Маориф яке аз соҳаҳои муҳимми ҷомеа ба шумор меравад ва рушди кишвар ба пешравиҳои соҳаи мазкур алоқамандии зич дорад. Маҳз ҳамин ҷанбаро ба назар гирифта, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса доранд. Бо дастгирӣ ва дастурҳои Сарвари давлат дар Тоҷикистон раванди ислоҳоти соҳаи маориф бомаром идома ёфта, маблағгузорӣ ба соҳа ҳамасола афзоиш меёбад.
Дар суханронии навбатии Президенти кишвар бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар баробари таъкидҳо, таҳлилҳо, нигаронӣ аз вазъи соҳаи маориф, масъалагузорӣ атрофи мушкилоти соҳа, роҳнамоӣ ба рушди соҳа, тавсияҳо ва эродҳо ҷой дошт. Масъалаҳои баррасигардида ва таъкидҳои Сарвари давлатро тамоми қишрҳои ҷомеа, бахусус, масъулон ва омӯзгорон ҳамчун роҳнамо ва дастуре барои беҳбуди соҳа истифода намуданашон зарур аст.
Масъалаи афзоиши босуръати аҳолӣ дар Тоҷикистон мушкилоти норасоии синфхонаҳо ва мактабҳои навро ба вуҷуд овардааст. Вобаста ба ин масъла Пешвои миллат вусъат бахшидани сохтмони мактабҳо ва синфхонаҳои иловагии бо технологияи муосир муҷаҳҳазро зарур мешуморанд. Дар ин самт, ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорон ва аҳолӣ пайваста талош доранд, вале мушкилот ҳанӯз ба пуррагӣ ҳалли худро наёфтааст. Инчунин, кам будани муассисаҳои томактабӣ боиси пурра фаро нагирифтани кӯдакон дар кишвар шудааст. Ин муаммо дар деҳот нисбат ба шаҳрҳо ташвишовартар аст. Ташкили боғчаҳо дар назди мактабҳо метавонад ба ҳалли ин муаммо дар деҳот каме кумак намояд. Илова бар ин, ҳангоми сохтмони мактабҳои нави замонавӣ биноҳои пешинаи мактабҳо, ки ҳанӯз коршоям ҳастанд, бояд ҳамчун муассисаи томактабӣ истифода гарданд. Дар ин масъала масъулони шаҳру ноҳияҳо ва мудирони шуъбаҳои маорифро зарур аст, ки пеш аз бозсозии мактабҳо иҷозати мақомоти дахлдорро бигиранд, то ки биноҳои барои ташкили муассисаҳои томактабӣ мувофиқ нигоҳ дошта шавад ва бинои мактабҳо дар дигар ҷой сохта шаванд.
Такмилу бознигарии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, беҳтар намудани сифати таълим, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсӣ, озмоишгоҳҳо, мусоидат ба саводнокии рақамӣ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносии миллӣ аз ҷумлаи дигар масъалаҳои муҳимманд, ки дар суханронии Сарвари давлат садо доданд.
Дар масъалаи омодасозии кадрҳои ҷавобгӯй ба талаботи бозори меҳнат лозим меояд, ки дар фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дигаргуниҳо роҳандозӣ гарданд, зеро таваҷҷуҳи ҷавонон ба таҳсил дар хориҷи кишвар рӯ ба афзоиш аст. Таҳсил дар хориҷа дар баробари комёбиҳо паҳлуҳои манфӣ низ дорад, аз ҷумла, сармояи шаҳрвандони кишвар ба рушди маорифи кишварҳои хориҷӣ равона мегардад.
Дарки дурусти таъкид ва масъалагузориҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро водор месозад, ки дар рушди соҳаи маориф ва пешрафти кишвари худ бештар саҳмгузор гардем.
Суҳроби МИРЗОАЛӢ,
дотсенти кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ













