Ба сухан зинда шавад номи ҳама

Тайи чанд моҳи охир ба идораи нашрияи «Омӯзгор» маводу матолиби бешуморе аз номи устодону омӯзгорон ворид гардид, ки дар мавзуъҳои гуногун иншо шудаанд. Барои мо – кормандони ҳафтанома хушоянд он аст, ки таваҷҷуҳи ҳаводорони нашрия, хусусан, омӯзгорон ба мақолаҳое, ки дар саҳифаҳои он ба табъ мерасанд, рӯз то рӯз зиёд гардида, онҳо фикру андеша ва пешниҳодоти худро дар бораи масоили умдаи соҳаи маориф изҳор медоранд ва ҷиҳати боз ҳам беҳтару пурмуҳтаво гардидани навиштаҳои кормандон мас­лиҳатҳо ироа мекунанд.

Бештари мақолаҳои ирсолгардида ба усулу шеваҳои судманду муассири ташкил ва баргузор намудани машғулиятҳо, таҷрибаи ибратбахши омӯзгорону устодон бахшида шудаанд. Ба ин навиштаҳо мақолаҳои омӯзгорони технологияи иттилоотии МТМУ
№42-и ноҳияи Мастчоҳ Некрӯз Акбаров – «Моҳияти системаи ҳисоб дар технологияи рақамӣ», МТМУ №6-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шамшод Дилшодзода «Андешаҳои тарбиявӣ дар осори Саъдӣ», МТМУ №4-и шаҳри Ҳисор Зебунисои Муҳаммадҷонзода – «Нақшаи намунавии як соати тарбиявӣ дар мавзуи «Биҳишт бо дӯст накуст», муаллими калони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амоншо Палавонов «Зарурат ва роҳу воситаҳои фаъол намудани хонандагон дар раванди дарс», омӯзгори МТМУ №35-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Раҳматшо Раҳматов «Омилҳои рушди зеҳнӣ ва шавқу завқи хонандагон» ва чанди дигар дохил мешаванд. Бояд зикр кард, ки муаллифони номбурда аз ҳамкорони доимии нашрия ба шумор мераванд ва метавонанд аз таҷрибаи андӯхтаи худ ва сабку тарзҳои гуногуну шавқовар ва омӯзандаашон матолиби пурмуҳтаво иншо намоянд, ки барои омӯзгорону устодон ҷолиб бошад. Ба ин омӯзгорон барои ҳамкорияшон миннатдории самимӣ изҳор менамоем.
Омӯзгорону устодони заҳматкаши мо дар мавзуъҳои мухталиф, аз ҷумла, фаъолияти пурбору самарабахши ҳамтоёни худ низ маводу мақолаҳои хонданӣ ва ибратомӯз навишта, паҳлуҳои ҷолиби кори эшонро инъикос намудаанд. Мақолаҳои Мирзосафар Шамсиддинов, Сарварбӣ Миралиева ва Зариф Наимов – «Маорифпарваре аз табори хирад», омӯзгори собиқадор аз МТМУ №7-и ноҳияи Ашт Муҳаммадҷон Халилов «Сад соли файзбор», мураббияи Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №2-и шаҳри Душанбе Мусаввара Мирҷамолова «Тарбияи насли наврас дар мадди назар», омӯзгори МТМУ №26-и ноҳияи Айнӣ Сомон Ҷумъаев «Иди маърифат, хирад ва ояндасозии миллат», омӯзгори собиқадор аз шаҳри Исфара Қамбархон Низомӣ «Фотимахон меояд», корманди Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Н.Азизов «Чаро омӯзгор мавқеи худро дар ҷомеа гум кардааст», омӯзгори МТМУ №67-и шаҳри Гулистон Райҳона Ҳамзалимова «Раҳкушои ҷумла инсон – аз алифбо то ба кайҳон», докторанти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Даврон Мамадназарзода Аҳмадҷон «Ёде аз муаллимаи меҳрубон», сармутахассиси бахши назорат ва таъмини сифати таҳсилоти Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон И. Шарифхонзода «Ҳавасмандии донишҷӯён дар муассисаҳои таълимии миёнаи касбӣ», ассистенти кафедраи ҷамъиятшиносии Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе Наврӯз Каримов «Омӯзгор-поягузори маънавият ва фарҳанг», директори Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент Мақсуд Мизробзода «Рукни ҳастии миллӣ ва кафили суботи ҷомеа», докторанти кафедраи рустанипарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур Иқболбӣ Муродова «Маънавият ва рушди фарҳанги ҷомеа» ва ғайра бозгӯйи заҳматҳои шабонарӯзии омӯзгорон мебошанд.
Воқеан, чунин устодони фидоию соҳибирода, талошманду пайваста дар ҷустуҷӯ, ки дар тарбияи омӯзгорони ҷавон саҳми бориз мегузоранд, дар ҷомеа зиёданд. Ва табиист, ки васфу ситоиши онҳо муҳим мебошад. Бояд хотиррасон кард, ки дар хусуси заҳматҳои омӯзгорону устодон дар ҳар як шумораи нашрияи «Омӯзгор» мақолаю лавҳаҳои хотирмону пурмуҳтаво ба табъ мерасанд. Дар ин радиф, дар як силсила навиштаҳо дар хусуси иқдомоти ватандӯстона ва ҷонибдорию ҳамовозӣ аз дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ҷавобан ба суханрониҳои Президенти кишвар, ба вижа, иҷрои амалии нуктаҳои Паём сухан меравад. Муаллифон бо эҳсосу дарки баланд таъкид мекунанд, ки дар фазои сулҳу ваҳдат мардуми шарифи ҷумҳурӣ бо хотири ҷамъ ва дили пур дар соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ба меҳнати аҳлона машғуланд. Матолиби ирсолнамудаи узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Ҷаҳонгир Маҳкамов «Ҳамдиливу ҳаммаромӣ аз ваҳдат аст», омӯзгори таърих ва ҳуқуқи МТМУ
№22-и шаҳри Кӯлоб Нигорбӣ Алиева «Ҳеҷ ганҷе беҳтар аз истиқлол нест», док­тори илмҳои филологӣ Саъдӣ Қосим «Тиргон – ҷашни фурӯғи хуршед ва пирӯзӣ», омӯзгори фанни таърихи МТМУ №46-и ноҳияи Ёвон Найсона Каримова «Бунёдгузори сулҳи тоҷикон», директори Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон Р. Амирзода «Ваҳдати миллӣ – пояи сулҳ», сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино Мақсудҷон Гулов «Ба қадри сулҳу ваҳдат бирасем», магистранти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров М. Бобоҷонова «Экстремизм ва намудҳои он дар замони муосир», мудири кӯдакистони «Боғи Мурод»-и шаҳри Душанбе Ноз Одинаева «Истиқлол бун­ёди давлатдории миллист», мураббии кӯдакистони «Наврӯз» Гулбахт Ғуломалиева «Паёми умедбахш барои ояндаи давлату миллат», муаллимаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Умеда Ҳусейнова «Тараннуми сулҳ ва дӯстӣ дар адабиёти тоҷик», декани факултети кори ҳамширагии Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон С. Абдуллоев «Ваҳдати миллӣ – рамзи баҳамоӣ ва иттиҳоди ягонагӣ», устоди ДДХ ба нмои академик Б. Ғафуров Шодмон Шаҳобиён «Таъмини амнияти кишвар – кафили рӯзгори шоистаи мардум» ба гуфтаи фавқ мисол шуда метавонанд.
Навиштаҳои омӯзгори МТМУ №100-и ноҳияи Шоҳмансур Абдусаломи Самеъзод ва узви ИЖТ Ҳасан Алимзода «Ҷавҳари илми донишманд» (бахшида ба 1150-солагии Закариёи Розӣ), омӯзгори собиқадор Акаҷон Қаландаров «Ғашён ва ға­шёниҳо», инчунин, ҳикояҳои хурди Саҳоб Раҷабалӣ «Сабақе ба ҷойи узр» ва Осия Ғаффорова «Маро наёфтанд», «Дарси ботаника», шеъргунаи омӯзгор аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Пиралӣ Қурбонов низ ҷолибанд.
Дар хатми навишта чанд андешаи худро перомуни номаҳои муаллифон баён карданӣ ҳастем. Аввалан ба ҳаҷми навиштаҳо бояд эътибор дод. Баъзе маводу матолиб ҳаҷман калон буда, хоси маҷаллаҳои соҳавиянд. Дар иддаи дигари навиштаҳо «беморӣ»-и куҳна, яъне, кашолгапию умумигӯйӣ ҷойгоҳи асосӣ пайдо карда, хусусан, дар мақолаҳое, ки ба фаъолияти омӯзгорон бахшида шудаанд, бештар маълумоти тарҷумаиҳолӣ сифати ин навиштаҳоро коста гардондааст.
Баъзе омӯзгорон дар матолиби худ, ки методҳои таълими ину он фанро дар бар гирифтааст, то андозае аз таҷрибаи худ ғояи наверо пешниҳод карданиянд, аммо мантиқи гуфтор, забон ва ҳусни баёнашон заиф асту фикрашон парешону муғлақ. Мақолаҳое, ки хусусияту тобиши илмӣ-назариявӣ доранд, низ аз ноқисию норасоиҳо орӣ нестанд. Дар навиштаҳои худ дар бораи ҳаёт ва фаъолияти илмии олимон, донишмандон ва мутафаккирони тамаддуни гузаштаи тоҷику форс бо баёни якранг ва далоили оморӣ маҳдуд гардида, ғояву ҳадафи асосии таълимот ва ақоиди он олимону фозилонро муаллифон ба самъи хонанда расонда натавонистаанд.
Умедворем, ки омӯзгорону устодон-ҳамкорони нашрия аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ минбаъд низ робитаи худро бо мо идома бахшида, матолибу мақолаҳои ҷаззоб, ҳадафрас ва дорои андешаю пешниҳоди нобу тозаро ба нашрия ирсол менамоянд.
Мо интизори номаҳои шумоем.
Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»

Добавить комментарий