ҲУБОБ АЗ РӮРАВИҲО ТАҲТИ ДАРЁРО ЧӢ МЕДОНАД…

Вокуниш ба мақолаи “Маориф. Чаро аз пашша фил месозему «фил»-ҳои воқеиро нодида мегирем?!”, ки дар сомонаи расмии рӯзномаи “Ҷумҳурият” ва саҳифаи фейсбукии рӯзноманигор Кароматулло Ато нашр шудааст)

Пешгуфтор
Дар фазои иттилоотии муосир, ки матбуот на танҳо василаи интиқоли хабар, балки омили ташаккули афкори ҷамъиятӣ ва ҳифзи арзишҳои давлатӣ маҳсуб меёбад, мавқеи журналистӣ бояд бо масъулияти баланди сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ ифода гардад. Махсусан, вақте сухан дар бораи соҳае меравад, ки пояи ҳастии миллат, яъне, маориф ва шахсияти омӯзгор аст.
Мақолаи таҳти унвони «Маориф. Чаро аз пашша фил месозему “фил”-ҳои воқеиро нодида мегирем?!», ки дар сомонаи рӯзномаи “Ҷумҳурият” бе имзо ва дар саҳифаи фейсбукии рӯзноманигор Кароматулло Ато нашр шудааст, дар назари аввал метавонад ҳамчун як андешаи интиқодӣ ва таҳлилии журналистӣ арзёбӣ гардад. Аммо таҳлили амиқ нишон медиҳад, ки муаллиф дар чанд нуқтаи калидӣ на танҳо аз мантиқи илмӣ ва воқеияти ҳуқуқӣ дур мондааст, балки бар зидди меъёрҳои санадҳои расмии давлатӣ, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор», мавқеъ гирифтааст.
Аввалин ва муҳимтарин масъала, муносибат ба талаботи қонун мебошад. Тавре дар моддаи 11-и қонуни мазкур таъкид шудааст, мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо вазифадоранд, омӯзгорро ба фаъолияти ғайрисоҳавӣ ҷалб накунанд, аз ҷумла, ба ҷамъоварии маблағҳо, обунаи маҷбурӣ ва дигар амалҳое, ки ба раванди таълиму тарбия иртибот надоранд. Ин меъёр ифодаи сиёсати давлатии Пешвои миллат дар самти ҳифзи шаъну шарафи омӯзгор ва озодсозии ӯ аз ҳар гуна фишорҳои беруна мебошад.
Аммо муаллифи мақолаи зикршуда, баръакс, кӯшиш кардааст, ки чунин амалҳоро «мушкилоти ҷузъӣ» ва ҳатто «бемавқеъ» нишон диҳад. Ин гуна бархӯрд на танҳо содасозии масъала, балки нодида гирифтани моҳияти сиёсати давлатӣ аст. Чунки ҳар як «30-50 сомонӣ», ки аз омӯзгор ё волидайн ситонида мешавад, дар сатҳи инфиродӣ метавонад ночиз намояд, аммо дар умум, ба як падидаи хавфнок, яъне, одат кардани ҷомеа ба вайроншавии меъёрҳои ҳуқуқӣ мубаддал мегардад.
Муаллиф ҳатто ба таври пинҳонӣ чунин фикрро тарғиб мекунад, ки гӯё матбуот набояд ин гуна масъалаҳоро матраҳ кунад, зеро ин метавонад «обрӯи соҳа»-ро коста гардонад. Ин андеша аз нигоҳи илмии журналистика комилан нодуруст аст. Зеро вазифаи матбуоти миллӣ пинҳон кардани мушкилот нест, балки бо усули масъулона ва созанда ошкор ва бартараф намудани онҳост. Маҳз бо дарки ин масъала, роҳбарияти Вазорати маориф ва илм дар тамоми мулоқоту вохӯриҳо бо намояндагони ВАО даъват ба амал меоранд, ки барои ошкор ба бартараф намудани ин ё он камбуду мушкилот дар паҳлуи онҳо бошанд. Пинҳонкорӣ на ҳифзи обрӯ, балки суст кардани эътимоди ҷомеа ба давлат мебошад.
Дар ҳамин замина, як зиддияти ҷиддӣ дар мавқеи муаллиф мушоҳида мешавад: аз як тараф, ӯ аз сиёсати Пешвои миллат дар ҷалби мардум ба китобхонӣ ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор ситоиш мекунад, аз тарафи дигар, амалҳое, ки мустақиман бар хилофи ин сиёсатанд (масалан, ҷалби омӯзгор ба корҳои ғайрисоҳавӣ ё фишор барои обуна), камаҳаммият нишон медиҳад. Ин на танҳо зиддияти мантиқӣ, балки норасоии дарки сиёсати давлатӣ мебошад.
Бозгашт ба муқаддимаи мақола
Муаллиф дар муқаддимаи мақолааш як навъ суолгузорӣ мекунад: “…бо вуҷуди «татбиқи босамар»-и барномаҳои беҳисоби давлатӣ, ҳалли мушкил вобаста ба нарасидани ҳамагӣ 2-3 ҳазор омӯзгор дар қаламрави кишвар аз як Паёми Пешвои муаззами миллат то Паёми дигарашон таъхир мехӯрад? … вале Вазорат бо соҳибии миллиардҳо сомонӣ аз буҷети давлатӣ ва миллионҳо доллар сармояи хориҷӣ дар ин самт ҳамчунон ноуҳдабаро боқӣ мемонад?”. Чунин суолгузории муаллиф касро ба ҳайрат мегузорад ва дар худ суол медиҳад: оё ин журналист миёни вазорату соҳа фарқ мегузошта бошад?
Соҳаи маориф ва илм дар сиёсати иҷтимоии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар меҳвар қарор дорад. Аз Буҷети давлатии соли 2026 ба соҳаи маориф 13,7 млрд сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки 7% Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва 20% қисми хароҷоти буҷети давлатиро ташкил дода, нисбат ба соли 2025 ба маблағи 2 миллиарду 767 миллион сомонӣ ё ин, ки 25,4% зиёд мебошад. Аммо ба таваҷҷуҳи муаллифи муҳтарам мерасонем, ки дар маҷмуъ, тавассути дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо 72,7 миллион сомонӣ (аз ин 25,7 миллион сомонӣ барои музди маош ва нигаҳдории дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм ва боқимонда барои татбиқи 3 барномаи давлатӣ ва муассисаҳои тобеъ) хароҷот карда мешаваду халос. Дигар маблағҳо тавассути мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳру ноҳияҳо ва дигар вазорату кумитаву ташкилоте, ки дар тобеияташон муассисаи таълимӣ доранд, татбиқ мешаванд. Аз ин рӯ, пеш аз нашри мақола, хуб мешуд, агар муаллиф боре аз масъулини вазорат дурустии татбиқшавии маблағҳоро дақиқ мекард.
Уштура гуфтем ғамза кун…
Қисмати дигари мақола, ки ба муқоисаи нашрияҳои «Ҷумҳурият» ва «Омӯзгор» бахшида шудааст, боз ҳам бештар суолҳои ҷиддӣ ба миён меорад. Муаллиф кӯшиш мекунад, ки бо овардани чанд рақам ва далелҳои интихобӣ, «Ҷумҳурият»-ро ҳамчун минбари асосӣ ва муассир барои омӯзгорон муаррифӣ намояд. Аммо ин муқоиса аз нигоҳи илмӣ ва касбӣ чандон устувор нест.
Аввалан, бояд ба таври возеҳ дарк кард, ки рисолати нашрияҳои мазкур куллан гуногун аст. «Ҷумҳурият» ҳамчун рӯзномаи сиёсӣ ва умумимиллӣ вазифаи фарогири иттилоотӣ дорад, дар ҳоле ки «Омӯзгор» нашрияи соҳавӣ буда, мустақиман ба ниёзҳои касбии омӯзгорон равона шудааст. Муқоисаи ин ду нашрия бидуни ба инобат гирифтани фарқияти рисолат ва аудитория, худ як иштибоҳи методологист.
Сониян, арзёбии нашрия танҳо аз рӯйи нархи обуна ё шумораи мақолаҳо наметавонад нишондиҳандаи воқеии таъсир ва аҳаммияти он бошад. Нашрияи «Омӯзгор» дар тӯли фаъолияти худ ба як мактаби воқеии фикрӣ ва методӣ барои омӯзгорон табдил ёфтааст. Он на танҳо масъалаҳоро инъикос мекунад, балки роҳҳои ҳалли онҳоро пешниҳод менамояд, таҷрибаи пешқадамро тарғиб мекунад ва ба такмили ихтисоси омӯзгор мусоидат менамояд.
Сеюм, иддаои муаллиф дар бораи «тиҷоратӣ» будани «Омӯзгор» на танҳо беасос, балки аз нигоҳи ахлоқӣ низ қобили қабул нест. Зеро ҳар як нашрияи соҳавӣ барои таъмини фаъолияти худ ба манбаъҳои молиявӣ ниёз дорад ва ин маънои онро надорад, ки ҳадафи он фоида аст. Баръакс, фаъолияти «Омӯзгор» бештар ба хидматрасонии маънавию касбӣ нигаронида шудааст, на ба манфиати иқтисодӣ.
Муҳимтар аз ҳама, муаллиф як нуктаи калидиро нодида гирифтааст: барои омӯзгор муҳим на танҳо дастрасӣ ба иттилооти умумӣ, балки дастгирии касбӣ, методӣ ва маънавист. Ва маҳз ҳамин рисолатро «Омӯзгор» иҷро мекунад. Агар «Ҷумҳурият» минбари умумимиллӣ бошад, «Омӯзгор» минбари касбӣ ва ихтисосии омӯзгор аст ва ин фарқият на камбуд, балки бартарии он аст.
Аз ин рӯ, метавон бо итминон гуфт, ки аз нигоҳи муҳтаво, самтгирӣ ва аҳаммият барои аудиторияи мақсаднок, нашрияи «Омӯзгор» на танҳо ҳамсанг, балки дар бисёр ҷанбаҳо болотар аз «Ҷумҳурият» қарор дорад. Зеро он ба ниёзҳои воқеии омӯзгор посух медиҳад, на танҳо ба ташаккули афкори умумӣ.
Дар маҷмуъ, мақолаи баррасишуда намунаи он аст, ки чӣ гуна норасоии дарки сиёсати давлатӣ ва меъёрҳои ҳуқуқӣ метавонад ба таҳлили яктарафа ва хулосаҳои нодуруст оварда расонад. Дар шароите, ки давлат ба баланд бардоштани мақоми омӯзгор аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад, матбуот бояд ҳамқадам бо ин сиёсат бошад, на дар муқобили он.
Аз ин рӯ, журналисти муҳтарам бояд дарк намояд, ки ҳифзи шаъну шарафи омӯзгор танҳо бо суханони зебо не, балки бо риояи қатъии қонун, эҳтироми ҳуқуқи ӯ ва дастгирии воқеии касбии ӯ имконпазир аст. Ва дар ин роҳ, нашрияҳое мисли «Омӯзгор» нақши калидӣ доранд.
Чунин тарзи муқоисагузорӣ, танҳо ҳамон гуфтаи “Уштура гуфтем ғамза кун..”-ро ба ёд меораду бас.
“Математика шоҳи фанҳост”
Ин шиори олими бузурги олмонӣ Карл Фридрих Гаусс дар тамоми синфхонаҳои таълимии фанни математикаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ насб шудааст. Баъд аз мутолиаи мақолаи К. Ато кас ба хулоса меояд, ки мавсуф на танҳо аз ин шиор бехабар аст, балки одитарин ҳисоби математикиро намедонад. Бо овардани чанд рақами математикӣ, журналист дарк намекунад, ки хонандаро як навъ ба иштибоҳ меандозад. Бубинед, чӣ менависад: “…имрӯз ин рӯзнома (манзур “Ҷумҳурият” аст) бо арзиши ҳамагӣ 95 дирам фурӯхта мешавад. …ин нашрия (манзур ҳафтаномаи “Омӯзгор” аст) на рӯзнома, балки ҳафтанома буда, соле ҳамагӣ 52 нусха аз чоп мебарояд, вале бо арзиши нисбатан хеле баланд, аниқтараш бо 185 сомонӣ ба омӯзгорон «ихтиёрӣ» фурӯхта мешавад. Яъне, агар муаллим рӯзномаи воқеиро имкони ҳамарӯза бо 95 дирам хондан дошта бошад, нашрияи соҳавияшро қариб 3 сомониву 60 дирам (!) бояд, ки бихарад.” Мо ба журналист дарси математикӣ доданӣ нестем, аммо барои хонанда як нуктаро шарҳ медиҳем. Нахуст, агар рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар як ҳафта 5 маротиба нашр шавад, пас, арзиши якҳафтаинаи он (0,95х5=4,75) 4 сомонию 75 дирам мешавад. Яъне, дар як ҳафта муаллим бо нархи 4 сомонию 75 дирам рӯзнома мехарад. Нашрияи “Омӯзгор” на 185 сомонӣ, балки 138 сомонӣ арзиш дорад, ки омӯзгор дар як ҳафта бо нархи 2 сомонию 65 дирам рӯзнома харидорӣ мекунад.
Ҳамзамон, дар аксар маврид рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар формати А2 дар 4 саҳифа нашр мешавад, ки 8 саҳифаи формати А3-ро ташкил медиҳад. Ҳафтаномаи “Омӯзгор” дар формати А3 бо 16 саҳифа бо 4 саҳифаи ранга ҳар ҳафта нашр мешавад. Акнун хонандаи закӣ худ қазоват кунад, ки кадоме аз ин нашрияҳо барои муаллим арзону кадоме гарон аст!?
Нуктаи дигар ҷолиби таваҷҷуҳ ин аст, ки муаллиф “Маҳз ҳамин андеша маро чун муаллиме, ки собиқаи беш аз 30-сола ва Аълочии соҳа унвон дорам, водор сохт…” менависад. Аҷабо, ҳар нафаре, ки бо рӯзноманигор Кароматулло Ато шинос аст, хуб медонад, ки мавсуф соли 1994 таваллуд шудаву ҳамагӣ 32 сол дорад ва чӣ гуна як навраси 2-сола ба пешаи омӯзгорӣ пардохтаасту ҳамакнун собиқаи сисолаи корӣ дорад!?
Ҳамраъйии касбӣ ва масъулияти ахлоқии журналист
Аслан, дар фазои иттилоотии ҳар як ҷомеаи мутамаддин, махсусан, ҷомеаҳое, ки дар марҳалаи таҳкими давлатдорӣ ва худшиносии миллӣ қарор доранд, мафҳуми ҳамраъйии касбӣ яке аз сутунҳои асосии фаъолияти журналистӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамраъйии касбӣ, пеш аз ҳама, маънои онро дорад, ки намояндагони як соҳа (дар ин маврид журналистон) новобаста аз гуногунии мавқеъ ва минбарҳои худ, бояд якдигарро эҳтиром намоянд, фаъолияти ҳамдигарро бо адолат арзёбӣ кунанд ва дар баррасии масъалаҳо аз ҳадди инсоф ва меъёрҳои касбӣ берун нараванд. Ин принсип, махсусан, дар ҳолатҳое аҳаммияти бештар пайдо мекунад, ки баҳсҳо ба масъалаҳои ҳассос, аз ҷумла, соҳаҳои иҷтимоӣ, мисли маориф, дахл доранд.
Мутаассифона, таҳлили мақолаи нашршуда дар сомонаи рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва саҳифаи К. Ато нишон медиҳад, ки муаллиф дар бархӯрди худ ба ҳамкасбони соҳаи дигар, яъне, аҳли эҷоди нашрияи «Омӯзгор» на танҳо аз ин меъёр дур рафтааст, балки дар баъзе мавридҳо ба таври ошкоро беэҳтиромӣ кардааст. Ин ҳолат на танҳо як масъалаи инфиродӣ, балки нишонаи нодида гирифтани фарҳанги муоширати касбӣ мебошад.
Аввалин нуктае, ки дар ин замина диққатро ҷалб мекунад, тарзи баёни андешаҳо дар бораи нашрияи «Омӯзгор» аст. Муаллиф бо истифода аз муқоисаҳои яктарафа ва баъзан бо лаҳни танқидии сахт, кӯшиш кардааст, ки ин нашрияро ҳамчун як сохтори «тиҷоратӣ» ва камсамар муаррифӣ намояд (ин дар ҳолест, ки нашрияи “Омӯзгор” дар қиёс бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар баробари обуна кардан аз буҷети давлат маблағгузорӣ намешавад). Ин гуна бархӯрд, агарчи метавонад ҳамчун як андешаи шахсӣ арзёбӣ шавад, аммо дар чаҳорчӯби журналистикаи касбӣ бояд бо эҳтиёт, бо далелҳои мукаммал ва бо риояи эҳтиром ба фаъолияти дигарон пешниҳод гардад.
Дар ҳолати мавриди баррасӣ, муаллиф на танҳо аз таҳлили мутавозин худдорӣ кардааст, балки фаъолияти як нашрияи соҳавиро, ки солҳо ба манфиати омӯзгорон хизмат мекунад, ба таври умумӣ зери суол бурдааст. Ин амал аз нигоҳи ахлоқии журналистика қобили қабул нест, зеро танқид бояд созанда бошад, на таҳқиромез, бояд ба такмил мусоидат кунад, на ба паст задани нуфуз.
Дуюм, дар мақола тамоюли равшани муқобилгузории сунъӣ байни ду нашрия – «Ҷумҳурият» ва «Омӯзгор» мушоҳида мешавад. Ин гуна муқоиса, ки бидуни дарназардошти рисолати гуногуни ин ду минбар анҷом дода шудааст, на танҳо аз нигоҳи методологӣ нодуруст аст, балки метавонад ҳамчун кӯшиши боло бурдани нуфузи як нашрия аз ҳисоби паст задани дигаре арзёбӣ гардад. Дар ҳоле ки принсипи ҳамраъйии касбӣ талаб мекунад, ки ҳар як минбар бо эҳтиром ба ҷойгоҳи худ ва дигарон арзёбӣ шавад.
Сеюм, муаллиф дар баррасии масъалаи обуна ва фаъолияти нашрияҳои соҳавӣ аз як навъ умумисозии носаҳеҳ истифода кардааст. Ӯ бе пешниҳоди таҳлили амиқ ва муқоисаи воқеӣ, ба хулосаҳои қатъӣ мерасад, ки гӯё нашрияҳои соҳавӣ, аз ҷумла, «Омӯзгор», ба манфиати омӯзгорон ҷавобгӯ нестанд. Ин гуна хулосаҳо, ки бар асоси далелҳои маҳдуд ва интихобӣ пешниҳод мешаванд, на танҳо илман заифанд, балки метавонанд ба обрӯи як гурӯҳи пурраи эҷодӣ таъсири манфӣ расонанд.
Дар ин замина, бояд таъкид кард, ки эҳтиром ба меҳнати дигарон, бахусус, ҳамкасбон яке аз меъёрҳои асосии фаъолияти журналистист. Нашрияи «Омӯзгор» на танҳо як минбари иттилоотӣ, балки як мактаби фикрӣ, як фазои касбӣ ва як платформаи рушди маърифатии омӯзгорон мебошад. Паст задани чунин минбар бидуни таҳлили ҳамаҷониба, дар асл, беэҳтиромӣ ба тамоми ҷомеаи омӯзгорон низ мебошад.
Чаҳорум, дар мақола норасоии як унсури муҳимми журналистика, яъне, тавозуни назарҳо ба назар мерасад. Муаллиф танҳо як мавқеъро пеш мебарад ва барои пешниҳоди дидгоҳи муқобил ё андешаи намояндагони нашрияи «Омӯзгор» ҷой намегузорад. Ин ҳолат низ хилофи меъёрҳои касбӣ буда, нишон медиҳад, ки мавод бештар хусусияти субъективӣ дорад, на таҳлилии воқеӣ.
Аз ин ҷо ба хулосае омадан мумкин аст, ки бархӯрди муаллифи «Ҷумҳурият» нисбат ба аҳли эҷоди «Омӯзгор» на танҳо аз доираи ҳамраъйии касбӣ берун рафтааст, балки дар баъзе мавридҳо ба меъёрҳои оддии эҳтироми инсонӣ низ ҷавобгӯ нест. Ин гуна муносибат, агар ба як раванд табдил ёбад, метавонад ба фазои умумии журналистика таъсири манфӣ расонад ва сатҳи эътимоди ҷомеаро коҳиш диҳад.
Дар шароити имрӯза, ки ҷомеа ба иттилооти боэътимод ва таҳлили масъулона ниёз дорад, журналистон бояд на танҳо нақши интиқодгар, балки нақши муттаҳидкунанда ва созандаро низ иҷро намоянд. Ҳамраъйии касбӣ дар чунин ҳолатҳо на маънои даст кашидан аз танқид, балки маънои пешниҳоди танқиди одилона, бо эҳтиром ва бо ҳадафи такмил мебошад.
Метавон гуфт, ки риояи меъёрҳои ахлоқии журналистика ва эҳтиром ба ҳамкасбон на танҳо нишонаи фарҳанги касбӣ, балки шарти зарурии рушди солими фазои иттилоотӣ мебошад. Ва ҳар гуна бархӯрде, ки аз ин меъёрҳо дур меравад, бояд бо вокуниши масъулона ва таҳлили ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардад, то ки арзишҳои асосии журналистика – адолат, эҳтиром ва ҳақиқат ҳифз шаванд.
Хулоса
Дар ҷамъбасти баррасии матлаби нашршуда, метавон бо итминони комил гуфт, ки мақолаи пешниҳодшуда на ҳамчун як таҳлили воқеӣ ва масъулонаи журналистӣ, балки бештар ҳамчун намунаи бархурди сатҳӣ, яктарафа ва дур аз меъёрҳои касбӣ зуҳур кардааст. Муаллиф, ба ҷои дарки амиқи сиёсат ва санадҳои ҳуқуқии давлат, махсусан, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор», кӯшиш кардааст, ки масъалаҳои комилан принсипӣ ва бо сиёсати давлатӣ танзимшавандаро ба сатҳи «ҷузъӣ» ва «ноарзиш» поин барад. Ин гуна содасозии масъала, дар асл, на танҳо таҳриф кардани воқеият, балки беэътиноӣ ба сиёсати ҳадафмандонаи давлат дар самти ҳифзи шаъну шарафи омӯзгор мебошад.
Беш аз ин, муқоисаи сунъӣ ва ғайрикасбии байни нашрияҳои «Ҷумҳурият» ва «Омӯзгор» нишон дод, ки ин равиш хилофи ахлоқи журналистика, меъёрҳои ҳамраъйии касбӣ ва фарҳанги муоширати иттилоотист. Зеро нашрияи «Омӯзгор» бо тамоми муҳтавои худ як минбари махсусгардонидашудаи рушди касбӣ, методӣ ва маънавии омӯзгор буда, арзиши он бо меъёрҳои соддаи бозорӣ ё муқоисаҳои рӯякӣ чен намешавад.
Дар воқеъ, қимати як нашрия на бо арзонии коғаз ва теъдоди нусхаҳо, балки бо таъсири маънавӣ, нақши он дар рушди тафаккури касбӣ ва саҳмаш дар таҳкими пояҳои иҷтимоии давлат муайян мегардад. Аз ҳамин нуқтаи назар, «Омӯзгор» ҳамчун минбари соҳавӣ, ки мустақиман ба эҳтиёҷоти омӯзгор ҷавоб медиҳад, дар фазои маърифатии кишвар ҷойгоҳи хоси худро дорад ва наметавон онро бо усули муқоисаи содда ва ғайримуқаррарӣ камаҳаммият нишон дод.
Метавон ба таври қатъӣ хулоса кард, ки мақолаи мавриди назар на танҳо натавонистааст воқеияти соҳаи маориф ва масъалаи мақоми омӯзгорро дуруст инъикос намояд, балки дар баъзе ҷанбаҳо бо сиёсати давлатӣ, меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқии журналистика дар зиддият қарор гирифтааст. Чунин маводҳо на ба ислоҳи камбудҳо мусоидат мекунанд ва на ба таҳкими эътимоди ҷомеа, балки баръакс, метавонанд боиси таҳрифи афкор ва коҳиши сатҳи масъулияти иттилоотӣ гарданд.
Танқиди беасос, муқоисаи ғайрикасбӣ ва беэҳтиромӣ ба минбарҳои соҳавӣ на нишонаи ҷасорати журналистӣ, балки аломати заъфи таҳлил ва камбуди масъулияти касбӣ мебошад. Журналистикаи воқеӣ бошад, ҳамеша дар канори ҳақиқат, эҳтиром ва манфиати ҷомеа қарор дорад, на дар хидмати таассуб ва якҷониба будани андеша.
Нашрияи “Омӯзгор”

P.S.: Барои ҳайати эҷодии нашрияи “Омӯзгор” ин ҳам ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки чанд рӯз қабл журналисти рӯзномаи “Ҷумҳурият” Кароматулло Ато ба идораи нашрияи “Омӯзгор” ва дигар нашрияҳои соҳавӣ тамос гирифта, бо баҳонаи обуна шудани як омӯзгор маълумот ҷамъоварӣ намуда буд. Аммо баъди нашри мақола иқрор аст, ки навиштаи мазкур ба қалами ӯ тааллуқ надорад ва ӯ танҳо маълумотро ҷамъоварӣ намуда, ба идораи рӯзнома пешниҳод кардааст. Дар сомонаи расмии рӯзномаи “Ҷумҳурият” мақола бе имзо нашр шудааст, аммо чун маълумотро К. Ато аз идораи нашрияи мо гирифтаву тавассути саҳифаи фейсбукиаш маҳз ӯ мақоларо расонаӣ кардааст, мо низ зарур шуморидем, ки дар мухотаби вокуниш мавсуфро қарор диҳем.

Добавить комментарий