Таваҷҷуҳ ба маърифат ва илму дониш

Истиқлоли давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо оғози марҳалаи нави давлатдорӣ, балки заминаи воқеии рушди устувори тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа гардид. Дар ин давра таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа ва ташаккули насли соҳибмаърифат ҳамчун ҳадафҳои асосии сиёсати давлатӣ муайян карда шуданд. Дар татбиқи ин ҳадафҳо нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург ва сарнавиштсоз мебошад.

Бо роҳнамоии сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат соҳаҳои маориф, илм ва варзиш ҳамчун самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоӣ муайян гардида, барои пешрафти онҳо заминаи устувори ҳуқуқӣ ва моддӣ фароҳам оварда шуд. Ин сиёсати дурбинона имкон дод, ки Тоҷикистон дар даврони соҳиб­истиқлолӣ дар самти рушди маърифат, илм ва тарбияи ҷисмонӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардад.
Яке аз санадҳои муҳимми сиёсие, ки самтҳои стратегии рушди давлат ва ҷомеаро муайян менамояд, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ мебошад. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (16 декабри соли 2025) ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ ва барномавӣ масъалаҳои асосии рушди маориф, илм ва варзишро бори дигар дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дод.
Дар шароити ҷаҳонишавии равандҳои сиёсиву иқтисодӣ ва рушди босуръати технологияҳои муосир, маориф ва илм ба омили асосии рақобатпазирии давлатҳо табдил ёфтаанд. Пешвои миллат дар Паёми худ таъкид намуданд, ки сармоягузорӣ ба маориф ва илм дар асл сармоягузорӣ ба ояндаи давлат ва миллат мебошад. Зеро танҳо тавассути рушди низоми маориф метавон насли босавод, соҳибкасб ва дорои ҷаҳонбинии муосирро тарбия намуд.
Дар сиёсати давлатии Тоҷикистон маориф ҳамеша ҳамчун соҳаи афзалиятнок эътироф гардидааст. Дар Паёми навбатии Пешвои миллат низ бори дигар таъкид гардид, ки ояндаи давлату миллат ба сатҳи дониш ва маърифати насли наврас вобастагии мустақим дорад. Аз ин рӯ, давлат тамоми имкониятҳоро барои тарбияи насли босавод, ватандӯст ва соҳибмаърифат фароҳам меоварад.
Дар заминаи ин сиёсати хирадмандона, масъалаи такмили мазмуну муҳтавои таҳсил, мутобиқ намудани барномаҳои таълимӣ ба талаботи замон ва баланд бардоштани сифати таълим аз вазифаҳои муҳимми соҳаи маориф маҳсуб меёбанд. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки рушди низоми таҳсил бояд ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ карда шавад, то мутахассисони омодашуда тавонанд дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми муассир гузоранд.
Яке аз масъалаҳои муҳимми иҷтимоӣ, ки дар Паёми Пешвои миллат мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт, ҳифзи иҷтимоии омӯзгорон мебошад. Сарвари давлат дастур доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ 25 фоиз зиёд карда шавад. Ҳамзамон, маоши дигар кормандони соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг 20 фоиз зиёд карда мешавад.
Ин иқдом нишонаи равшани қадр­шиносии давлат нисбат ба заҳмати омӯзгорон буда, ба баланд бардоштани нуфузи касби омӯзгорӣ ва ҷалби ҷавонони соҳибистеъдод ба соҳаи маориф мусоидат менамояд. Дарвоқеъ, омӯзгорон бунёдгарони ояндаи миллатанд ва дастгирии иҷтимоии онҳо омили асосии рушди ҷомеа мебошад.
Дар Паёми Пешвои миллат масъалаи рушди илм ва омодасозии кадрҳои баландихтисос низ ҳамчун яке аз омилҳои ҷиддии рушди иқтисоди миллӣ арзёбӣ гардид. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки рушди илм бояд ба ниёзҳои воқеии иқтисоди миллӣ мутобиқ карда шавад.
Дар ин замина, Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вазифадор гардиданд, ки талаботи бозори меҳнатро дар самти иқтисоди рақамӣ омӯхта, барои зиёд намудани мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Гузариш ба иқтисоди рақамӣ яке аз самтҳои стратегии рушди Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, рушди фанҳои дақиқ, технологияҳои иттилоотӣ, барномасозӣ ва зеҳни сунъӣ дар низоми таҳсил аҳаммияти аввалиндараҷа пайдо мекунад. Ин раванд барои баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ва таҳкими мавқеи кишвар дар фазои илмӣ ва технологияи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.
Дар сиёсати фарҳангии давлат дар қатори дигар омилҳо масъалаи рушди фарҳанги китобхонӣ мавқеи муҳим дорад. Пешвои миллат дар Паёми худ зикр намуданд, ки бо дастури Роҳбари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китобҳои «Тоҷикон» ва «Шоҳнома» чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон тақсим карда шуданд. Ин иқдом барои баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва эҳёи арзишҳои таърихию фарҳангӣ аҳаммияти бузург дорад.
Ҳамчунин, дар даҳ соли охир 900 номгӯй адабиёти бадеиву бачагона нашр гардида, ба китобхонаҳои кишвар дастрас карда шуданд. Ин тадбирҳо барои рушди маънавии ҷомеа ва тарбияи насли китобдӯст нақши муҳим доранд.
Дар баробари рушди маориф ва илм, соҳаи варзиш низ дар сиёсати давлатии Тоҷикистон мавқеи муҳим пайдо кардааст. Баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ варзиш ҳамчун яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат рушд ёфт.
Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ набудани инфрасохтори варзишӣ аз мушкилоти ҷиддии соҳа ба шумор мерафт. Аммо бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат ин мушкилот марҳала ба марҳала ҳал гардиданд.
Агар то соли 1991 дар кишвар наз­дик ба 1000 иншооти варзишӣ фаъолият дошта бошад, имрӯз шумораи онҳо ба таври назаррас зиёд шудааст. Тибқи маълумоти дар Паёми Пешвои миллат зикршуда, соли 2020 шумораи иншооти варзишӣ ба 10220 адад расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба давраи пеш аз истиқлол беш аз нуҳ баробар зиёд мебошад.
Бо мақсади ҳавасмандгардонии варзишгарон соли 2015 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи варзиш таъсис дода шуд, ки то имрӯз қариб 200 нафар варзишгари ҷавон соҳиби он гардидаанд.
Ҳамзамон, қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон» ва «Дар бораи тайёрии варзишӣ», инчунин, татбиқи Барномаи маҷ­муии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2022-2026 заминаи ҳуқуқии рушди соҳаи варзишро таҳким бахшид.
Бо дастгирии давлат имрӯз дар саросари кишвар беш аз 11 ҳазор иншооти варзишӣ фаъолият дошта, барои оммавигардонии варзиш ва рушди тарзи ҳаёти солим мусоидат мекунанд. Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ бо ифтихор Тоҷикистонро намояндагӣ намуда, ба шарофати пирӯзиҳояшон Парчами давлатро дар арсаи ҷаҳонӣ парафшон месозанд.
Дар маҷмуъ, сиёсати давлат дар соҳаи маориф, илм ва варзиш ба ташаккули ҷомеаи донишбунёд, солим ва худогоҳ равона гардидааст. Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки маҳз тавассути рушди маърифат ва илму дониш метавон ҷомеаро аз хатарҳои таассуб, хурофот ва ҷаҳолат ҳифз намуд.
Аз ин рӯ, тарбияи насли босавод, ватандӯст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вазифаи муқаддаси давлат ва ҷомеа мебошад. Таваҷҷуҳи пайвастаи давлат ба рушди фарҳанги китобхонӣ, бунёди муассисаҳои фарҳангӣ, рушди инфрасохтори илмӣ ва дастгирии варзишгарон далели равшани сиёсати дурбинонаи давлат дар самти рушди инсон мебошад.
Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат соҳаҳои маориф, илм ва варзиш ба марҳалаи нави рушд ворид гардидаанд. Татбиқи пурраи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар ин самт метавонад барои таъмини рушди устувори ҷомеа, таҳкими давлатдорӣ ва боло бурдани нуфузи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи боэътимод фароҳам оварад.
Шодӣ САФАРОВ,
доктори илмҳои педагогӣ,

профессор, президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон

Добавить комментарий