Гармшавии ҳарорати ҳаво, обшавии бесобиқаи пиряхҳо ва сол то сол кам шудани шумораи пиряхҳо, ки омили таъмини аҳолии сайёраи Замин бо оби ошомиданӣ мебошад, боиси ташвиши аҳолии сайёра гардидааст.
Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод, баррасӣ ва дастгирӣ шудани масъалаи ҳифз ва нигаҳдошти пиряхҳо диққати давлатҳо ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳониро ба ин масъала ҷалб намуд. Созмони Милали Муттаҳид бо дарназардошти ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Маҷмаи умумии худро аз 14 декабри соли 2022 қабул карда, соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 мартро ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон намуд. Бо чунин амали хайрхоҳонаву ташаббускорона Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳонро ба ҳамкорӣ дар ҳифзи пиряхҳо даъват кард.
Тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо яке аз масъалаҳои умумиҷаҳонӣ ба шумор рафта, он барои аҳолии рӯйи олам, махсусан, кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз мамлакатҳои ин қора маҳсуб меёбад, бе таъсир намемонад. Гармшавии бесобиқаи атмосфераи ҳавои кураи Замин, ки олимон онро ба афзоиши газҳои гулхонаӣ, бахусус, гази ангидриди карбон дар қисмати болоии атмосфера, инчунин, сиклонҳои гарм, обкушоӣ ва ҷоришавии об аз зери пирях нисбат медиҳанд, аз омилҳои таъсиррасон дар обшавии босуръати пиряхҳо дониста мешаванд. Боиси зикр аст, ки аз таъсири ҳавои гарм миқдори обҳои ҷоришаванда аз зери пирях зиёд мешавад ва пирях хусусияти лағжандагиро гирифта, бо дарназардошти мавқеи ҷойгиршавӣ ва ҳаҷму вазнаш суръати ҳаракаташ меафзояд.
Директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Рустам Ҳайдарзода дар мақолааш «Аҳаммияти байналхалқии соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» барои таъмини субот ва амният дар Авруосиё» чунин баён медорад: «Нақши пиряхҳо дар таҳаввулоти кураи Замин ва инсоният хеле бузург аст. Инкишофи муҳити ҷуғрофии кураи Замин бо мувозинати гармӣ ва намнокӣ муайян карда мешавад, ки он ба ҷараёни шаклгириву тағйирёбии пиряхҳо сахт вобаста аст. Пиряхҳо ҳангоми паст шудани ҳарорати ҳаво ва зиёд шудани бориш ба иқлими Замин таъсир мерасонанд. Дар ҳолати обшавии пиряхҳо ҳарорати миёнаи солонаи Замин метавонад баланд гардад ва ба ҳаёти инсоният таъсири манфӣ расонад. Гузашта аз ин, пиряхҳо манбаи асосии оби ошомиданӣ буда, захираи ягонаи оби тозаи сайёраро ташкил медиҳанд. Ин воқеият на танҳо барои аҳолии Замин, балки барои ҳайвоноту наботот ҳам ниҳоят муҳим аст. Пиряхҳо дарёҳои нав ба вуҷуд меоваранд, ки бе онҳо рушди зироаткорӣ ва таъмини инсоният бо ғизо дар ҷаҳон имконнопазир аст».
29-31-уми моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо доир гардид, ки ин пеш аз ҳама, эътирофи мавқеи пешсафи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти мамлакати мо дар масъалаҳои обу иқлим ба шумор меравад.
Обшавии пиряхҳо дар тамоми ҷаҳон ба мушоҳида мерасанд. Мувофиқи пешгӯии мутахассисон, то соли 2100 нисфи пиряхҳои кӯҳии ҷаҳон аз байн хоҳанд рафт. Тақрибан 1,5-2 миллиард нафар одамоне, ки дар кишварҳои мухталифи Осиё, Аврупо ва Амрико зиндагӣ мекунанд, ба камбуди об дучор мегарданд ва дарёҳое, ки аз пиряхҳо сарчашма доранд, хушк мешаванд. Дар баробари ин, сатҳи баҳрҳою уқёнусҳо баланд шуда, заминҳои назди соҳилҳо зери об мемонанд. Ва ин рӯйдоди фоҷеабор ба рушди зироаткорӣ ва зиндагии мардум бе таъсир намемонад. Ҳамаи ин боиси афзоиши масоили глобалии экологии барои инсоният хатарзо мегардад.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар масъалаҳои обу экология ва ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид хеле муҳим арзёбӣ карда, чорабиниҳои дар самти обу иқлим то ин муддат баргузоршударо ҳамчун «Раванди Душанбе оид ба масоили марбут ба об» ё ҳамчун «Раванди оби Душанбе» эътироф кардаанд.
Муаззама ФАЙЗУЛЛОЕВА,
омӯзгори МТМУ №29-и шаҳри Душанбе













