Дар шароити муосири рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, баланд бардоштани самаранокии истифодаи маблағҳои давлатӣ ва мутобиқсозии низоми таҳсилоти олӣ ба стандартҳои байналмилалӣ яке аз вазифаҳои калидии сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Тавре ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (аз 16 декабри соли 2025) таъкид гардидааст, бозбинии низоми маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, аз ҷумла, гузариш ба модели маблағгузории сарикасӣ ё фармоиши давлатӣ тақозои замон мебошад.
Бояд зикр намуд, ки ҳамасола шумораи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ рӯ ба афзоиш буда, агар дар соли 2017 шумораи онҳо 192550 нафарро ташкил диҳад, ин рақам дар соли 2025 226240 нафар расидааст. Яъне, шумораи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар соли 2025 нисбат ба соли 2017 тақрибан 17,5 фоиз зиёд шудааст. Агар маблағгузории МТОК дар соли 2017 ба 632 млн 751 ҳазор расида бошад, ҳаҷми ин маблағ дар соли 2025 ба 1 миллиарду 511 миллиону 900 ҳазор расидааст. Яъне, маблағгузории МТОК дар соли 2025 нисбат ба соли 2017 тақрибан 139 фоиз афзоиш ёфтааст.
Фарқияти назарраси байни афзоиши шумораи донишҷӯён ва хароҷоти буҷетӣ метавонад нишон диҳад, ки низоми маблағгузории МТОК ба бознигарӣ ниёз дорад. Бе такмили механизмҳои идоракунӣ, шаффофият ва арзёбии самаранокӣ, хатари зиёд шудани хароҷот бе натиҷаи мутаносиб дар самти сифати таҳсилот боқӣ мемонад. Афзоиши хароҷоти миёна ба як донишҷӯ метавонад аз меъёр зиёд гардад, дар ҳоле ки нишондиҳандаҳои сифати таълим бо ҳамин суръат беҳтар намешаванд. Иҷрои барномаҳо ё сохтмонҳое, ки бе таҳлили воқеии талабот роҳандозӣ шудаанд, метавонад ба исрофкории маблағҳои буҷетӣ оварда расонад.
Моҳияти маблағгузории меъёрии сарикасӣ (модели «маблағ аз паси донишҷӯ») дар тағйир додани принсипи тақсимоти маблағҳои буҷетӣ асос ёфтааст. Агар модели классикии сметавӣ барои нигоҳдорӣ ва маблағгузории муассиса (барои нигоҳдории биноҳо, воҳидҳои корӣ ва таҷҳизот) равона шуда бошад, пас маблағгузории сарикасӣ ба истеъмолкунандаи хидматҳои таълимӣ, яъне, донишҷӯ равона карда мешавад. Ин маънои онро дорад, ки дар маблағгузории сарикасӣ шумораи донишҷӯёни гурӯҳҳои буҷавӣ нақши калидиро иҷро менамояд. Модели маблағгузории мазкур, ки ба принсипи «маблағ аз паси донишҷӯ» асос ёфтааст, барои аксари кишварҳои пешрафта ҳамчун меъёр эътироф мешавад. Ҷорӣ намудани ин низом дар таҷрибаи ҷаҳонӣ марҳала ба марҳала аз охири асри XX оғоз шудааст. Британияи Кабир ва Нидерландия аз аввалинҳо шуда, маблағгузории сарикасиро дар асоси шумораи донишҷӯён дар солҳои 1980-1990 ҷорӣ кардаанд. Кишварҳои Норвегия, Финландия, Дания аз соли 2000-ум моделҳои омехтаро истифода мебаранд, ки дар онҳо ҳиссаи маблағгузории сарикасӣ қисми зиёди буҷетро ташкил медиҳад. Кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ (Лаҳистон, Чехия, Маҷористон) дар раванди ислоҳоти бозорӣ дар солҳои 90 ба таври оммавӣ ба меъёрҳои сарикасӣ гузаштанд. Дар ИМА маблағгузории сарикасӣ дар сатҳи иёлатҳо барои мактабҳои олии давлатӣ даҳсолаҳо боз истифода мешавад.
Дар кишварҳои пасошуравӣ гузариш ба ин модел ҳамчун воситаи таҷдиди назар намудани хароҷоти буҷетӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилот гардид. Арманистон аз аввалин кишварҳои ИДМ буд, ки дар аввали солҳои 2000-ум гузаришро ба маблағгузории барномавию мақсаднок ва сарикасӣ амалӣ намуд. Гузариши саросарии мактабҳои олӣ ба модели маблағгузории сарикасӣ дар Федератсияи Россия расман аз соли 2013 оғоз ёфт. Ҷумҳурии Қазоқистон аз соли 2018 пурра ба ин модел гузаштааст ва коэффитсиентҳои гуногунро барои намудҳои мухталифи мактабҳои олӣ истифода менамояд.
Дар заминаи модели маблағгузории сарикасӣ меъёри заминавии хароҷот барои таҳсили як нафар донишҷӯ меистад, ки барои як сол аз рӯйи самтҳои мушаххас муайян карда мешавад. Ин меъёр хароҷоти зеринро дар бар мегирад:
– пардохти музди меҳнати ҳайати профессорону омӯзгорон;
– хароҷот барои хариди адабиёти таълимӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ;
– хароҷот барои ташкили таҷрибаомӯзии таълимӣ;
– эҳтиёҷоти умумии хоҷагидорӣ (пардохтҳои коммуналӣ, нигоҳдории инфрасохтор ва ғайра).
Гузариш ба маблағгузории сарикасӣ на танҳо дар низоми муҳосибот тағйирот ба вуҷуд меоварад, балки равишҳои зеринро дар низоми идоракунии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таъмин менамояд:
1. Ҳавасмандгардонии рақобат: Ҳангоми истифодаи модели маблағгузории сарикасӣ мактабҳои олӣ маҷбуранд, барои ҷалби довталабон бо ҳамдигар рақобат намоянд, зеро ҳар як донишҷӯи қабулшуда ба буҷети муассиса маблағи муайян меорад. Ин боиси баланд шудани сифати таҳсилот, навсозии заминаи моддӣ-техникӣ ва ҷорӣ намудани барномаҳои инноватсионӣ мегардад;
2. Мухторият ва масъулият: Модели маблағгузории сарикасӣ мустақилияти молиявии мактабҳои олиро васеъ мекунад. Роҳбарияти муассиса ҳуқуқ пайдо мекунад, ки маблағҳои воридшударо озодона ва ҳадафмандона истифода барад, ҷадвали воҳидҳои кориро таҷдиди назар намояд.
3. Устувор будани модели маблағгузории сарикасӣ. Модели муосири маблағгузории сарикасӣ якранг нест. Барои таъмини адолати иҷтимоӣ ва ба назар гирифтани афзалиятҳои давлатӣ коэффитсиентҳои ислоҳкунандаро истифода бурдан имкон дорад. Масалан, маблағгузории донишҷӯи самти муҳандисиро нисбат ба самти гуманитарӣ тавассути ҷорӣ намудани коэффитсиенти соҳавӣ зиёд кардан мумкин аст. Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ аз се гурӯҳи коэффитсиентҳо истифода менамоянд:
– коэффитсиенти соҳавӣ, ки арзиши аслии омода намудани мутахассисони алоҳидаро ба назар мегирад;
– коэффитсиенти минтақавӣ, ки фарқияти арзиши зиндагӣ, дастрасии нақлиёт ва шароити иқлимии минтақаро ба назар мегирад;
– коэффитсиенти мақом, ки онҳоро метавон барои гирифтани иловапулиҳо барои мактабҳои олии миллӣ, байналхалқӣ ва тадқиқотӣ истифода намуд.
4. Давлат тавассути тақсимоти зиёд кардани меъёрҳои сарикасӣ барои ихтисосҳои зарурӣ метавонад сохтори касбию тахассусии мактабҳои олӣ ва аҳолиро идора ва маблағгузории муассисаҳо, инчунин, ихтисосҳои камэҳтиёҷро пурра танзим намояд.
Вазифаи асосии гузариш ба маблағгузории сарикасӣ, таъмини самаранокии хароҷоти буҷетӣ мебошад. Давлат нигоҳдории ҷойҳои «холӣ»-ро дар мактабҳои олии беталабот қатъ карда, захираҳоро ба он самтҳое равона мекунад, ки аз ҷониби ҷавонон ба онҳо талабот бештар бошад.
Бо вуҷуди ин, ҳангоми ҷорӣ кардани маблағгузории сарикасӣ як қатор хатарҳо низ ҷой дошта метавонанд. Масалан, кам шудани хориҷ намудани донишҷӯёни буҷетӣ ва паст шудани сатҳи умумии сифати донишу малакаҳо. Чунин хатар аз он сабаб вуҷуд дорад, ки мактабҳои олӣ метавонанд барои нигоҳ доштани ҳатто донишҷӯёни сустхон талош кунанд, зеро хориҷ кардан боиси аз даст додани маблағ мегардад. Ин омил ҷорӣ намудани низомҳои мустақили арзёбии сифати донишро талаб мекунад.
Гузариш ба маблағгузории сарикасӣ, гузариш аз «идоракунии хароҷот» ба «идоракунии натиҷаҳо» мебошад. Модели мазкур шаффофияти гардиши маблағҳоро таъмин намуда, ҳаракати академии донишҷӯёнро зиёд мекунад ва низоми таҳсилоти олии касбиро ба талаботи бахши воқеии иқтисодиёт дар шароити муборизаҳои технологӣ мутобиқ мегардонад.
Бадриддин МУЗАФФАРЗОДА,
муовини вазири маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
муовини вазири маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон













