Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (16.12.2025) дар баробари баррасии масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, масоили фарҳанг, ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ баррасӣ гардид. Ин таваҷҷуҳи амиқ ифодагари дарки стратегии Пешвои миллат аст, ки фарҳанг ва ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ ҳамчун пояи асосии идеологияи давлатдорӣ ва омили калидии ҳувиятсозӣ дар ҷаҳони муосир маънидод мешавад. Худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ, ҳифзи фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани сатҳи ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон, вусъат додани корҳои созандагӣ ва ободкорӣ аз масъалаҳои меҳварии Паёми навбатии Роҳбари давлатамон буданд.
Бояд қайд намуд, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати фарҳангпарваронаву хидматҳои мондагори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар баробари ба вуҷуд овардани заминаҳои устувори рушди соҳаҳои сиёсию иқтисодии кишвар, дар рушду густариши бесобиқаи фарҳангу маънавиёт, махсусан, масъалаи худшиносию худогоҳи миллати бостонии тоҷик бениҳоят бузург ва муассир аст.
Роҳбари давлат ба ҳайси мубаллиғи фарҳангу забон ва арзишҳои муқаддаси миллӣ, пайваста дар мулоқоту суханрониҳои худ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа оид ба тавсеаю тақвияти худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ, бедории маънавию зиракии сиёсии ҷавонони тоҷик изҳори андеша менамоянд.
Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (16.12.2025) таъкид намуданд: “Мо сиёсати давлатии кор бо ҷавононро ҳамчун самти калидӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ намуда, барои самаранок амалӣ гардидани он аз тамоми имкониятҳо истифода карда истодаем. Зеро ҷавонони мо неруи асосии пешбарандаи ҷомеа мебошанд ва мо бо ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии онҳо ифтихор мекунем. Имрӯз ҷавонони мо бо кору фаъолияти созандаи худ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми бузург доранд. Ҳоло дар кишварамон соҳае нест, ки ҷавонон дар он нақши фаъол надошта бошанд. Бовар дорам, ки ҷавонони бонангу номуси даврони истиқлол дар пешрафти иқтисоди миллӣ, тараққиёти давлат ва ободии Ватани худ минбаъд низ саҳми арзишманд мегузоранд”.
Дар ин гуфтаи Пешвои миллат ҳисси баланди миллӣ, худшиносию худогоҳии ҷавонони тоҷик дар баробари ватандӯстиву садоқат ба Ватан рукни муҳимми инкишофи маънавию ахлоқӣ ва зеҳнии ҷавонон дониста шудааст, ки ин дар навбати худ омили зарурии амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти муназзами давлат ва ободию шукуфоии имрӯзу фардои кишвари муқаддаси мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб меёбад.
Барои рушду тавсеаи андешаи миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии ҷавонон, боло бурдани фарҳангу маънавияти онҳо нақши аҳли ҷомеаи мутамаддини имрӯзаи тоҷик, ниҳодҳои марбута ва бавижа, зиёиёну омӯзгорон бузург аст ва онҳо бояд ин рисолати муҳимми бар дӯш доштаи худро бо камоли ихлос, меҳру муҳаббат ва донишу маҳорат ба иҷро бирасонанд.
Омӯзгору зиёии асил дар замони муосир бояд масъулияту вазифаи худро дар омӯзишу парвариши насли ояндасози кишвар комилан дарк ва ҳамвора саъю кӯшиш кунад, то ҷавонон дар ҷодаи худшиносию худогоҳӣ ба арзишҳои муқаддаси миллӣ, ки ҷавҳари ҳастиву бунёдии давлати мост, арҷ гузоранд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ аз масъалаҳои муҳим ва умда дар низоми илмҳои ҷомеашиносӣ ба ҳисоб меравад.
Худшиносӣ аз аломатҳои ҷаҳонии маънавии фард ва ҳамзамон, нишонаи камолоти маънавии ӯст. Моҳияти ҳастии инсон маҳз тавассути худшиносӣ ошкор мегардад. Яъне, инсони воқеӣ касеро метавон гуфт, ки ҷаҳони маънавии худро такмил дода, ҷойгоҳи худро дар ҷомеа пайдо намуда, барои ҷамъият узви фаъол мегардад. Танҳо пас аз расидан ба дараҷаи худшиносӣ оид ба шаклҳои дигари худшиносӣ метавон андешаронӣ намуд.
Яке аз муҳимтарин роҳҳои расидан ба худшиносӣ, тарбияи ҳаматарафаи насли наврас дар заминаи тарбияи миллӣ мебошад. Тарбияи худшиносии миллӣ барои миллатсозӣ ва ба миллат расидан афзалиятноктарин шакли тарбия ба ҳисоб меравад.
Дар кишвари соҳибистиқлоли мо Консепсияи миллии тарбия қабул гардидааст, ки сиёсати кунунӣ ба дурнамои давлат дар соҳаи тарбияи миллӣ, оммаи васеи аҳолӣ, махсусан, насли наврас мебошад. Мақсад, вазифа ва заминаҳои тарбияи миллӣ ҳамчун падидаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, психологӣ ва педагогӣ ба танзими ҳаёти инсон ва пешрафти ҷамъият нигаронида шудааст. Тарбияи миллӣ омили асосиест, ки дар шаҳрванд парвариши сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, инсондӯстӣ, озодандешӣ, мавқеи шаҳрвандӣ ва ташаббускориро таъмин менамояд.
Тарбияи миллӣ воситаи асосии ташаккули инсони комил, соҳиби Ватан, нангу номуси миллӣ, ифодагари симои зеҳнию маънавӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва арзишҳои дигари инсонӣ ба шумор меравад.
Дар даврони истиқлол моро лозим аст, ки аз диди нав ба тамаддуни оламгири худ назар афканем, аз нигоҳи илмӣ ҳаматарафа мавриди омӯзиш ва баҳрабардорӣ қарор диҳем, зеро арзишҳои фарҳангӣ хусусияти фарогири оммавӣ дошта, дар арсаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи махсусро соҳиб гаштаанд.
Далер САИДЗОДА,
дотсент, и.в. декани факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон













