон аст ва зеҳну тафаккур ва иродаи ӯро дар баробари мушкилот ва фаҷоеи пешорӯяш қарордошта устувор месозад ва водор ба тасмимгирӣ менамояд.
Дуюм. Суоли матраҳи ин матлаб ин аст, ки оё метавонем, ки устод Айниро ба унвони як тасмимгири мантиқӣ ва ояндабин шиносему муаррифӣ кунем? Албатта, метавонем, чаро ки устод Айнӣ тӯли умр аз тариқи талошҳои мудавоми ҳамарӯзӣ, тасмимгирии мантиқӣ ва ҳадафгирӣ-ориентатсияи миллӣ на танҳо дар роҳи боло бурдани сатҳи донишу маърифату биниши ҷомеа гомҳои устувор бардоштааст, балки тариқи омӯзишу таҳқиқи вазъ оянда ва дурнамои миллатро ҳам мушаххас ва як навъ ояндабинӣ кардааст. Айнӣ нахустин маротиба баъди мутолиаи «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш аз назари фикрӣ тағйир кард ва ба мушкилоти иҷтимоии замон вуҷудан пай бурд. «Аммо вақте ки ман он аҳволи фалокатиштимолро дар мундариҷоти «Наводир-ул-вақоеъ» бо тасвири реалӣ – бо тасвире, ки худ дар зиндагӣ дида будам, дидам,-навиштааст устод Айнӣ,-ба ман ҳолати дигар рӯй дод. Ман дар дили худ гуфтам: «Ин аҳволро ислоҳ кардан лозим аст, модом ки ман ислоҳ карда наметавонам, аз вай нафрат кардан зарур аст (инқилоби фикрӣ кам ҳам бошад, дар ман ана дар ҳамон вақт рӯй дод)» (ниг.: Айнӣ С. Ёддоштҳо (чаҳор қисм). Иборат аз як китоб. – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2009. – С. 548). Шинохти «аҳволи фалокатиштимол»-и Бухоро, ки бар пояи зулму истибдоди амирӣ ва сардамдорони он – амир, қозӣ, муфтӣ, миршаб, амлокдор, мулло, имом ва амсоли онҳо бунёд ёфта буд, имрӯз ҳам дар симои созмону ҳаракатҳои террористию экстремистии динӣ-мазҳабӣ ҷомеаи мо ва умуман, ҷавомеи ҷаҳониро ҷиддӣ таҳдид мекунанд. Бар мабнои ин, шинохти хасоиси ҷаҳл, таассуб ва хурофот, ки дар ҳар давру замоне аз худ асари беадолатӣ, беинзиботӣ, беназмӣ, беазмӣ, беиродагӣ, бегонасолорӣ, бешахсиятӣ ва билохира беҳувиятӣ мегузоранд, беш аз пеш дар китоби «Ёддоштҳо»-и Айнӣ ба таври равшану нишонрас баён ёфтаанд.
Сеюм. Устод Айнӣ нависанда, адиб, адабиётшинос, муаррих, донишманд ва мутафаккири миллист, ки миёни ҷаҳони куҳна (давраи амирсолорӣ) ва олами нав (замони ҳукумати Шуроӣ) мунсифона доварӣ намуда, мушаххасоту муҳтавиёти расму маросим, одату эътиқод, маданияту маърифат ва тарзи зиндагии табақоти гуногуни иҷтимоии Бухорои амириро барои насли наврас ва ҷавони замони нав бозгӯ намуда, дар баёни матолиб ҳеҷ гоҳ ҳадди инсофро убур накардааст. Мушоҳида, диққат, дониш, биниш, завқу салиқа ва мунтаҳо, таҷриботи шахсии устод Айнӣ дар китоби «Ёддоштҳо» натиҷагирӣ шудааст. Муҳим он аст, ки устод Айнӣ бо зеҳни ҷӯёву пӯё, ҳунари мушоҳидакорӣ ва дақиқназарӣ ҷараёни воқеоту ҳаводиси замонро мушикофона пайгирӣ ва дар ин замина хомафарсоӣ карда, ҳаёти мардуми аморати Бухороро, ки худ ҷузъи он салтанати қафомондаи феодалӣ буд, бо мушоҳидакорӣ, дақиқсанҷӣ ва ҷиддияти ҳунарӣ муваффақона ба риштаи тасвири бадеӣ баркашидааст. Аз ин ҷост, ки «Ёддоштҳо» танҳо то нимаи аввали садаи бист (то солҳои 50-ум) ба 21 забони дунё пурра тарҷима шуд (ниг.: Шукуров М. Хусусиятҳои ғоявию бадеии «Ёддоштҳо»-и устод С. Айнӣ. – Душанбе: Дониш, 1966. – С.9).
«Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ (1948-1954) асари ҷамъбастии нависанда буда (ниг.: Асозода Х. Воқеият, сиёсат ва Айнӣ. – Душанбе: Шуҷоиён, 2010. – С. 80), таҷрибаи ҳафтодсолаи таърихӣ, фикрӣ, сиёсӣ, адабӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии устодро дар бар гирифтааст.
Чорум. Муҳаққиқон таъкид кардаанд, ки устод Айнӣ ба воқеияти даврони амирсолорӣ то фарорасии Инқилоби Октябр (соли 1917) баҳои сиёсӣ додааст (ниг.: Асозода Х. Воқеият, сиёсат ва Айнӣ. – Душанбе: Шуҷоиён, 2010. – С. 40). Фаротар аз ин, устод бо диди густардаи худ дар қолаби насри бадеӣ на танҳо ба масоили сиёсӣ, балки ба куллияи матолиби замон ва макони мушаххас (манзур Бухорои амирӣ аст) бархӯрди воқеӣ-реалӣ ва таҳлилӣ-интиқодӣ кардааст. Ба назари устод Шакурӣ, «фикри амиқи замонӣ, чашмандози пурвусъати маънавию фалсафӣ шакли адабиётро тағйир медиҳад ва бадеияти нав ба он фикри муҳим, ба он ҷустуҷӯҳои маънавию фалсафӣ қувваи азиме ато карда, барои таъсири амалии эстетикӣ замина тайёр менамояд» (ниг.: Шукуров Муҳаммадҷон. Мактаби одамият. – Душанбе: Адиб, 1991. – С. 191). Бо таваҷҷуҳ ба ин, устод Айнӣ ба «он фикри муҳим» ва «қувваи азим» тамаркуз карда, ин ду иборати меҳварии адабӣ-бедеиро дар инсиҷом оварда, ба сарманзили ҳадаф – бедории фикрӣ ва маънавии хонанда расидааст.
Айнӣ ҳангоми тасвир ва баррасии мушкилоти замон ва беинзиботии аморат аз чеҳраҳои мунавварфикре мисли Аҳмадмахдуми Дониш, қозӣ Абдулвоҳиди Садри Сарир, Исомахдум, Шарифҷонмахдум, Абдулмаҷиди Зуфунун, Яҳёхоҷа, Содиқхоҷаи Гулшанӣ, Абдулхоҷаи Таҳсин, Мирзо Азими Сомии Бӯстӣ, Азизхоҷаи Азиз, Ҳомидбеки Ҳомид, Мирзо Ҳаити Саҳбо, Шамсиддинмахдуми Шоҳин, Мулло Амон ёдовар шуда, муқовимати ҳадафмандонаи ононро ба муқобили зулму истибдод ва ҷаҳолату таассуби замон дар сатҳи баланди бадеӣ ва маърифатӣ таҷассум намудааст. Яке аз қаҳрамонони маъруфи «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ Мулло Амон, ки ӯро метавон шахсияти ҷуръатманди мактаби равшанфикрии замон унвон кард, дар муқовимат алайҳи беинсофӣ, беадолатӣ, бетартибӣ, нодонӣ, ҷаҳолату хурофот ва таассуби мазҳабии ниҳоди ба истилоҳ, «муллоии амирсолорӣ» (нерумандтарин ниҳоди аморат муллоҳо маҳсуб меёфтанд, ки амир бевосита аз онҳо ҳимоят мекард) аз тамоми имконот истифода мекард.
