Неъмати беназир

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сарвати бебаҳоест, ки баъд аз ҳазор сол халқи тоҷикро ҳамчун ҳадияи таърихӣ насиб гардидааст. Истиқлол бо домани эҳсону баракати худ баъди қарнҳо ба ватандӯстиву миллатдӯстии халқи мо маҷрои нав ато намуд. Бо шарофати ин неъмат Тоҷикистон бо тамоми рукнҳое, ки барои ҳар як давлат зарур мебошанд, дар баробари садҳо давлати ҷаҳон мақому манзалати худро соҳиб гардид.

Тоҷикон бо ранҷу кулфатҳои таърих дар масири пурпечутоби рӯзгор зиста тавонистанд. Ниҳоят халқи тоҷик Пешвою роҳнамои худро пайдо намуд ва санҷишҳои бузургро паси сар кард. Як ҳадияи бузурги Истиқлоли давлатӣ ҳамин аст, ки халқ роҳнамову пуштибони худро пайдо намуд. Се даҳсола қабл нотавонбинону душманони миллат мехостанд, сарзамини моро аз нав валангору ғасб намоянд. Ин навбат истиқлол бо роҳнамои халқ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миёни тӯфонҳо истодагарӣ карда тавонист.
Халқи тоҷик куҳанбунёду соҳибтамаддун буда, таърихи беш аз 6000-сола дорад. Бо вуҷуди ин, ноадолатиҳои таърих ин халқро дар ҳалқаи тазъиқу фишор нигоҳ медошт. Таърихи куҳан ва асолати бузурги миллӣ буд, ки бо файзи истиқлол дар кӯтоҳтарин фурсат муҳиту фазои тоҷикона сохтем ва аз ҳастии бостонии худ ба оламиён дарак додем. Эҳёи суннатҳои аҷдодӣ нишондиҳанда, гувоҳ ва далели раднопазири асолати миллӣ гардид.
Мо-мардуми тоҷик бо дили софу бекинаи худ дар тӯли қарнҳо танҳо як чиз надоштем, ки он ваҳдату ҳамгироӣ буд. Ба атрофу акноф бовар доштем ва аз ин истифода бурда, салтанатҳои домандорамонро аз даст медодем. Дар охирин фурсат низ чунин тарҳҳоро амалӣ кардан мехостанд, аммо ватандӯстиву миллатдӯстии мо кафили пешрафт гардида, дар домани он тоҷик муттаҳидиву якдилӣ барпо намуд. Пояҳои истиқлолро устувор намуд ва ҷаҳон дарк намуд, ки дигар ин халқро наметавон фирефта кард ва дар миёни ҳазорон халқу миллатҳои ҷаҳон бо шарафмандӣ маъруф гардид. Бо роҳнамоии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик ҳушёр гардид, то минбаъд дар амнияту ҳифозати худ бетафовут набошад.
Мо мардуми тамаддунофарем ва замоне арзу тӯли кишварамон ҳадду андоза надошт. Имрӯз истиқлол қуллаҳои кӯҳҳои сарбаланди меросмондаро ифтихору сарвати бебаҳои тоҷик гардонид ва ин қуллаҳои баланд шоҳиди безабони таърихи заррини халқи тоҷик мебошанд. Халқи тоҷик ҳазорсолаҳо қабл дижнишин буд ва он замон рақибони ҷоҳилу беҳунар ба ин ҳасад мебурданд. Инак дар асри 21 низ болонишинем, ки омили ҳасаду нотавонбинии тангназарони кӯтоҳандеш аст.
Қатъи назар аз он ки замоне тоҷикро бо таъқибу таҳдид ба кӯҳҳои баланд пеш мекарданд ва хаёл мекарданд, ки бо ин роҳ сарвати моддиву маънавии моро маҳв месозанд, тирашон хок мехӯрд ва ба қавли шоир, халқи тоҷик дар синаи кӯҳҳои баланд ҳастии худро ба тамоми маънӣ нигоҳ дошта тавонист. Шарофату неъмати истиқлол моро аз ҳама бунбастҳои сунъии маънавию моддӣ раҳоӣ бахшид ва ин кӯҳҳои сарбаланд боиси сарафрозии халқи тоҷик гардиданд. Халқи тоҷик дар заминаи ғановату асолати таърихӣ созандаву бунёдкор будани худро ошкор намуда тавонист. Роҳҳои тайнагаштаро бо суръати баланд мепаймояд то ҳақиқатҳои ғуборолудро аз нав суфта гардонад.
Дарвоқеъ, истиқлол неъмату ганҷинаи беназирест, ки ҳама роҳҳои пешрафту ташаккулро суфта мегардонад. Ин неъмат садои қарнҳост, ки мужда аз дуриҳои дур медиҳад. Ин мужда дар Парчами миллии мо ифода меёбад, ки он имрӯз ифтихори зиёда аз 100 миллион нафар тоҷикони рӯйи замин гардидааст. Ин Парчами муқаддас пару боли Истиқлоли давлатии мост. Бо файзу неъмати истиқлол Суруди миллии мо танинандоз гардид, ки он каломи чандинҳазорсолаи мо барои оламиён аст. Имрӯз аз баландтарин минбарҳои ҷаҳонӣ оҳанги дилнавози Суруди миллии мо ба гӯш мерасад ва он паём аз ҳастии халқи соҳибдавлате бо номи тоҷик аст. Дар роҳи дурударозу тираи таърих нобиғагони тоҷикро аз худ мекарданд ва бо ҳунару истеъдоди баланди онҳо худро муаррифӣ кардан мехостанд. Истиқлоли ҳақиқатро рӯйи об баровард ва мо ҳама фарзандони фарзонаи худро шинохтем. Забону фарҳанги моро аз худ кардан мехостанд ва бо ҷароҳатҳо ба рӯйи ин забону фарҳанг дарбеҳи бегонаро пайванд мекарданд. Асолат омили бегонаро қабул накард ва забони ҷароҳатбардоштаи тоҷик аз захмҳо пок гардиду даво ёфт. Ин халқи муқтадир аз ҳувияту асолати миллии худ сухан гуфта тавонист.
Имрӯз истиқлол кафили пешрафт ва бақои миллату давлати мо барои ҳазорсолаҳои дигар мебошад. Ҳар фарди ватандӯст бояд аз равзанаи меҳру садоқат ба ин неъмати бебаҳо нигарад. Онро чун гавҳаракаи чашм нигоҳ доштан вазифаи ҷонии ҳар як фарзанди ин сарзамин аст. Дӯст доштани Ватан ва садоқатмандонаву бурдборона заҳмат кашидан рукнҳои истиқлолро қавӣ мегардонад ва ҳастиву мавҷудияти онро барои наслҳои оянда таъмин менамояд.
Фахриддин ҚУТБИДДИНЗОДА,

иҷрочии Хадамоти иҷро дар ноҳияи Файзобод

Добавить комментарий