6-7 апрел дар шаҳри Душанбе, 8 апрел дар ноҳияи Данғара ва 10 апрел дар шаҳри Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 доир гардид.
Маросими ифтитоҳи он 6 апрел дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, намояндагони корпуси дипломатӣ, роҳбарону намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷ ва дохили кишвар, шарикони рушд, инчунин, меҳмонон ва иштирокчиёни фестивал аз мамлакатҳои хориҷӣ баргузор гардид.
Дар қисмати дуюми фестивал, ки дар Маркази «ЭКСПО-Душанбе» баргузор шуд, намояндагони зиёда аз 60 донишгоҳи хориҷӣ имкониятҳои таҳсилро барои довталабон муаррифӣ намуданд.
Дар заминаи баргузории фестивал бо чанде аз намояндагони мактабҳои олии хориҷӣ суҳбат оростем, ки фишурдаи онро пешниҳоди хонандагон менамоем.
Шукрона Ахмедова — шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон, донишҷӯи курси чоруми Донишгоҳи техникии алоқа ва информатикаи шаҳри Москва:
– Дар баробари донишҷӯ будан, корманди шуъбаи хориҷии муассиса мебошам. Дар фестивал-намоиш донишгоҳро баҳри довталабон ва донишҷӯёни оянда муаррифӣ намудем. Зимни ин шиносоӣ диққати довталабонро бештар ихтисосҳои алоқа, информатика ва зеҳни сунъӣ ҷалб кард. Айни замон дар зинаҳои таҳсили бакалавр ва магистратураи донишгоҳ зиёда аз 130 донишҷӯи тоҷик таҳсил менамоянд. Донишгоҳ ба ҷавонони тоҷик имкон медиҳад, ки баъди хатми таҳсил ҳамчун мутахассисони варзида дар рушду пешрафти Ватан саҳми муносиб гузоранд.
Воқеан, фестивал-намоиш омили барқарорсозии робитаҳои мустақим миёни донишгоҳҳо, рушди ҳамкориҳои илмӣ ва инноватсионӣ хидмат мекунад. Ҳамчунин, барои татбиқи барномаҳои муштарак, аз ҷумла, дипломҳои дугона, таъсиси факултетҳои муштарак, роҳандозии лоиҳаҳои илмӣ, рақобатпазир намудани бозори меҳнат имкониятҳои васеъ фароҳам месозад.
Муҳаммад Юлдашев — намояндаи Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
– Донишгоҳҳои ӯзбекистон платформаи техникии замонавиро роҳандозӣ кардаанд ва имкон медиҳад, ки донишҷӯёни хориҷӣ мустақиман ба феҳристи ихтисосҳои донишгоҳ дастрасӣ пайдо кунанд. Ҳоло 500 грант ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, 100 грант ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо шудааст.
Наталия Битвя — мутахассиси факултети ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии техникии Беларус:
– Донишгоҳи миллии техникии Беларус яке аз донишгоҳҳои пешсафи техникӣ ба шумор меравад. Донишгоҳ дорои 19 факултет мебошад. Бо Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст. Дар доираи ин ҳамкорӣ, донишҷӯён метавонанд 2 сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сипас дар Донишгоҳи миллии техникии Беларус таҳсил намоянд.
Чунин ҳамкориҳо барои табодули таҷриба, рушди малакаи касбӣ, тақвият додани дониш, ҳамгироӣ ва тарбия намудани кадрҳои баландтахассус мусоидат мекунанд. Аз ин ҷост, ки ҳамасола донишгоҳҳои кишвар бо донишгоҳҳои хориҷӣ даҳҳо шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд.
Д. Шков — намояндаи Донишгоҳи давлатии Урал:
– Донишгоҳ дорои шабакаи васеи таълимӣ мебошад. Филиалҳои донишгоҳ дар шаҳрҳои Троитск ва Миасское мавҷуд буда, таҳсил асосан аз рӯйи таълими ветеринарӣ ва муҳандисӣ ба роҳ монда шудааст. Вобаста ба талаботи замон муҳандиси муосир бояд бо технологияҳои рақамӣ ҳамқадам бошад. Бинобар ин, донишҷӯён бо барномаҳои моделсозӣ фаъолона кор мекунанд ва ҳамчун мутахассиси дорои ҷаҳонбинии пешрафтаи техникӣ ба камол мерасанд.
Зарурати мутобиқшавии таҳсил ба талаботи технологияҳои муосир талаби замони муосир буда, дар ин шароит низоми таълим бояд ҳамқадам бо ин раванд тағйир ёбад. Аз ин рӯ, ворид намудани технологияҳои рақамӣ, барномаҳои моделсозӣ, омӯзиши IT-ихтисосҳо ва усулҳои инноватсионӣ ба раванди таълим аҳаммияти аввалиндараҷа пайдо мекунад. Ҳамчунин, омӯзгорон бояд пайваста малакаҳои худро такмил дода, бо дастовардҳои навини илм ва техника ошно бошанд.
Надежда Хакимова — роҳбари корҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Тюмен:
– Донишгоҳи давлатии Тюмен аз рӯйи ихтисосҳои ҳуқуқшинос, судя, прокурор, иқтисодчӣ, географ ва экологҳо барои минтақаҳо мутахассис омода менамояд. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисони физика, робототехника ва дигар соҳаҳо муҳиманд. Дар донишгоҳ ҷойҳои буҷавӣ зиёд ҳаст. Албатта, барои дохил шудан ба донишгоҳ, пеш аз ҳама, донистани забони русӣ дар авлавият қарор дорад.
Ким Сунг Ҷин — роҳбари Маркази таҳсилоти байналмилалии Донишгоҳи лифтсозии Корея:
– Донишгоҳи мо ба барномаҳои таълимии марбут ба лифтҳо ихтисос дорад. Таҳсил ду сол давом мекунад ва донишҷӯён ҳамчун муҳандисони лифт соҳиби диплом мешаванд. Пас аз хатм онҳо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, саноат ва сохторҳои давлатӣ фаъолият карда метавонанд. Самтҳои асосии фаъолияти онҳо насб (монтаж), хизматрасонӣ, санҷиш, инчунин, қонун ва меъёрҳои марбут ба лифтҳо мебошанд. Айни замон дар ҷаҳон тақрибан 2 миллиарду 56 миллион лифт мавҷуд аст, ки бояд ҳар моҳ онҳо санҷида шаванд. Аз ин лиҳоз, тавсия медиҳам, ки довталабони Донишгоҳи лифтсозии мо ҳарчи бештар ин ихтисосро интихоб намоянд.
Бояд гуфт, ки дар шароити имрӯза, ки бозори меҳнат пайваста тағйир меёбад, маҳз чунин ихтисосҳо метавонанд талаботи зиёд дошта бошанд. Аз ин рӯ, шиносоӣ бо чунин ихтисосҳо метавонад онҳоро ба интихоби дуруст роҳнамоӣ кунад.
Маҳроил Фармонов — намояндаи Донишгоҳи шаҳрӣ дар Малайзия:
– Лоиҳаи махсус барои довталабони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ омода намудаем, ки онҳо метавонанд баъди хатми синфи 11 як сол ройгон таҳсил кунанд, сипас бо тахфифи 50 фоиз ба таҳсил идома диҳанд. Дар донишгоҳ зиёда аз 80 барнома аст, ки курси забономӯзӣ, ихтисосҳои бакалавриат, магистратура ва докторантураро фаро мегиранд. Айни замон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ зиёда аз 50 донишҷӯ таҳсил мекунад.
Ким Вон Сик — директори иҷроияи шуъбаи корҳои байналмилалии Донишгоҳи ДЭГУ-и Кореяи Ҷанубӣ:
– Мо ба Тоҷикистон омадем, то барои донишгоҳ донишҷӯёни арзандаро пайдо намоем. Дар донишгоҳ зиёда аз 1300 донишҷӯ аз 16 кишвари хориҷӣ таҳсил мекунанд. Дар донишгоҳ, аз ҷумла, аз рӯйи самтхои K-pop, моделинг (K-modeling) ва ғизои кореягӣ (K-food) мутахассисон омода карда мешаванд.
Фестивал нишон медиҳад, ки имрӯз барои ҳар як ҷавон имкониятҳои фаровони таҳсил ва рушди касбӣ фароҳам аст. Агар ҷавон ҳадафмандона қадам гузорад, метавонад аз миёни ин ҳама имкониятҳо беҳтарин ихтисосро интихоб кунад.
Дарвоқеъ, ташкили чунин чорабиниҳо барои ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон ва интихоби дурусти онҳо хидмат мекунанд.
Ҷасури ҚИЁМИДДИН,
«Омӯзгор»













