Истиқлолият пурарзиштарин дастоварди миллати тоҷик аст. Кулли мардуми Тоҷикистон ифтихор аз он доранд, ки сиву чор сол пеш аввалин хиштҳои пойдевори истиқлол ва давлатдории миллии худро гузоштанд.
Дар тӯли солҳои истиқлол, сарзамини мо дар тамоми соҳаҳо, аз қабили илму маориф, санъату фарҳанг, иқтисоду иҷтимоиёт ва ғайра ба пешравиҳои зиёд ноил гардид. Як бахши муҳимми дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишварро метавон ба соҳаи мактабу маориф марбут донист.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (28 декабри соли 2024) ба зарурати рушди иқтисоди рақамӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ дар ҳамаи соҳаҳо ва баланд бардоштани саводнокии рақамии аҳолӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Роҳбари давлат пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконоти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт, солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шавад.
Ҳамзамон, ба таври васеъ омода намудани барномасозон, роҳандозии ихтисосҳои зарурӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз муҳимтарин вазифаҳо маҳсуб меёбад.
Таъсиси Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб ва ба он додани мақоми пойгоҳи асосии тайёр кардани мутахассисони самти мазкур барои рушди соҳа ва иҷрои Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 такони ҷиддӣ бахшид.
Воқеан, истиқлол воситаи асосии рушду нумуи давлат ва муайянкунандаи сиёсати дохилию хориҷии ҳар кишвар буда, нишони ҳувият, ифтихор, номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллат мебошад. Истиқлоли давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар комёбиҳои беназир ба даст оварда шавад.
Дар баробари ин, истиқлол дар назди миллати тоҷик рисолати бузургеро гузошт, ки муҳимтарини онҳо ташкили аркони давлати соҳибихтиёри миллӣ, таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, вусъати раванди созандагиву бунёдкориҳо ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум мебошад.
Ҳамин тавр, масъалаҳои рушди мактабу маориф, тарбияи насли наврас, самти афзалиятноки сиёсати маънавибунёди Пешвои миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои рушди он ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир мегардад.
Ҷавҳаршо ИМАТШОЕВ,
муҳаррири Муассисаи нашриявии «Маориф»













