Муҳимтарин ҳадафи қонунҳои башар фароҳам овардани фазои амният ва оромиш барои шаҳрвандон аст. Ҳар шахси солимфикр ба хубӣ медонад, ҳар дастоварде, ки дар партави риояи қонун насиби инсон мешавад, амният ва рифоҳу осоиш аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар баробари дигар кишварҳои ҷаҳон вобаста ба вазъу ҳолат дар замони истиқлол талош намудааст, ки барои пешрафти ҷомеа қонунҳоеро қабул намуда, оммаро ба роҳи рушду шукуфоӣ ҳидоят намояд.
Дарвоқеъ, равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир собит менамояд, ки имрӯз худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ маҳаки асосии рушди минбаъдаи давлату ҷомеаи Тоҷикистон мебошанд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ватандӯстӣ, риояи одоби муошират аҳаммияти аввалиндараҷа дода, дар ин самт дар Паёмҳо ва суханрониҳояшон дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.
Раванди босуръати ҷаҳонишавӣ, истифодаи технологияҳои навтарин дар низоми таҳсилот тақозо дорад, ки раванди таълиму тарбия ва усули тайёр намудани мутахассисон ба шароит ва талаботи муосир мувофиқ гардонда шавад.
Худшиносиву ватандӯстӣ, агар аз як тараф, ҳамчун омили пешрафти кишвар ба ободонию сарсабзӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодӣ мусоидат намояд, аз ҷониби дигар, ин дастовардҳо ифтихори ватандориро баланд бардошта, ба амнияту таҳкими Ваҳдати миллӣ мусоидат мекунанд.
Бо дарназардошти андешаҳои баёнгардида моро зарур аст, ки омилҳои ваҳдатофарӣ ва таҳкимбахши худшиносию ифтихори ватандориро дар равону сиришти ҳар як шаҳрванд талқин карда, рушди устувори кишварро таъмин намоем.
Ҷомеаи муосир, ки пур аз таҳаввулоту бархурдҳо буда, рақобати давлатҳои абарқудрат дар васеъ кардани доираи нуфузи худ дар ҷаҳон шиддат мегирад, падидаҳои экстремистиву террористӣ низ дар шаклу қолабҳои нави харобиовар зуҳур карда истодаанд.
Мутаассифона, терроризму экстремизм дар замони муосир хусусияти ҷаҳонӣ касб карда, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо усулҳои ғайриинсонӣ кишварҳои ободу пешрафтаро ба харобазор табдил диҳанд.
Ҳодисаву воқеаҳои дар ҷаҳони муосир рӯйдода бозгӯи онанд, ки экстремизму терроризм бештар аз ҳама дар бахши дин, махсусан, бо иштироки «намояндагон»-и дини ислом дучор меоянд. Ба назари донишмандону таҳлилгарон, азбаски дин (новобаста аз шаклу хусусият) яке аз ҳассостарин ҷанбаи ҳаёти маънавии ҷомеаро ташкил медиҳад, тахрибкорони андешаи солим маҳз аз ин роҳ мехоҳанд ба осонӣ миёни мардум ихтилоф ангезанд.
Дар Паёми Пешвои миллат (28.12.2023) муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба ин вазъ чунин таъкид гардид: «Террорист Ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад».
Омилҳои мусоидаткунанда ба терроризму экстремизм, агар аз як тараф, дар бархурди манфиатҳои абарқудратҳо бошад, аз ҷониби дигар, дар осебпазир будани афкори ҷомеа ва масъалаҳои иҷтимоӣ нуҳуфтааст. Дар ин росто, метавон аз чунин омилҳо ном бурд:
1. Бетаваҷҷуҳӣ дар самти иҷрои қонунҳо, аз ҷумла, Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ки масъулиятро дар ин самт бояд даҳчанд намуд.
2. Надоштани дониши кофии илмӣ ва ҷаҳонбинии пешрафта. Ин омил боис мегардад, ки иддае аз ҷавонон ба осонӣ ба доми ифротиён афтода, ба механизми иҷрои дастурҳои онҳо табдил ёбанд.
3. Бетарафии аҳли ҷомеа нисбат ба зуҳури аввалин нишонаҳои ифротӣ шудани иддае аз ҷавонон.
4. Гурез аз мушкилиҳои зиндагӣ. Мутаассифона, бархе аз ҷавонон ҳалли мушкилиҳои зиндагӣ, аз ҷумла, баҳсу мунозираҳои оилавӣ ва мушкилиҳои рӯзмарраро дар гурехтан аз проблемаҳои бавуҷудомада мебинанд ва тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба чунин гурӯҳҳо майл пайдо мекунанд.
Дар хотима бояд зикр намуд, ки вазъи ҳассосу мураккаби ҷаҳони имрӯза, мавҷудияти зуҳуроти хатарноки замони муосир, бахусус, терроризму экстремизм, бегонапарастӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, тақозо менамояд, ки тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар чаҳорчӯби танзими меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда шавад. Аз ин рӯ, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» амали саривақтиву муҳим мебошад.
Аловуддин Амирзода,
мудири бахши кор бо ҷавонони раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон













