Дастоварди бузурги миллат

Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик неъмати бузург буда, ҳамасола 9 сентябр ҳамчун рӯзи соҳиб гардидан ба соҳибистиқлолии кишвар бо шукӯҳу тантана таҷлил мегардад. Мутаассифона, бо соҳибистиқлол гардидан дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ ба вуқуъ пайваст, ки ба тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ хисороти зиёд ворид кард. Иқтисодиёт фалаҷ гардид, мардум сарсону саргардон ва кишвар дар вартаи нобудӣ қарор гирифт. Барои раҳоӣ аз ин вазъи барои миллату давлат хатарзо, шахсияте зарур буд, ки ҳастии хешро баҳри таъмини сулҳу субот дар ҷумҳурӣ фидо намояд. Маҳз бо баргузории Иҷлосияи XVI тақдирсоз ва ба сифати Раиси Шурои Олӣ интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот дар мамлакат таъмин гардид ва тадриҷан дигаргуниҳои куллӣ дар тамоми соҳаҳо ба вуҷуд омаданд. Имрӯз дар Ватани азизи мо сулҳу субот пойдор буда, мардум бо дасту дили гарм ба ободкориву созандагӣ машғул мебошанд. Маҳз Истиқлоли давлатӣ имкон дод, ки Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақил шинохта шавад. Ба ин мазмун, Пешвои миллат ба маврид фармудаанд: «Тоҷикистон ба шарофати истиқлол аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёри демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эътироф гардид ва ба узвияти кулли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуд».

Меваи сулҳу озодӣ ширин аст, зеро маҳз тавассути ваҳдату якдигарфаҳмӣ кишвар ба марҳалаи нави рушд ворид гардид. Имрӯз дар гӯшаю канорҳои мамлакат раванди бунёдкорӣ босуръат идома дошта, симои шаҳру навоҳӣ ба таври кулли дигаргун гардидааст. Дар доираи таҷлили ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар кишвари биҳиштосоямон тадбирҳои муфид дар самти корҳои созандагию ободонӣ анҷом дода мешаванд. Пешвои миллат ҳангоми сафар ба шаҳру навоҳии кишвар иншооти ҷашнии ба таври муосир бунёдшударо дар фазои тантанавӣ мавриди истифода қарор медиҳанд. Маълум мегардад, ки аз соҳаҳои иҷтимоӣ то саноату иқтисод дар кишвар рушду пешрафт намуда, Тоҷикистон тадриҷан ба мамлакати саноативу аграрӣ табдил меёбад. Бо рушди соҳаҳои хоҷагии халқ сатҳи зиндагии мардум низ бамаротиб баланд гардидааст.
Шоистаи таъкид аст, ки дар ин замина, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ дар авлавият қарор гирифтааст ва боиси хурсандист, ки ҳамасола даҳҳо муассисаи нав ба истифода дода мешавад. Ин омил имкон медиҳад, ки муҳассилин дар беҳтарин шароит таҳсил намуда, аз донишҳои муосир бархӯрдор гарданд. Мусаллам аст, ки соҳибистиқлолӣ шароит муҳайё намуд, ки хонандагон дар мактабҳои ҷавобгӯ ба тамоми меъёрҳои замони муосир ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Дар баробари ин, барои баланд бардоштани маънавияти мардум ва дарёфту дастгирии наврасону ҷавонони лаёқатманд озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» роҳандозӣ гардид. Бахусус, Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар байни мардум маҳбубияти бештар пайдо намуд, ки чанде пеш даври сеюми он ҷамъбаст гардид. Маълум мегардад, ки аз хонандагони хурдсол то калонсолон ба он бо тайёрии ҷиддӣ меоянд ва донишу маҳорати хешро месанҷанд.
Инчунин, ҳамасола Пешвои миллат дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар ҳузури аҳли илму маориф суханронӣ мекунанд, ки он омили таконбахш ба фаъолияти устодону омӯзгорон мебошад. Оғоз гардидани рӯзи нахусти оғози соли нави таҳсил бо Дарси сулҳ рамзӣ буда, ҳамагонро водор менамояд, ки ба қадри сулҳу субот ва истиқлолу озодӣ бирасем.
Мо-омӯзгоронро зарур аст, ки хонандагонро ба омӯзишу мутолиаи бардавом роҳнамоӣ намуда, наслеро ба камол расонем, ки ба қадри сулҳу субот ва истиқлолу озодӣ бирасанд ва ҳамчун мутахассиси варзида дар пешрафти Ватани азизамон саҳми арзанда гузоранд.
Шаҳноза Маллаева,

омӯзгори таърихи литсейи №1-и шаҳри Бӯстон

Добавить комментарий