Нигоҳе ба мавзуъ
Дар даҳсолаи ахир пешрафти бесобиқаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба яке аз омилҳои тағйироти сохторӣ дар иқтисод, илм ва низоми иҷтимоии ҷомеа табдил ёфтааст.
Зеҳни сунъӣ тадриҷан ба як технологияи умумибунёдӣ табдил ёфта истодааст, ки қобилияти дигаргун сохтани қариб ҳамаи соҳаҳои фаъолияти инсон, аз иқтисод, саноат то маориф, илм ва идоракунии давлатиро дорад. Дар чунин шароит кишварҳое, ки тавонистаанд истифодаи самараноки ин технологияҳоро дар низомҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии худ таъмин намоянд, имкони ба даст овардани бартарии назаррасро дар рақобати ҷаҳонӣ пайдо мекунанд.
Дар ин замина, аҳаммияти масъала барои Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам бештар мегардад, зеро тибқи ҳадафҳои стратегии рушди кишвар, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 муайян гардидаанд, яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатӣ гузариш ба иқтисоди ба дониш асосёфта мебошад. Татбиқи чунин ҳадаф бевосита ба сатҳи рушди илм, технологияҳои рақамӣ ва омодасозии кадрҳои дорои малакаҳои муосир вобаста буда, дар ин раванд зеҳни сунъӣ метавонад ба яке аз омилҳои муҳимми ташаккули иқтисоди донишбунёд табдил ёбад.
Аз ин лиҳоз, масъалаи сари вақт дарёфт намудани истеъдодҳои ҷавон, рушди қобилиятҳои зеҳнии онҳо ва ташаккули малакаҳои муосири технологӣ, аз ҷумла, дар самти зеҳни сунъӣ, аҳаммияти махсус пайдо мекунад. Маҳз тавассути ташкили муҳити мусоиди таълимӣ, дастгирии хонандагони болаёқат ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар низоми маориф мумкин аст заминаи ташаккули насли нави мутахассисони рақобатпазир ва эҷодкорро фароҳам овард, ки онҳо дар оянда тавонанд дар рушди иқтисоди донишбунёди кишвар саҳми назаррас гузоранд.
Дар баробари имкониятҳои васеъ, истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаи маориф як қатор масъалаҳои нави методологӣ, педагогӣ ва ахлоқиро низ ба миён меорад. Масъалаҳои вобаста ба эътимоднокии алгоритмҳои таҳлилӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ, инчунин, мутобиқ намудани равандҳои анъанавии таълим ба муҳити рақамӣ аз ҷумлаи чунин чолишҳо ба ҳисоб мераванд.
Таҷрибаҳои муваффақ
Бисёр кишварҳои ҷаҳон аллакай зеҳни сунъиро дар низоми маориф барои муайянсозии қобилиятҳои хонандагон истифода мебаранд. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико як қатор платформаҳои таҳлили маълумоти таълимӣ фаъолият мекунанд, ки бо истифода аз алгоритмҳои зеҳни сунъӣ натиҷаҳои таҳсили хонандагонро таҳлил менамоянд. Ин системаҳо ба омӯзгорон имкон медиҳанд, ки қобилиятҳои махсуси хонандагонро барвақт муайян ва барои онҳо барномаҳои инфиродии таълимиро таҳия кунанд.
Ҳамзамон, таҷрибаи кишварҳои пешрафта собит месозад, ки истифодаи платформаҳои муосири зеҳни сунъӣ дар соҳаи маориф аллакай ба тағйироти сифатӣ ва миқдорӣ дар натиҷаҳои таълимӣ оварда расонидааст. Масалан, дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико платформаҳои мутобиқшавандаи таълимӣ, аз қабили «Duolingo» ва «Carnegie Learning», бо истифода аз алгоритмҳои омӯзиши мошинӣ натиҷаҳои таълимии миллионҳо корбарро таҳлил ва барномаҳои инфиродии омӯзиширо пешниҳод мекунанд. Натиҷаҳои таҳқиқот нишон медиҳанд, ки истифодаи чунин системаҳо сатҳи ҷалби хонандагонро ба раванди омӯзиш то 30 то 40 фоиз зиёд намуда, суръати азхудкунии маводро нисбат ба усулҳои анъанавӣ ба таври назаррас баланд мебардорад.
Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки яке аз пешсафони ҷаҳонӣ дар татбиқи технологияҳои зеҳни сунъӣ ба ҳисоб меравад, платформаҳои таълимии рақамӣ ба мисли «Yuanfudao» ва «Squirrel AI» системаи таълимро ба таври васеъ рақамисозӣ намудаанд. Тибқи маълумоти таҳқиқотӣ, дар натиҷаи истифодаи омӯзиши мутобиқшаванда (adaptive learning) сатҳи натиҷаҳои хонандагон дар баъзе фанҳо то 20-30 фоиз беҳтар гардида, самаранокии омӯзиш дар муҳити рақамӣ назар ба синфҳои анъанавӣ бештар арзёбӣ шудааст.
Дар Сингапур, ки низоми маорифи он дар радабандии ҷаҳонӣ ҷойҳои пешсафро ишғол мекунад, платформаҳои таҳлили маълумоти таълимӣ ва ассистентҳои зеҳнии таълимӣ ба таври системавӣ ҷорӣ гардидаанд. Ин системаҳо ба омӯзгорон имкон медиҳанд, ки фаъолияти ҳар як хонандаро дар вақти воқеӣ пайгирӣ намуда, қарорҳои педагогиро бар асоси маълумоти дақиқ қабул кунанд. Дар натиҷа, на танҳо сифати таълим баланд мегардад, балки сарбории омӯзгорон низ коҳиш ёфта, самаранокии идоракунии раванди таълим беҳтар мешавад.
Ҳамчунин, дар Кореяи Ҷанубӣ платформаи «QANDA», ки аз технологияҳои шинохти тасвир ва моделҳои забонӣ истифода мебарад, ба зиёда аз 90 миллион корбар хидмат мерасонад. Ин система ба хонандагон имкон медиҳад, ки масъалаҳои мураккаби фаннӣ, бахусус, математикиро бо гирифтани шарҳи қадам ба қадам мустақилона ҳал намоянд, ки ин ба рушди тафаккури таҳлилӣ ва малакаҳои худомӯзӣ мусоидат мекунад.
Имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар муайянсозии истеъдодҳо
Истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаи маориф имкон фароҳам меорад, ки равандҳои муайянсозии қобилият ва истеъдоди хонандагон аз доираи усулҳои анъанавии арзёбӣ берун баромада, ба сатҳи таҳлили амиқ, системавӣ ва далелнок гузаранд. Агар дар шароити анъанавӣ муайянсозии истеъдод бештар ба мушоҳидаи субъективии омӯзгор ва натиҷаҳои санҷишҳои маҳдуд такя намояд, дар муҳити рақамӣ ин раванд метавонад бо истифода аз таҳлили маълумоти калон (big data) ва алгоритмҳои зеҳни сунъӣ ба таври дақиқтар ва фарогиртар амалӣ гардад.
Аз нуқтаи назари педагогикаи муосир, чунин равиш ба принсипи инфиродисозии таълим (personalized learning) пурра мувофиқат мекунад. Педагоги маъруф Бенҷамин Блум дар назарияи худ таъкид намуда буд, ки бо фароҳам овардани шароити омӯзиши инфиродӣ, натиҷаҳои таълим метавонанд ба таври назаррас беҳтар гарданд (маъруф ба «2 sigma problem»). Истифодаи зеҳни сунъӣ имконият медиҳад, ки чунин муҳит дар амал татбиқ карда шавад.
Аз нигоҳи психологияи рушд, муайянсозии барвақти қобилиятҳо барои ташаккули шахсият аҳаммияти ҳалкунанда дорад. Тавре равоншиноси шинохта Лев Виготский дар назарияи «минтақаи рушди наздик» (zone of proximal development) нишон медиҳад, рушди самараноки кӯдак дар он сурат имконпазир аст, ки равандҳои таълим ба сатҳи воқеии қобилият ва имкониятҳои потенсиалии ӯ мутобиқ карда шаванд. Зеҳни сунъӣ метавонад ин мутобиқатро бо дақиқии баланд таъмин намояд.
Ҳамзамон, муҳаққиқи соҳаи технологияҳои таълимӣ Сугата Митра таъкид мекунад: «Технологияҳо метавонанд муҳитеро эҷод кунанд, ки дар он қобилиятҳои табиии кӯдакон худ ба худ рушд намоянд».
