Дар кишвари мо таваҷҷуҳ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ бештар гардида, дар ин замина, «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул гардидааст. Дар ин хусус суҳбате доштем бо устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, ки фишурдаи онро пешниҳоди хонандагон мегардонем.
Хайём Ҷӯраев-мудири кафедраи забони англисии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ:
– Дар ҷаҳони пуртазоди муосир, омӯзиши забонҳои хориҷӣ мавқеи муҳимро касб намудааст. Дар шаҳри Душанбе таъсиси марказҳои забономӯзӣ зиёд гардида, боиси рушду такомули забономӯзии наврасону ҷавонон мешавад. Донистани забонҳои хориҷӣ ба рушди равобити ҳамкориҳо бо кишварҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.
Дар факултети забони англисии ДДОТ ба номи С. Айнӣ дар доираи барномаи давлатӣ ҷиҳати такмили омӯзиши забони англисӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Барои пешбурди омӯзиши забонҳои хориҷӣ ташкили маҳфилҳои илмию адабӣ ва технологияи навин, аз ҷумла, зеҳни сунъӣ муфид мебошад. Бо рушди технология бе ягон мушкилӣ метавон китобҳои дилхоҳро боргирӣ намуда, бо сарфаи вақт онро мутолиа кард. Дар зимн барномаҳои онлайнии омӯзиши забонҳо мавҷуд аст, ки ба вусъати забономӯзӣ мусоидат менамояд.
Инчунин, аз ҷониби забоншиносони соҳа, аз ҷумла, Парвонахон Ҷамшедов, Самъиддин Ҷоматов, Абдусалом Маҳмадназаров якчанд луғатҳои дузабона ва сезабона таълиф гардиданд, ки дар омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ёрӣ мерасонанд.
Шодмон Сайдализода-декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ:
– Омӯзиши забонҳои хориҷӣ на танҳо воситаи муошират, балки омили шиносоӣ бо фарҳанг, илм, афкор ва таҷрибаи ҷаҳонӣ мебошад.
Имрӯз хурдтарин рӯйдод дар як гӯшаи дунё зуд ба гӯшаи дигари ҷаҳон мерасад. Тавсеаи бесобиқаи технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ дастрасии омма ба маълумотро имконпазир намудааст. Бояд зикр кард, ки тамоми иттилоот маҳз тавассути забон интиқол меёбад ва фаҳму дарки он танҳо барои онҳое дастрас аст, ки забони иттилоотро медонанд.
Аз ин лиҳоз, донистани забонҳои хориҷӣ, бахусус, забонҳои русӣ ва англисӣ, ки забонҳои васеи муошират ва илмӣ мебошанд, барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, махсусан, ҷавонон аҳаммияти ҳаётан муҳим пайдо кардааст. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки ҷавонон бояд дар баробари омӯхтани илмҳои муосир, инчунин, соҳиби донишҳои забонӣ бошанд, зеро забон калиди фаҳмиши фарҳанг ва манбаи иттилоот аст.
Марказҳои забономӯзии замонавӣ дар тамоми гӯшаву канори кишвар таъсис дода шуданд. Синфхонаҳои забон бо воситаҳои техникӣ ва таълимии навин, аз қабили проекторҳо, тахтаҳои электронӣ, шабакаи интернет, китобҳои соҳавӣ ва барномаҳои интерактивӣ таъмин гаштанд. Ҳамзамон, омӯзгорони забонҳои хориҷӣ барои баланд бардоштани сатҳи касбӣ ба омӯзишҳо ва курсҳои бозомӯзӣ ҷалб гардиданд.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ имрӯз тамоми шароитро барои забономӯзии на танҳо донишҷӯён, балки ҳайати устодону кормандон фароҳам овардаанд. Дар ин замина, забондонӣ ҳамчун талаботи ҳатмии рушди илмӣ ва касбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ пазируфта шудааст.
Бояд гуфт, ки дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза, ки идеологияҳои мухталиф, таҳдидҳои иттилоотӣ ва созмонҳои ифротӣ фаъолияти гуногун доранд, омӯзиши забонҳои хориҷӣ яке аз роҳҳои муассири муҳофизати зеҳнӣ ва маънавии ҷавонон ба шумор меравад.
Дар кишвари мо таваҷҷуҳ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ бештар гардида, дар ин замина, Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул гардидааст. Дар ин хусус, суҳбате доштем бо устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, ки фишурдаи онро пешниҳоди хонандагон мегардонем.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши забонҳоро бахши муҳимми сиёсати кадрӣ ва рушди ҷомеа арзёбӣ намуда, бо қабули барномаҳои давлатӣ, ташкили марказҳои забономӯзӣ, таҳияи барномаҳои муосири таълимӣ ва тайёр кардани мутахассисони соҳавӣ, ба ин самт таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад.
Амин Олимов-омӯзгори забони англисии Гимназияи хонандагони лаёқатманди ба номи Абулфазли Балъамии шаҳри Ваҳдат:
– Омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, англисӣ ва русӣ аҳаммияти калон дорад. Забон танҳо як воситаи муошират нест, балки роҳи дарки фарҳангҳои гуногун, тавсеаи ҷаҳонбинӣ ва рушди шахсият аст.
Забондонӣ дастрасӣ ба адабиёт, мақолаҳо ва таҳқиқотро ба забони аслӣ осон мегардонад. Забондонӣ барои пайдо кардани ҷойи кор дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, сайёҳӣ, тиб, илм ва ғайра имкониятҳои бештарро фароҳам меоварад.
Барои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши забонҳои хориҷӣ якчанд усулро истифода бурдан мумкин аст:
1. Муҳите фароҳам овардан лозим аст, ки муҳассилин ба забони хориҷӣ бештар муошират кунанд.
2. Толибилмонро барои истифодаи барномаҳо ва вебсайтҳои омӯзишӣ, аз қабили Duolingo, Memrise, Rosetta Stone ташвиқ кардан лозим аст. Ин барномаҳо ба онҳо кумак мекунанд, ки калимаҳои навро ёд гиранд ва малакаҳои муоширати худро такмил диҳанд.
3. Ба хонандагон вазифаҳое додан зарур аст, ки аз забонҳои омӯхтаашон истифода баранд. Масалан, суҳбат бо забони хориҷӣ, таҳияи лоиҳаҳо ё навиштани иншо.
4. Ба ҳар як донишомӯз вобаста ба сатҳу ниёзҳои ӯ машғулиятҳои алоҳида пешниҳод кардан муфид мебошад.
5. Зарурати омӯзиши забонҳоро фаҳмондан ва онҳоро дарк кардан муҳим аст.
Ёдгори Саидамирхӯҷа-омӯзгори забони англисии мактаби №48-и ноҳияи Шоҳмансур:
– Дар давоми таҷрибаи корӣ ба ин хулоса расидам, ки танҳо бо як ё ду соат дарс дар мактаб хонанда наметавонад забонро ба пуррагӣ аз худ кунад. Аз ин рӯ, худомӯзӣ ва ҷалб шудан ба курсҳои иловагӣ ҳатмӣ мебошад. Зарур аст, ки ҳам омӯзгорон ва ҳам волидон ба рушди малакаҳои забондонии хонандагон таваҷҷуҳи бештар намоянд.
Мавриди зикр аст, ки дар мактаби мо барои баланд бардоштани сатҳи дониши муҳассилин викторинаҳо ва озмунҳо мутобиқи барнома ва ҳафтаҳои фаннӣ баргузор мегарданд. Чорабиниҳои мазкур бо мақсади ҳавасмандгардонии мактаббачагон ташкил мешаванд, зеро бе шавқ кӯдак муҳиммияти донистани забонро дарк намекунад. Аз ҳамин сабаб, қисми зиёди хонандагон ба курсҳои забономӯзӣ сабти ном шудаанд ва аллакай метавонанд бо ду-се забон озодона ҳарф зананд. Гарчанде ки дар мактаб забонҳои немисӣ, фаронсавӣ ва хитоӣ таълим дода намешаванд, баъзе хонандагон ин забонҳоро ба таври инфиродӣ омӯхта истодаанд. Илова бар ин, роҳбарият ҳамеша кӯшиш мекунад, ки муҳити таълимӣ шавқовар ва ҷолиб гардад. Дар давоми сол барои хонандагон маҳфилҳо, лексияҳо ва саёҳатҳои илмӣ ташкил карда мешаванд, ки дар онҳо кӯдакон имкони истифодаи забонҳои хориҷиро дар амал пайдо мекунанд. Ин таҷрибаҳо на танҳо дониши забониашонро устувор месозанд, балки ҷаҳонбинӣ ва фаҳмиши фарҳангҳои гуногунро низ васеъ мекунанд.
Ҳамзамон, омӯзгорон барои баланд бардоштани шавқи хонандагон ба омӯзиши забон усулҳои муосир ва интерактивиро истифода мебаранд. Ба ҳайси мисол, истифодаи видео, бозиҳои забонӣ, лоиҳаҳои гурӯҳӣ ва муаррифии фарҳангҳои кишварҳои хориҷӣ ба хонандагон кумак мекунад, ки забонро на танҳо бихонанд, балки дар муҳити воқеӣ истифода баранд.
Таҳияи Ирода ТИЛАБОВА,
Сумая ЮСУПОВА,
Хуршеда АЗИЗОВА,
«Омӯзгор»













