Паёми навбатии Пешвои миллат оид ба сиёсати дихилию хориҷии кишвар ва самтҳои асосии иҷтимоиву иқтисодии мамлакат бо фарогирии дастовардҳои даврони сиву чор соли соҳибистиқлолии кишвар 16 декабри соли 2025 дар толори калон ва наву зебои Парлумони кишвар дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ки дурнамои рушди устувори минбаъдаро барои солҳои оянда муайян менамояд.
Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Дар назарияи сиёсӣ ва давлатдорӣ Паёми солонаи Роҳбари давлат ҳам аз назари маънову ҷойгоҳ ва ҳам аз назари мазмуну таъинот санади муҳимми давлатӣ ҳисоб гардида, аҳаммияти махсуси давлатӣ, дипломатию байналмилалӣ ва идориву коргузорӣ дошта, ҳамчун барномаи стратегии рушди устувори кишвар арзёбӣ мегардад.
Президенти муҳтарами кишвар бо ёдрас намудани муҳимтарин дастовардҳои соли 2025, бахусус, интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ, ҳамчунин, шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расидаро, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам месозанд, оғоз намуданд. Зикр гардид, ки соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии худ ҷиҳати амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ намуд.
Ҳамзамон, Сарвари давлат бо ифтихор зикр намуданд, ки рӯзи 12-уми декабри соли ҷорӣ ду ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» ва «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист баррасӣ ва нисбати онҳо ду қатънома қабул гардид.
Илова бар ин, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим зимни иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж баёнгари эътирофи ташаббусҳои сатҳи байналмилалии Тоҷикистон мебошад.
Он ҳам боиси ифтихор аст, ки 12-уми декабри соли ҷорӣ бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардид.
Пазируфтани ин ташаббусҳо ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ ба ҳисоб меравад.
Дар Паём Роҳбари давлат қайд карданд, ки дар давоми даҳ соли охир дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар пешравии назаррас ба амал омад. Дар натиҷа ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфта, барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла, 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб ва равона гардид.
Дар ин давра, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне, беш аз шаш баробар афзоиш ёфт.
Яке аз масъалаҳои муҳимми дигаре, ки дар Паём ба он ишора шуд, ин давра ба давра беҳтар кардани вазъи зиндагии мардум ва батадриҷ бароварда кардани ниёзҳои аҳли ҷомеа, рушди соҳаҳои саноату хоҷагии қишлоқ тавассути афзудани истеҳсоли молу маводи ватанӣ, ҳамчунин, кам кардани ҳаҷми воридот буд. Яъне, чун ҳамеша меҳвари асосии Паём боло бурдани сатҳи некӯаҳволии мардум дониста шуд. Дар ин росто, хотирнишон гардид, ки Ҳукумати мамлакат бояд самтҳои афзалиятноки рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, саноатикунонии босуръат бо технологияҳои муосир, истифодаи имкониятҳои транзитӣ ва сайёҳӣ, идомаи ислоҳоти идоракунии давлатӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузориро тақвият бахшида, дар ин раванд, ба идоракунии самараноки корхонаҳои давлатӣ, рушди иқтисоди «сабз» ва «даврагӣ», гузариш ба модели иқтисодии ба донишу навоварӣ асосёфта, рушди сармояи инсонӣ ва пешгирӣ кардани таъсири тағйирёбии иқлим бояд эътибори аввалиндараҷа дода шавад.
Рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ ҳамчун яке аз самтҳои калидии рушди минбаъдаи давлат муайян гардидаанд. Таъкид гардид, ки пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва имкониятҳои зеҳни сунъӣ тақозо менамояд, ки идоракунии давлатӣ, иқтисод, молия, энергетика ва хизматрасониҳо ба таври пурра ба низомҳои рақамӣ гузаранд ва таъсири омили инсонӣ коҳиш дода шавад.
Ҳамзамон, рушди инфрасохтори интернет, тавсеаи пардохтҳои ғайринақдӣ, омодасозии кадрҳои соҳаи иқтисоди рақамӣ ва ташкили марказҳои зеҳни сунъӣ ва «дата-сентрҳои сабз» заминаи воқеӣ барои гузариш ба иқтисоди ба дониш ва навоварӣ асосёфта, ки Тоҷикистонро ба кишвари рақобатпазир дар шароити ҷаҳони муосир табдил медиҳад фароҳам оварда шавад.
Дар шароите, ки талаботи аҳолӣ сол ба сол ба неруи барқ меафзояд, қонеъ кардани ин навъ талабот барномарезиҳои мушаххаси давлатиро тақозо менамояд. Хушбахтона, сохтмон, тармиму таҷдид ва навсозии неругоҳҳои барқи обӣ боиси бо қувваи барқи ватанӣ таъмин гардидани аҳолии мамлакат гардидааст. Ҳамчунин, дар масъалаи таъмин кардани корхонаҳои саноатӣ бо неруи барқ мушкил ҷой надорад. Аммо мушкили асосӣ талафоти неруи барқ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мебошад, ки он беш аз 3 миллиард киловатро ташкил медиҳад. Ҷиҳати кам кардани шиддати ин талафот гузаштан ба низоми муосири биллингӣ бо истифода аз технологияҳои рақамӣ дар шабакаҳои барқии кишварро айни муддао ҳисобиданд.
Президенти кишвар масъалаи стратегии расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқро мавриди баррасӣ қарор дода, таъкид намудан, ки сохтмони ду неругоҳи офтобӣ, бо иқтидори умумии 500 мегаватт дар ҳудуди ҷумҳурӣ оғоз гардида, то моҳи августи соли 2026 ба истифода супорида мешаванд. Инчунин, моҳи сентябри соли 2027 агрегати сеюми неругоҳи барқию обии Роғун ба кор дароварда мешавад ва истиқлоли энергетикии кишвар пурра таъмин карда хоҳад шуд.
Пешвои миллат ба масъалаи саноатикунонии мамлакат дар ин Паём низ эътибори махсус доданд. Таъмини рушди устувори иқтисодӣ, аз ҷумла, сохтани корхонаҳои саноатӣ, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, бунёди шароити беҳтари инфрасохторӣ дар ин соҳаҳо аз вазифаҳои муҳимми давлатӣ дониста шуд. Гузашта аз ин, Сарвари давлат таъкид карданд, ки дунбол кардани ҳадафи чаҳоруми стратегии давлат – саноатикунонӣ ба ҳадафи стратегии давлати миллӣ дар чанд соли охир табдил ёфтааст. Аз ин ҷост, ки ба кишвари саноатӣ ё ба истилоҳ, индустриалӣ табдил додани кишвар аз кормандони сохторҳои давлатӣ, махсусан блоки иқтисодии Ҳукумат масъулият, касбият, фаросат, фазилат, донишу маҳорат ва ҳимматро тақозо мекунад.
Сарвари давлат илму маорифро пойдевори низоми давлатдории дунявӣ хонданд. Ба ин далел, тазаккур доданд, ки давлат ва миллат бидуни илму маориф ҳеҷ аст ва ҳузури фаъоли маорифчиёну зиёиён, ки муаррифгари давлат ва миллатанд, дар умури сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ амри бебаҳс аст. Мутаассифона, сатҳи донишу маърифат ва ҷаҳонбинии хонандагон ва муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ ҳанӯз ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест.
Аз ин рӯ, Сарвари давлат ба он ишора фармуданд, ки раҳбарияти маорифи кишварро зарур аст, сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардорад. Ҷалби наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеию илмӣ ва таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои табиию риёзӣ, ки аз мушаххасоти давр ва ҷаҳони муосир аст, таъмин намоянд.
Ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва завқи бадеии аҳолии мамлакат, хусусан, ҷавонону наврасон аз ҷониби муассисаҳои соҳаи фарҳанг дар даҳ соли сипаригардида 900 номгӯй адабиёти бадеиву бачагона нашр ва ба китобхонаҳо дастрас карда шуд. Дар ин давра бо дастури Роҳбари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки тоҷикон ҳамчун яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсоз на танҳо дар минтақаи худ, балки дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи хос доранд. Мероси гузаштагони ориёӣ – забон, фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳо ва анъанаҳои давлатдорӣ нишонаи бузургии онҳо мебошад. Ҷашнҳои миллии қадима, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат буда, асоси ҳувият ва асолати миллатро ташкил медиҳанд. Вазифаи ҳар як фарди тоҷик ин аст, ки ин меросро соҳибӣ кунад, омӯзад, идома диҳад ва ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба наслҳои оянда ба мерос гузорад.
Арзиши инсондӯстонаи гузаштагон, аз ҷумла, шиори «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» ҳамчун арзиши бузурги ҳаётӣ ва маънавӣ барои ҳар як шахс муҳим аст. Бо доштани чунин фарҳанг ва анъанаҳои ҷовидонӣ мо набояд ба таассубу ифротгароӣ ва тақлид ба фарҳангҳои бегона, ки бароямон хатарноканд, роҳ диҳем. Ин омилҳо таъмини худшиносиву худогоҳии миллӣ ва нигоҳдории мероси бостонии тоҷиконро таъмин менамоянд. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки барои муаррифӣ ва эҳёи мероси фарҳангии тоҷикон, бунёди марказҳои махсус дар шаҳри Душанбе амри зарурӣ мебошад.
Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вазифадор гардиданд, ки Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯзро бунёд намоянд. Академияи миллии илмҳо ва дигар муассисаҳои илмӣ муваззаф шуданд, ки консепсияи ин марказҳоро бо ҷалби олимону донишмандон таҳия намуда, бо анъанаҳои меъморӣ ва шаҳрсозии бостонии тоҷикон ҳамоҳанг созанд. Амалӣ намудани ин иқдомҳо собит менамояд, ки таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон пояи устувори худшиносӣ ва таҳкими ҳувият ва асолати миллӣ мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баррасии масъалаи сиёсати хориҷӣ таъкид варзиданд, ки кишвари мо аз ибтидои соҳибистиқлолӣ «Сиёсати дарҳои боз»-ро пеша намуда, бо тамоми кишварҳои ҷаҳон дар доираи манфиатҳои миллии хеш муносибат менамояд. Дар ин замина таъкид гардид, ки таҳлил ва бозшиносии равандҳои муосири сиёсӣ имкон фароҳам меоварад, ки ҷомеа ва давлат аз хатарҳои минтақавӣ ва глобалӣ эмин бошанд. Ҳамзамон бо ин, барои рушду таҳкими муносибатҳои ҳамаҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва фарҳангиву башарӣ тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.
Дар маҷмуъ, Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо кишварҳо ва ниҳодҳои шарик таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намуда, ҷиҳати идомаи иштироки фаъол дар заминаҳои гуногун дар оянда низ саъю талош хоҳад кард. Ин аст, ки Сарвари давлат зимни ироаи Паём масъалаи манофеи миллиро ҳамчун ҳадафи асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рӯзҳои нахустини давлатдории тоҷикӣ ҳадафи меҳварӣ маҳсуб меёфт, ба самъи ҳозирин расонида, дар ин замина, таъкид доштанд, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон тамоми саъю талошро баҳри ба сатҳи кишварҳои мутамаддини ҷаҳонӣ расонидани ҷумҳурӣ анҷом медиҳад ва дар ин кор саҳми мардуми шарифи Тоҷикистон бисёр бузург хоҳад буд.
Ба ин тартиб, Сарвари давлат ҳадафи стратегии давлатро дар Паёми имсола мисли солҳои қаблӣ дар таъмин намудани шароити арзандаи зиндагӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карданд. Бо дарназардошти ин ва бо мақсади тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод намуданд маоши вазифавии кормандони кормандони соҳаи бузурги кишвар аз 1 сентябри соли 2026 бо андозаи аз 20 то 25 фоиз зиёд карда шавад.
Ҳамин тариқ, дар Паём самтҳои ҳаётан муҳимми тараққиёти иқтисодии мамлакат мавриди таҳлилу арзёбии коршиносона қарор гирифт. Аз ин ҷост, ки Паёми Пешвои миллат дурнамои рушди давлатдории мост ва дар он нақшаҳои муҳимтарини сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври дақиқу аниқ муайян карда шудаанд.
Эълони соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ имкон медиҳад, ки барномаҳо ва ташаббусҳои созандагӣ дар тамоми соҳаҳо амалӣ гарданд. Ин иқдом мардуми заҳматкашро барои саҳми фаъолона дар рушду тараққиёти кишвар ташвиқ намуда, иродаи қавии шаҳрвандонро дар таҳкими Ватан ва баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкам менамояд.
Зоир РАҲМОНЗОДА,
ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон
ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон













