Маҳаки умед

Мурод мактаби миёнаро бо баҳои аъло тамом кард. Даврони мактабхонӣ орзу дошт, ки духтур шавад, вале қисмат ӯро ба кӯчаи омӯзгорӣ овард. Инак 30 сол мешавад, ки ба шогирдон аз забон ва адабиёти тоҷик дарс мегӯяд.

Даврони мактабхонии Мурод ба замони Шуравӣ рост меояд. Вақте ӯ дар хидмати ҳарбӣ буд, Иттиҳоди Шуравӣ пош хӯрд. Занҷири иқтисоди Шуравӣ гусаста шуду буҳрони шадиди молиявию маънавӣ ҷомеаро фаро гирифт. Вақте ки Мурод аз хидмат баргашт, дар Тоҷикис­тон, хусусан, дар пойтахти он шаҳри Душанбе байни гурӯҳҳои гуногуни ҳизбӣ, ҷамъиятӣ, мазҳабиву динӣ кашмакашҳои шадиди сиёсӣ сурат мегирифт.
Мурод, ки пас аз хидмат таҳсилро дар донишгоҳ давом додан мехост, ин нияташро мавқуф гузошта, дар хоҷагии деҳқонӣ ба кор сар кард. Падару модари пир, ки дошт, ҳамзамон, дасти шафқату меҳрубониашро сӯйи онҳо дароз мекард.
Дар марказ ва қисмати ҷанубии ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ сар зад. Куштору ваҳшоният рӯзи мардумро сиёҳ кард. Гуруснагӣ ва марг аз домани ҳар тоҷику тоҷикистонӣ маҳкам дошта буд. Боварӣ ва умед ба ояндаи нек хаёли хоме гашта буд. Ин руҳияи вазнин қаҳрамони моро низ фаро гирифта буд. Танҳо пас аз Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб баргузор гашт, дар дили мардум шуълаи умед пайдо шуд.
Тирамоҳи соли 1993 Мурод ҳуҷҷатҳои худро ба шуъбаи ғоибонаи факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров супорид. Имтиҳонҳоро бомуваффақият супорида, ба сафи донишҷӯён дохил шуд, вале ҳамоно дар хоҷагии деҳқонӣ кор мекард, саробони оила буд.
Дар авҷи буҳрони шадиди иқтисодӣ тирамоҳи соли 1994 Мурод хост аз кори хоҷагии деҳқонӣ ба фаъолияти омӯзгорӣ гузарад. Бо ин мақсад, ӯ бо ариза ба назди раиси хоҷагӣ даромад. Раис бо тааҷҷуб аз вай пурсид:
— Ҳозир одамон илоҷи ба колхоз даромаданро наёфта ис­тодаанду ту чаро ихтиёран рафта истодаӣ?
Мурод ба оромӣ гуфт:
— Дуруст мегӯед раис, лекин ман корро дар мактаб давом доданӣ ҳастам, мактаб айни замон ба ман муҳтоҷ аст.
Раис бечуну чарои иловагӣ ба ариза имзо гузошт. Дар он замон бисёр омӯзгорон аз ноилоҷӣ мактабро тарк карда буданд. Муаллимон намерасиданд. Аълохонҳои синфҳои болоӣ ба кори таълиму тарбия ҷалб карда мешуданд.
Мурод дар мактаби деҳа ба кор оғоз кард. Ҳамзамон, таҳсилро давом медод. Солҳои аввали омӯзгорӣ Муродро имтиҳони бераҳмонаи ҳаёт интизор будааст. Даргириҳои мухолифон бо қувваҳои ҳукуматӣ дар қисмати ҷанубии кишвар идома доштанд. Музди меҳнати омӯзгоронро, ки он ҳам хеле ночиз буд, давлат бинобар набудани асъори миллӣ пардохт карда наметавонист. Мақомоти маҳаллии давлат то ҳадди имкон маоши омӯзгоронро бо маводи ниёзи аввал ҷуброн мекард. Мурод ва дигар ҳампешагонаш ба ҳамаи ин тоқат мекарданд. Дар ҷамъомадҳои омӯзгорон масъ­алаи сифати таълиму тарбия муҳокима карда мешуд. Омӯзгорони калонсол муаллимони навкорро руҳбаланд мекарданд.
Боре дар ҷамъомади умумӣ омӯзгори собиқадор Муаззам Ҳамдамӣ гуфт:
— Магар аз дасти ман ба бозор баромада савдо кардан намеояд? Албатта, меояд, вале рисолати ман омӯзгорист!
Омӯзгори собиқадору соҳибтаҷриба Неъматхӯҷа Раҳматзода афзуд:
— Ин рӯзҳо мегузаранд, ҷавонҳо набояд руҳафтода шаванд. Рӯзе мерасад, ки боз қадри илму дониш ва омӯзгор баланд мешавад, ин ҳақиқати бебаҳс аст.
Роҳбари ҷавону ҷасур ва ватандӯсти давлати ҷавони тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми қувваю имкониятро ба кор бурданд, то сулҳу оромӣ ояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввал дар сиёсати дохилии хеш маорифро соҳаи афзалиятноки давлат эълон кард.
Аз соли 2000-ум инҷониб дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ пешравиҳо дида шуда, некуаҳволии халқ зина ба зина боло рафт. Аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ислоҳоти соҳаи илму маориф ба марому мақсади аввалиндараҷаи давлати мо табдил ёфт. Мазмун ва мундариҷаи китобҳои дарсӣ ва низоми таълим ба талаботи замон ва меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ гардонида мешавад. Пайдоиши мактабҳои типи нав ба рушди соҳа ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон мусоидат намуданд. Рушди иқтисодиёти кишвар имкон дод, ки маоши кормандони соҳаҳои буҷавӣ, аз ҷумла, омӯзгорон сол аз сол зиёд карда шавад. Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар маоши вазифавии кормандони соҳаи маориф 21 маротиба зиёд карда шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳ­тарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (16.12.2025) қайд намуданд: «Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мус­таҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад.
Ба ибораи дигар, ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳиму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам».
Омӯзгорон ғамхории Роҳбарияти олии кишварро дар ҳаққи худашон ба хубӣ эҳсос мекунанд ва бо масъулияти дучанд заҳмат мекашанд. Тӯли солҳои соҳибис­тиқлолӣ дар кишвар садҳо муассисаи томактабӣ, таҳсилоти миёна ва олӣ сохта ба истифода дода шуд ва ин кор бо суръат идома дорад. Ин гувоҳи он аст, ки ояндаи маориф ва давлати тоҷикон дурахшон аст.
Қаҳрамони мо-омӯзгори соҳибтаҷриба, устоди садҳо шогирди хушному муваффақ Мурод Раҳимов дар роҳи шукуфои бештари Ватани азизамон заҳмат мекашад.
Қобил УМАРОВ,
омӯзгори филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара

Добавить комментарий