Ин андеша аҳаммияти муҳити рақамии интерактивиро дар рушди истеъдодҳо тасдиқ намуда, нишон медиҳад, ки зеҳни сунъӣ метавонад на танҳо воситаи арзёбӣ, балки муҳаррики асосии рушди қобилиятҳои зеҳнӣ ва эҷодии хонандагон бошад.
Ҳамин тариқ, ҳамгироии зеҳни сунъӣ ба равандҳои муайянсозии истеъдодҳо имкон медиҳад, ки низоми маориф аз модели стандартӣ ба модели инфиродӣ ва далелбунёд гузарад, ки дар он ҳар як хонанда ҳамчун субъекти беназири рушди зеҳнӣ арзёбӣ мегардад.
Дар Тоҷикистон чӣ корҳо анҷом ёфтанд?
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ масъалаи дарёфт ва рушди истеъдодҳо ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии соҳаи маориф арзёбӣ гардида, дар солҳои охир дар ин самт як қатор иқдомҳои муҳимми институтсионалӣ ва амалии дорои аҳаммияти стратегӣ татбиқ шудаанд. Ин раванд, пеш аз ҳама, ба ташаккули низоми муосири муайянсозӣ ва дастгирии хонандагони боистеъдод равона гардида, тадриҷан унсурҳои инноватсионӣ ва технологиро низ дар бар мегирад.
Аз ҷумла, татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти дарёфт ва рушди истеъдодҳо, ташкили мунтазами олимпиадаҳои фаннӣ, озмунҳои зеҳнӣ ва рушди шабакаи муассисаҳои махсусгардонидашуда барои хонандагони болаёқат ҳамчун заминаи муҳимми ташаккули сармояи зеҳнии кишвар хидмат менамоянд. Дар ин самт, нақши калидиро Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо мебозад, ки фаъолияти он ба таври системавӣ ба муайянсозӣ, дастгирӣ ва рушди қобилиятҳои зеҳнии хонандагон равона шудааст. Марказ бо ташкили олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, озмунҳои илмӣ ва барномаҳои таълимии мақсаднок муҳити мусоиди рушди истеъдодҳоро фароҳам меорад.
Дар баробари ин, воридшавии тадриҷии технологияҳои рақамӣ ба низоми маориф, аз ҷумла, дар самти ташкил ва идоракунии олимпиадаҳо ва мониторинги натиҷаҳои таълимӣ нишон медиҳад, ки заминаҳои гузариш ба истифодаи воситаҳои зеҳни сунъӣ низ шакл гирифта истодаанд. Дар ин ҷода, баргузор гардидани аввалин Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни зеҳни сунъӣ ба номи ал-Хоразмӣ аҳаммияти махсус дорад.
Муҳимтар аз ҳама, ин ташаббусро метавон ҳамчун қадами аввалини системавӣ дар самти арзёбии сатҳи воқеии дониш, тасаввурот ва омодагии хонандагон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар миқёси ҷумҳурӣ арзёбӣ намуд.
Натиҷаҳои чунин олимпиадаҳо метавонанд ҳамчун манбаи боэътимоди маълумот барои таҳияи сиёсати минбаъдаи давлатӣ, такмили барномаҳои таълимӣ ва ҷорӣ намудани фанҳои марбут ба зеҳни сунъӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ истифода шаванд.
Пешниҳод
Бо вуҷуди имкониятҳои васеъ, истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаи маориф як қатор мушкилотро низ ба миён меорад: Якум, масъалаи эътимоднокии алгоритмҳо аҳаммияти калон дорад. Натиҷаҳои таҳлили зеҳни сунъӣ бояд бо арзёбии омӯзгорон ва мутахассисони соҳа муттаҳид карда шаванд.
Дуюм, масъалаи омодагии кадрҳои педагогӣ барои истифодаи технологияҳои рақамӣ муҳим мебошад. Баланд бардоштани савияи рақамии омӯзгорон яке аз шароити асосии истифодаи самараноки технологияҳои нав ба ҳисоб меравад.
Сеюм, масъалаҳои ахлоқӣ ва ҳифзи маълумоти шахсӣ бояд ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошта бошанд.
Нурулло ҒАФУРИЁН













