Ифтихор дорем, ки дар кишвари соҳибистиқлоламон ҳамасола 1-уми сентябр ҳамчун Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо иштироки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукӯҳ ва шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Рӯзи дониш дар ҷомеаи мо аҳаммияти бузурги маънавӣ дошта, оғози соли нави таҳсил ва рамзи саъйю кӯшиш дар роҳи донишандӯзӣ ҷиҳати таҳкими пояҳои давлату давлатдорӣ ва ободу зебо гардонидани мамлакати азизамон бо роҳи касби илму маърифат мебошад.
Ҳамагон шоҳиди он будем, ки Пешвои миллат Дарси сулҳро бо суханронии пурмуҳтаво оғоз намуда, дар зимн вазифагузориҳои мушаххасро барои рушд ва пешрафти соҳа дар шароити торафт печидаву мураккаб шудани вазъи ҷаҳони муосир, нақши сулҳу субот ва ваҳдату ягонагиро дар рушди давлатдории миллӣ муҳим арзёбӣ намуда, таваҷҷуҳи мактаб, оила ва ҷомеаро барои гиромидошти илму дониш ва маърифату худшиносии миллӣ ҷалб карда, таъкид доштанд: «Асре, ки мо дар он кору зиндагӣ карда истодаем, асри илму дониш, кашфиёту ихтироот, техникаву технологияҳои навтарин – замони пешрафту тараққиёти миллату халқҳои босаводу донишманд ва навовару ихтироъкор мебошад».
Воқеан, ин суханронӣ роҳнамо ва дастурест, ки ҳар як омӯзгор ва аҳли илму маорифи кишварро барои расидан ба ҳадафу мақсадҳои созанда роҳнамун месозад. Аз ин дастур ва роҳнамо ҳар як омӯзгор ҷиҳати муваффақшавӣ дар роҳи иҷрои касби пурмасъулият ва уҳдадориҳои вазифавӣ ба таври васеъ истифода менамояд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки наслҳои наврасу ҷавон бояд ба қадри сулҳу ваҳдати миллӣ бирасанд ва ин сарвати бебаҳои зиндагиро, ки самараи азму талош ва фидокориву ҷоннисориҳои ҷавонмардони бонангу ор ва мардуми шарифамон мебошад, пос доранд. Сарвари мамлакат дар суханронии пурмуҳтавояшон ба падару модарон рӯ оварда, таъкид доштанд: «Падару модарони гиромӣ бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки ояндаи равшану пурсаодати фарзандон, қабл аз ҳама, ба сатҳи масъулиятшиносии онҳо дар самти тарбияи маънавӣ, ахлоқӣ ва руҳию равонии фарзандон вобаста мебошад. Дар ин самт устодону омӯзгорон ва аҳли маориф низ масъулият ва нақши бузург доранд».
Пешвои миллат ҳамасола дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ атрофи беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи ҷавонон пешниҳоду вазифаҳои мушаххас ба миён мегузоранд. Ҳамзамон, ҷиҳати баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа иброз намуданд: «Мо вазифадор ҳастем, ки омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимиро боз ҳам бештар дастгирӣ кунем ва манзалату обрӯи онҳоро дар ҷомеа баланд бардорем».
Метавон чунин хулоса намуд, ки рушди соҳаи маориф дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор дошта, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба он афзалият дода мешавад.
Воқеан ҳам, баргузории Дарси сулҳ ва Рӯзи дониш аз ҳар ҷиҳат ба мафкураи наврасону ҷавонон таъсири мусбат расонида, онҳоро дар руҳияи гиромидошт ва омӯзиши илму дониш, фарҳангу маърифат, худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбияву раҳнамоӣ менамояд.
Алишери АБДУЛМАҶИД,
дотсенти кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ













