Татбиқи низоми 12-сола — имкони муфид барои ворид шудан ба меъёрҳои ҷаҳонии таҳсилот

Муқаддима

Рушди бомароми ҷаҳони муосир ва густариши ҳамкориҳо тақозо мекунад, ки тамоми соҳаҳо ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҳамоҳанг гарданд, ки дар ин миён, соҳаи маориф истисно нест. Аз ин ҷост, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи маориф тадриҷан тадбирҳои судманд андешида мешавад. Ин омил имкон фароҳам меорад, ки соҳаи маориф ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардида, сатҳу сифати таълим баланд бардошта шавад. Яке аз иқдомоти муҳимме, ки бояд дар соҳаи маорифи мамлакат роҳандозӣ гардад, гузаштан ба низоми таҳсилоти 12-сола мебошад. Дар Паёмҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (солҳои 2009, 2011) таъкид гардида буд, ки татбиқи ин низом ворид шудан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ мебошад. Ба ин мазмун, ин низом бартариҳои зиёд дошта, имкон медиҳад, ки ҳамагон ба таҳсилоти босифат фаро гирифта шаванд.
Қадамҳои устувор ба сӯйи таҳсилоти босифат
Соҳаи маориф ҳамчун омили асосии пешрафт дар ҳама кишварҳо пазируфта шудааст ва аз ин рӯ, кӯшиш мегардад, низоме татбиқ шавад, ки ба рушди тафаккури хонандагон мусоидат намояд. Бо ин мақсад, имрӯз дар аксари кишварҳо низоми баҳогузории 12-сола ба роҳ монда шудааст. Гузариш ба низоми таҳсилоти 12-сола дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ роҳандозӣ гардида, тибқи Декларатсияи Шурои Аврупо таҳсилоти 12-соларо 216 давлати ҷаҳон эътироф кардаанд. Дар асоси маълумоти ЮНЕСКО, таҳсилоти 12-сола дар 32 кишвар аз 5-солагӣ, дар 129 кишвар аз 6 ва дар 23 кишвар аз 7-солагӣ амал мекунад. Дар 25 давлати дунё таҳсилоти 13-сола ҷорӣ буда, онҳо аз 6-солагӣ таҳсилро оғоз мекунанд. Бояд қайд кард, ки таҳсилоти 12-сола дар ИМА, Британияи Кабир, Фаронса, Испания, Ҷопон ва Лаҳистон ҷорӣ буда, дар Олмон, Шветсия, Чехия, Италия ва Ҳоланд низоми таҳсилоти 13 ва 14-сола татбиқ мешавад. Дар кишварҳои пасошуравӣ, аз ҷумла, мамлакатҳои назди Балтика, Молдова, Украина, Арманистон, Гурҷистон, Қазоқистон таҳсилоти 12-сола роҳандозӣ гардидааст. Мусаллам аст, ки гузариш ба таҳсилоти 12-сола марҳала ба марҳала ба низоми муайян сурат мегирад. Бояд дарк намуд, ки имрӯз гузариш бо низоми нави маориф тақозо мекунад, ки барномаву китобҳои нав ва усулҳои муассири тад­рис амалӣ карда шаванд. Дар зимн, таҳияи консепсияи мушаххас бояд фарогири ҷанбаҳои инфрасохторӣ ва ҳам маърифатии муассисаҳои таълимӣ бошад. Таҷрибаи кишварҳои пешрафта нишон медиҳад, ки татбиқи низоми мазкур хонандагонро ҳамҷониба — ҳам аз нигоҳи маънавият ва ҳам аз нигоҳи тафаккуру ҷаҳонбинӣ ва дарки замони муосир комилу пешрафта месозад.
Таҳсилоти 12-сола маънии илова гардидани соли дигари таҳсилро ифода намекунад, балки ислоҳоти пурраи мазмуну муҳтаво ва мундариҷаи таълим маҳсуб меёбад. Дар ин масъала сухан дар хусуси таҷдиди фарогири раванди таълим меравад, ки дар ин миён, китобҳои дарсии нав, ки дар ниҳоди хонандагон тафаккури интиқодиро инкишоф медиҳанд ва зеҳну шуури онҳоро ба дарки авзои ҷаҳон ҳамаҷониба мутобиқ месозад, муҳим ба шумор меравад. Ин ба он маъност, ки хонандагон ба ҳаёти воқеӣ омода мегарданд ва мушкилоту чолишҳои замонро бо кӯшишу иродат пушти сар менамоянд.
Таҷрибаи кишварҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки таҳсилоти 12-сола барои ҳамагон маҷбурӣ намебошад. Аз синфи 10-ум наврасон метавонанд фанҳои муайян — математика, физика, химия, илмҳои гуманитариро дар асоси барномаҳои таълимӣ амиқ омӯзанд. Дар баробари ин, мавзуъҳои такрорӣ аз байн бурда мешавад ва раванди барномаи таълимӣ ба таври самаранок амалӣ мегардад. Инчунин, таваҷҷуҳи асосӣ ба фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ равона мешавад.
Дар кишварҳое, ки кӯдакон дар мактаб 12 сол таҳсил мекунанд, дар соли охирини таҳсил дарсҳо ба ду қисмат ҷудо мешаванд. Дар нимсолаи аввал хонандагон дарс меомӯзанд ва дар нимсолаи дуюм омодагӣ ба имтиҳонҳо сурат мегирад. Инчунин, дар таҳсили 12-сола мактаббачагон соатҳои бештарро барои омӯзиши фанҳои муайян сарф менамоянд. Илова бар ин, навоварии мазкур сарбории хонандагонро кам намуда, ба такмили инкишофи ҷисмониву руҳии онҳо мусоидат мекунад. Ҳамин тавр, таҳсилоти 12-сола на танҳо соатҳои иловагӣ дар мактаб, балки аз нав барқарор кардани мундариҷаи раванди таълим бо дарназардошти талабот ва мушкилоти замони муосир мебошад.
Омили рушди маорифи кишварҳои пешрафта
Нахустин кишваре, ки расман низоми таҳсилоти 12-соларо ҷорӣ кардааст, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ме­бошад. Дар ИМА тибқи қонун, ҳамаи кӯдакон бояд ба мактаб раванд. Таҳсил дар мактабҳои ибтидоӣ, миёна ва миёнаи умумӣ ройгон мебошад. Вобаста ба иёлат, кӯдакон аз синни панҷ то ҳаштсолагӣ ба таҳсил шуруъ мекунанд. Низоми таҳсилоти ИМА дорои 4 сатҳи классикӣ мебошад: таҳсилоти томактабӣ, ибтидоӣ, миёна ва олӣ. Таҳсилоти томактабӣ 2 сол давом карда, барои кӯдакони аз 4 то 6-сола пешбинӣ шудааст. Дар бисёр иёлатҳо пас аз хатми муассисаи томактабӣ шаҳодатнома дода мешавад, ки дар он рафтор ва қобилияти кӯдак мушаххас гардидааст. Ин шаҳодатнома ҳангоми дохил шудан ба мактаби ибтидоӣ талаб карда мешавад. Таҳсилоти мактабӣ дар Амрико ба тарбияи фарзандон ба масоили худтанзимкунӣ, масъулият, мустақилияти тафаккур ва роҳбарӣ нигаронида шудааст. Дар раванди дарс омӯзгорон ба кӯдакон дар рушди қобилиятҳои таҳлилӣ кумак мерасонанд, ба онҳо таълим медиҳанд, ки мустақилона қарор қабул кунанд, нуқтаи назари худро дошта бошанд ва донишҳои гирифтаашонро дар ҳаёти воқеӣ татбиқ созанд. Дар руҳияи озодӣ тарбияву ба камол расонидан яке аз тафовутҳои асосии муассисаҳои таълимии Амрико мебошад.
Соли 1972 Финландия ба низоми таҳсилоти 12-сола гузашт. Ин ислоҳот ба навсозии системаи маорифи кишвари мазкур равона карда шуда буд. Мақсади ислоҳот иборат аз дастрасии таҳсил барои ҳама кӯдакон, сифати таълимро беҳтар намудан, хонандагонро барои зиндагӣ омода кардан маҳсуб меёфт. Дар натиҷаи ислоҳот сатҳи таҳсилот дар Финландия хеле баланд шуд ва он яке аз кишварҳои дорои сатҳи баланди саводнокӣ дар ҷаҳон гардид. Тафовути таҳсилот байни писарон ва духтарон коҳиш ёфт. Низоми маорифи ин кишвар яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон эътироф гардид. Ҳамин тариқ, гузариш ба низоми таҳсилоти 12-сола дар Финландия муваффақона сурат гирифт. Таваҷҷуҳи низоми таълими давлати мазкур ба маҳорати баланди омӯзгорон иртиботманд мебошад. Ҳоло барои таълим дар мактабҳо омӯзгор бояд дорои дараҷаи магистр дар соҳаи маориф бошад ва он гоҳ ҳуқуқи тадрис доданро пайдо мекунад.
Таҳсилоти миёна дар Канада ройгон аст ва се марҳаларо дар бар мегирад. Дар ин кишвар низ низоми 12-сола ҷорӣ гардидааст. Кӯдакон дар 5-6-солагӣ ба таҳсил шуруъ мекунанд. Азбаски дар кишвар ду забон расман ҳамчун забони давлатӣ эътироф шудааст, таълим метавонад бо забонҳои англисӣ ё фаронсавӣ роҳандозӣ гардад. Барои гирифтани шаҳодатномаи хатми мактаб хонанда бояд миқдори муайяни холҳоро ба даст орад. Агар миқдори зарурии холҳоро ба даст наорад, то гирифтани сатҳи кофии дониш таҳсилро идома медиҳад.
Дар Ҷумҳурии Халқии Хитой низоми таҳсилоти 12-сола ҷорӣ карда шудааст. Он се зинаро дар бар мегирад. Пеш аз дохил шудан ба синфи якум онҳо аз санҷиш мегузаранд. Шумораи хонандагон дар синф зиёда аз 30 нафарро ташкил медиҳад ва баъзан ба 70-80 нафар мерасад. Таҳсилоти мактабӣ дар ин мамлакат ҳафтаи таҳсили панҷрӯзаро дар бар мегирад. Одатан, кӯдакон то соати 16:00 таҳсил мекунанд. Дар таълим интизоми қатъӣ нигоҳ дошта мешавад. Агар хонанда бидуни сабаби узрнок дар 12 дарс иштирок накунад, аз мактаб хориҷ карда мешавад. Таҳсилоти миёна дар кишвари мазкур таҳти назорати давлат қарор дорад ва мактабҳо аз ҷониби давлат барои навсозии таҷҳизот ва таъмир маблағгузорӣ мешаванд.
Таҳсилоти мактабӣ дар Фаронса яке аз беҳтаринҳо дар Иттиҳоди Аврупо ҳисобида мешавад. Таҳсилоти дар Фаронса аз 6 то 16-солагӣ ҳатмист. Ҳам писарон ва ҳам духтарон якҷо таҳ­сил мекунанд, барномаи мактабӣ барои ҳама муштарак аст. Системаи мактаб ба баробарии шаҳрвандон асос ёфтааст.
Дар ин ҷо номгӯйи маорифи он кишварҳоеро пешниҳод кардем, ки во­қеан, маорифи пешрафта доранд ва дар онҳо низоми 12-солаи таҳсил ҷорӣ карда шудааст. Аз ин бармеояд, ки низоми мазкур ҷиҳати мутобиқ гардидан ба меъёрҳои ҷаҳонии таҳсилот ба роҳ монда шудааст.
Муҳиммияти гузариш ба низоми 12-сола
Мусаллам аст, ки ҳадаф аз гузариш ба низоми 12-сола баланд бардоштани сифати таҳсилот ва дар ниҳоди хонандагон қобилияти эҷодкориро тақвият бахшидан ба шумор меравад. Аз ин рӯ, низоми мазкур шароит фароҳам меорад, ки аз як тараф, масоили фарогирӣ ба таҳсилоти томактабӣ бартараф карда шавад, аз ҷониби дигар, он ба рушди малакаҳои хонандагон мусоидат намояд. Яъне, дар ин низом бештар дар зинаи сеюми таҳсил ба ташаккули инфиродии хонандагон диққати аввалиндараҷа дода мешавад ва он имкон фароҳам меорад, ки муҳассилин ҳамаҷониба инкишоф ёбанд, зеро дарсҳо мутобиқ ба самти фаъолияти хонандагон интихоб карда мешаванд, ки ин имкон медиҳад, онҳо дар касби интихобкардаашон малакаҳои худро ташаккул бахшанд. Дар ин замина, вазифагузорӣ карда мешавад, ки мактабҳо бо барномаҳои таълимии мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ, дастуру китобҳои дарсии насли нав бо ҷанбаи амалии қавӣ ва устодону омӯзгорони дорои ҷаҳонбинии пешрафта таъмин гарданд. Яъне, ислоҳоти куллӣ дар низоми таҳсилот ба вуҷуд меояд ва маорифи кишвари мо ҳамаҷониба ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ карда мешаванд. Таҳлилу пажуҳишҳо нишон медиҳанд, ки низоми мазкур дар аксар кишварҳои ҷаҳонӣ мавриди амал қарор гирифтаву натиҷаҳои мусбат ба бор овардааст ва гузаштан ба он амри ногузир мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки бо расидан ба Истиқлоли давлатӣ равобити Тоҷикистон ба кишварҳои ҷаҳон гус­тариш ёфта, шаҳрвандони тоҷик барои таҳсил ба мактабҳои олии хориҷи мамлакат мераванд ва ҳамчун мутахассисони варзида ба камол мерасанд. Дар ин миён, ҳангоми таҳсил дар мактабҳои кишварҳои хориҷӣ мушкилоти баробарарзишии шаҳодатномаи хатм ба вуҷуд меояд. Барои дохил гардидани ҷавонони тоҷик ба мактабҳои олӣ як сол курси тайёриро дар он хатм намуда, бо гирифтани сертификати махсус имкони дохил гардиданро пайдо мекунанд. Аз ин рӯ, гузаштан ба низоми мазкур талаботи замон буда, аз як ҷониб, агар низоми маорифи кишварро мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ гардонад, аз ҷониби дигар, шароити хуби таҳсилро барои шаҳрвандон дар мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ фароҳам меорад.
Хулоса
Воқеан, барои гузаштан ба низоми таҳсилоти 12-сола дар мамлакат заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудааст ва зарур аст, ки ин раванд марҳала ба марҳала анҷом пазирад. Бо хатми мактаб хонандагон малакаҳои касби ояндаи хешро ба таври амиқ мушаххас мекунанд ва дар ин самт ба таври фарогир омода мешаванд. Дар ин замина, зарур аст, ки семинару курсҳои омӯзиширо барои омода гардидани омӯзгорон ба низоми мазкур роҳандозӣ намуда, таҳияи барнома ва дастуру китобҳои дарсии насли навро оғоз бахшида, қадамҳои аввалинро гузошт.
Насриддин ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»

Добавить комментарий