Панҷум. Аз ҷониби дигар, шинохту муаррифии осори устод Айнӣ дар доираи маҳдуди филологӣ — забону адабиёт ва завқу салиқашиносии бадеӣ-эстетикӣ ҳаргиз кофӣ нест, балки муҳтавиёту мушаххасоти эҷодиёти устод бояд фаротар аз улуми адабӣ дар доираи илмҳои фалсафӣ матраҳ гардида, шахсияти чандбуъдии Айнӣ муаррифӣ гардад. Дар ин замина, татбиқи назариёти адабӣ, сиёсӣ, геосиёсӣ, мафкуравӣ, ҷомеашинохтӣ, равоншиносӣ, равонковӣ, фалсафӣ, таърихӣ ва амсоли инҳо дар маҳдудаи маконию замонии миллӣ бояд сурат бигирад. Манзур ин аст, ки фазои татбиқи назариёти илмию фаннии урупоиро метавон дар мероси арзишманди устод Айнӣ пайдо кард ва масири ҳаракати фикрӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, мафкуравӣ, ахлоқӣ, равонӣ ва фарҳангии миллиро дуруст шинохт. Мунтаҳо, шиносоӣ ва ташхис (диагностика)-и дурусти мушкилоти фикрӣ, ақидатӣ, ҳувиятӣ, ахлоқӣ, иқтисодӣ, маданӣ ва иҷтимоӣ шароти мусоидро барои ҳалли онҳо фароҳам оварда, роҳи раҳоӣ аз бебандуборию сардаргумию бунбасту буҳронҳоро ҳамвор месозад.
Шашум. Ба ин тартиб, устод Айнӣ аз даврони толибилмӣ (айёми таҳсилот дар мадориси Бухоро) ба муҳитҳои рӯшангарӣ роҳ меёбад ва ҳадаф мегузорад, ки дар танвири фикрӣ ва бедории иҷтимоии насли наврас ва ҷавони Бухорои амирӣ саҳми муносиб бигирад. Маҳз аз ин марҳала (манзур солҳои 1905-1912) фаъолияти маорифпарварӣ-рӯшангарии устод Айнӣ шуруъ мешавад. Устод замони талош ва ҷустуҷӯҳои худро дар заминаи касби дониш ва улуми дунявӣ ба ёд оварда, таъкид мекунад, ки: «чун ба муаллим Абдураҳмони Саидӣ (Абдураҳмон Саидӣ тотор буда, аз нахустин муассисони мактаби тоторӣ (соли 1906) дар Бухоро маҳсуб меёбад-Н.Н.) робитаи мо зиёд шуд…ҳар рӯз баъд аз фароғи таълим ба ҳуҷраи фақиронаи камина дар мадрасаи Кӯкалтош меомад, китобҳои тозабаромад ва рисолаҳои нофеаро оварда мутолеа намуда, ба мо тафҳим мекард. Китобу рисолаҳое, ки дар боби тарбия ва таълим дар Русия ва Истамбул таҳрир ва табъ ёфта буд, ба мо мутолеа мекунанд. Фақир ва Аҳмадҷон Махдуми Ҳамдиро ба ҷаридаи «Вақт» ва маҷаллаи «Шӯро» муштарӣ кунонд» (ниг.: Айнӣ, С. Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро. Куллиёт. Ҷ. 14. – Душанбе: Матбуот, 2005. – С. 42). Усулан, устод Айнӣ бар мабнои донишу биниш ва таҷрибаю собиқаи маорифпарварону рӯшангарони замон, аз ҷумла, Аҳмади Дониш, Мирзо Сироҷи Ҳаким, Раҳматуллоҳи Возеҳ, Сиддиқхоҷаи Аҷзӣ ва дигарон дар масири ислоҳи авзоъ ва тағйироти зеҳнию иҷтимоӣ бардамона гом бардошт. Устод рисолати маорифпарварӣ-рӯшангариро дар беҳбуд бахшидани вазъи асафбори иҷтимоию маънавӣ, саводнок кардани мардум ва пахшу нашри улум қаламдод карда, тавсияи худро дар шакли барнома-стратегияи адабӣ, илмӣ ва маданӣ ироа медорад: «Аввал танвири афкор ва нашри улум лозим аст, сонӣ ислоҳот худ ба худ ё ба иҷбори афкори умумӣ хоҳад шуд. Хулоса: илм чу ояд, ба ту гӯяд, ки кун» (ниг.: Айнӣ, С. Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро./Куллиёт. – Ҷ. 14. – Душанбе: Матбуот, 2005. – С. 160).
Ҳафтум. Агар марҳалаи аввали маорифпарварӣ-рӯшангарии устод Айнӣ ба замони амирӣ (солҳои 1908-1920) иртибот дошта бошад, марҳалаи баъдӣ ба даврони нави сохтмони давлат ва ҷомеаи сотсиалистӣ (солҳои 1920-1954) рост меояд. Бавежа, фаъолияти маорифпарварӣ-рӯшангарии Айнӣ дар марҳалаи ҳассоси нимаи дуюми солҳои бистуми садаи бист (солҳои 1924-1929), ки дар таърихи миллӣ ба сифати замони миллатсозӣ ва муқовимату муборизаҳои шадиди сиёсию мафкуравӣ муаррифӣ шудааст, сазовори таъкиду тазаккури мукаррар аст. Дар он марҳалаи ҳассос, ки тоҷик нав соҳиби ҷумҳурии алоҳида шуда буд, устод Айнӣ тариқи нашри мақолаю матолиби публитсистӣ рӯшангарӣ мекунад. Ин аст, ки Айнӣ дар нашрияи овозадори «Овози тоҷик» силсилаи матолиби ҷиддии публитсистӣ нашр кард, ки ба мавзуъ ва масъалаҳои муҳим ва рӯзмарраи миллӣ ихтисос ёфта буданд. Аз ҷумла, дар имтидоди солҳои 1924-1925 устод Айнӣ мақолаҳои «Қавми тоҷик ва рӯзнома» (ниг.: // Овози тоҷик, 25.08.1924), «Дар бораи мактаб ва маорифи тоҷик» (ниг.: // Овози тоҷик, 4.09.1924), «Тоҷикони кӯҳистон» (ниг.: // Овози тоҷик, 21.09 — 5.10.1924), «Дар бораи китобҳои мактабии тоҷикон» (ниг.: // Овози тоҷик, 12.11.1924), «Қобилияти ташкилотӣ дар тоҷикон» (ниг.: // Овози тоҷик, 4.10.1924), «Кори Тоҷикистон гул карданист» (// Овози тоҷик, 6.03.1925), «Дар бораи адабиёт ва китобҳои мактабии Тоҷикистон» (ниг.: // Овози тоҷик, 6.03.1925) ва амсоли инҳоро навишта, ба ин восита дар садру раъси ҳаракати маорифпарварӣ-рӯшангарии миллӣ қарор мегирад ва раванди муборизаю муқовиматҳои миллиро, ки дар доираи тоҷикият ва манофеи миллӣ мунсаҷим шуда буданд, таҳкиму тақвият мебахшад.
Ҳаштум. Бояд махсус ёдовар шуд, ки устод Айнӣ дар замон ва шароити ҳассоси таърихӣ (солҳои бистуми садаи бист), ки миллати тоҷик дар вартаи нобудию ҳалокат қарор дошта, мавҷудияташ аз ҳар тараф зери суол бурда мешуд, вазъро хуб дарк карда, дар пайи анҷом додани ибтикороти ҷиддию саривақтӣ шуда, ба таълифи китоби қисматсози «Намунаи адабиёти тоҷик», ки соли ҷорӣ (соли 2026) ба таълифи он сад сол пур мешавад, камар барбаста, дар кӯтоҳтарин муддат онро таълиф кардааст. Тибқи сарчашмаву осори таҳқиқӣ, «Намунаи адабиёти тоҷик» нахустин асари бузурги адабиётшиносӣ ва сиёсӣ-мафкуравии Садриддин Айнӣ буда, миёни 15 март-30 августи соли 1925 (тибқи баъзе иттилоот, санаи анҷоми китоб 25 сентябри соли 1925 мебошад) навишта шуда, соли 1926 дар шаҳри Москва аз тариқи Нашриёти марказии халқҳои ИҶШС ба табъ расидааст (ниг.: Айнӣ, С. Намунаи адабиёти тоҷик. Ба кӯшиши доктор Алии Равоқӣ, пешгуфтори Муҳаммадҷон Шакурӣ, Камолиддин Айнӣ ва Алӣ Асғари Шеърдӯст. Зери назари доктор Алӣ Асғари Шеърдӯст. – Теҳрон: «Созмони мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастӣ», 1385. – С. 318). Мусалламан, пас аз интишори китоб таҳоҷумоти ҷиддии сиёсию мафкуравӣ алайҳи Айнӣ ва китоби ӯ аз тарафи элитаи сиёсию ҳизбии пантуркистӣ сахт ҷараён мегирад, то дараҷае, ки душманон ба яке аз нухбагони олирутбаи ҳизбии рус, дабири Нашрияи расмии «Правда» Н. И. Бухарин (1888-1938) арз мекунанд, ки Айнӣ бо навиштани ин китоб амири Бухороро аз нав даъват кардану овардан мехоҳад. Дар асоси ин гуна дасисаву тавтеаҳо китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» барчида, ахз ва нобуд карда шуд. Устод Айнӣ дар номае ба А. А. Знаменский (1887-1943 дипломати машҳури рус ва намояндаи Вазорати умури хориҷии Иттиҳоди Шуравӣ дар Ӯзбекистон, ки аз китоби «Намуна…»-и устод ҳимоят кардааст), иқрор кардааст, ки «бо таълифи «Намунаи адабиёти тоҷик» фармудаи таърихро ба ҷо овардам» (ниг.: Султонов Ш., А. Вишневский. Сухан аз «Намунаи адабиёти тоҷик». // Садои Шарқ. – №4, 1988. – С. 132). Ба назари адабиётшиноси фақиди тоҷик устод Муҳаммадҷон Шакурӣ, китоби «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Айнӣ аз ҷанбаи илмию адабӣ доштанаш, бештар ҷанбаи қавии сиёсию иҷтимоӣ дошта, раванди шаклгирии миллияти тоҷикӣ ва шуури миллию ҳофизаи таърихии миллатро дар замону макони мушаххаси таърихӣ таҳкиму тақвият бахшидааст (ниг.: Бухороӣ, Муҳаммадҷон Шакурӣ. Намунаи адабиёти тоҷик ва аҳаммияти таърихии он. Айнӣ, Садриддин. Намунаи адабиёти тоҷик. Ба кӯшиши доктор Алии Равоқӣ, пешгуфтори Муҳаммадҷон Шакурӣ, Камолиддин Айнӣ ва Алӣ Асғари Шеърдӯст. Зери назари доктор Алӣ Асғари Шеърдӯст. – Теҳрон: «Созмони мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастӣ», 1385. – С. 11).
Нуҳум. Ташаббусоту ибтикороти созандаи устод Айнӣ ҳаргиз аз диди донишмандону муҳаққиқони саршиноси хориҷӣ дур намондааст. Муҳаққиқони хориҷӣ, аз ҷумла, дар хусуси таваҷҷуҳи устод Айнӣ ба сатҳи ҳувиятию ояндабинии миллӣ таъкиду тазаккуроти зарурӣ ироа доштаанд. Барои намуна, профессори ИМА Ҷонатан Зарман хидматҳои бедареғи устод Айниро дар ростои корбасти ҳадафмандонаи сарчашмаҳои асли таърихию адабӣ, бозтоби мантиқии ҳаводиси таърихӣ, муаррифии шоистаи таърихи миллӣ ва шахсиятҳои бузургу матраҳи аҷдодӣ хеле ҷолиб баён кардааст. Аз ҷумла, профессори амрикоӣ Ҷ. Зарман дар пешгуфтор аз сабку шеваи ибратбахшу омӯзандаи истифодаи устод Айнӣ аз манобеи таърихию адабӣ ба хотири ҳифзи иззату шарафу обрӯйи миллат тамҷид намуда, таъкид мекунад, ки Айнӣ аз «Таърихи Табарӣ»-и Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Ҷарир ат-Табарӣ, «Равзат-ус-сафо»-и Муҳамад ибни Ховандшоҳ ибни Маҳмуд – Мирхонд (таваллудаш 837/1433), «Таърихи Бухоро»-и Абубакр Муҳамад ибни Ҷаъфар ал-Наршахӣ (38 маротиба устод Айнӣ аз ин манбаи таърихӣ бевосита ва 3 маротиба дар тавзеҳоти поварақ иқтибос овардаст), «Таърихи Ҷаҳонкушо»-и Атомалики Ҷувайнӣ (ки таърихи худро соли 653/1256 ба поён расонидааст, ба Темурмалик таваҷҷуҳи хосса доштааст) бо таваҷҷуҳ ба хостгоҳи миллӣ ва ҳифзи иззату шарафи миллат истифода кардааст (таваҷҷуҳ шавад ба: Зарман, (профессори ИМА). Маъхазҳои асл ва тарҷумаи англисии онҳо дар очеркҳои С. Айнӣ (Пешгуфтор ба матни англисии «Ҳамосаи миллии Тоҷикистон». «Исёни Муқаннаъ» ва «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» дар тарҷумаи Абдусалом Мамадназаров. – Лондон-Ню-Йорк: «Роут-лиҷ» – 2024). Таҳияи Абдусалом Мамадназаров. // Адабиёт ва санъат №14 (2244), 11 апрели соли 2024. – С.4-5).
Даҳум. Дар шароити муосири бархурдҳои қудратҳои сиёсии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ шинохти илмӣ, воқеӣ ва ҳирфавии меросу арзишҳои гузаштаю имрӯзаи миллӣ ва башарӣ стратегияи рақами як маҳсуб меёбад, зеро ки бидуни ташхиси дурусти меросу осори гузашта ва татбиқи илмии он дар вазъияти имрӯза сатҳи имкони поистан ва давом бахшидани фарҳангу сиёсати миллӣ пойин меравад. Иммунитет-масуният ё сироятнопазирии иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, ҳунарӣ, мафкуравӣ ва билохира маънавӣ бо даст ёфтан ба илми зинда ва андӯхтани таҷрибаи ҷаҳонӣ ба вуҷуд меояд, дар баданаҳои ҷомеа маҳкам ҷой мегирад, қолаби иҷтимоӣ ва равониро дар баробари вирус ва бактерияҳои гуногуни фикрӣ, динӣ-мазҳабӣ ва мафкуравии бегона, ки тариқи таблиғоти рӯзафзуни шабакаҳои иҷтимоӣ дар даҳсолаҳои ахир бар афкори наслҳои ҷавону миёнсоли ҷомеаи тоҷи тасаллут пайдо карда истодааст, қудратманд месозад.
Нозим НУРЗОДА,
пажуҳишгар













