Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и безаволи ӯ асари саропо миллӣ ва дар чаҳорчӯби меҳанпарастӣ офаридашуда буд. Амиқтар ба он менигарем ва ба осонӣ хоҳем фаҳмид, ки пойдории фарҳангу тамаддун, асолати забон ва ҳувияти миллии халқи тоҷик дар давраҳои пурмоҷарои таърих бар пояи ин шоҳкор устувор будааст.
Мавзуи Ватан ва ватанпарастӣ дар «Шоҳнома» доманадор аст. Аз ин рӯ, дар ин матлаби кӯтоҳ руҷуи мухтасар ба «Достони Рустам ва Исфандиёр», ки аз достонҳои меҳварии ин шоҳасар аст, басандааст, то муроди мо дар заминаи мавзуи интихобшуда ҳосил гардад.
Пеш аз он ки ба баррасии ин достон бипардозем, аз худ суол мекунем, ки оё мумкин аст ду қаҳрамони миллӣ, ки ҳарду аз хоки Эронанд, ба муқобили ҳам биҷанганд? Вақте ба достони мазкур рӯ меорем, мақсади Фирдавсиро хеле возеҳу равшан мефаҳмем, ки ӯ чӣ гуна ин масъаларо бо назокат ҳал кардааст. Барои Фирдавсӣ Рустам қаҳрамонест, ки фаротар аз доираи дину мазҳаб меандешад ва дар пушти хостаҳояш танҳо ҳифзи хоки Ватан аз душман аст. Бинобар ин, вақте Исфандиёрро дар муқобили ӯ қарор медиҳад, ба хотири бурида нашудан ва ба ҳам назадани ҳамон хостаҳо, манзури Исфандиёрро ба гунаи дигар равшан мекунад. Яъне, ӯро тавре тасвир мекунад, ки ба хости падараш Гуштосп бо лашкаре гарон ба Сиистон омадааст, то Рустамро ба банд дароварда пайрави дини Зардушт гардонад. Исфандиёр дар баробари Рустам як намоди ҳимоятгари Ватан не, балки як намояндаи дини зардуштӣ аст. Ӯро ҳадафи динӣ ва итоат аз падар ба хотири расидан ба тоҷу тахт ба ин ҷо овардааст. Рустам дар ин маврид, дар пушти ду муқаддасот қарор дорад, ки яке дилбастагӣ ба зодгоҳаш Сиистон аст, дигаре озодагӣ ва озодӣ ва дар банду қайди ҳеҷ касе набудан. Рустам дар баробари Исфандиёр, ба ватанпарастии худ таъкид намуда, дар хитоб ба Исфандиёр мегӯяд:
Нигаҳдори Эрону пирон манам,
Ба ҳар ҷой пушти далерон манам.
Рустам мехоҳад бигӯяд, ки барои ӯ муҳимтар аз ҳар чизи дигар ҳифзу ҳимояи Ватан ва марзу буми он аст. Ба ҳамин хотир аст, мегӯяд ба ҳар ҷое, ки далеронаш барои ин хок сар мебардоранд, ман дар ҳимояти онҳо қарор дорам. Рустам ва Исфандиёр бо ҳам ба набард мебароянд ва то ҷое ки кор ба тиру камон мерасад. Рустам мефаҳмад, ки Исфандиёр рӯйинтанест, ки тир ба ӯ асар намекунад, аммо бо вуҷуди ин, тарс дар дил надорад. Ба он меандешад, ки аз дасти чунин паҳлавоне кушта шуданаш ҷойи сарафкандагӣ нест. Медонад, ки дар набард бо чунин паҳлавоне бимирад, ному озодагиаш ҳифз мешавад. Вале дар набард бо Исфандиёр ва кушта шудан аз дастӣ ӯ аз ду чиз метарсад. Яке ин, ки зодгоҳаш вайрон мешавад ва дигар ин ки дудмонаш аз байн меравад. Дар ин маврид мегӯяд:
В-агар ман шавам кушта бар дасти ӯй,
Намонад ба Зобулситон рангу бӯй.
Гусаста шавад номи дастони Сом,
Зи Зобул нагирад касе низ ном.
Аммо ҳамин тарси аз байн рафтани сарзамин ӯро вомедорад, ки дар муқобили Исфандиёр устувор бошад ва роҳи чораро дар машварат бо падар мебинад.
Зол, ки ҳарчанд ба неруву тавони писараш Рустам эътимод дорад, боз ҳам масъалаи нобудии зодгоҳро ба миён мегузорад ва ба ин васила, як навъ писарро ба нанг меорад. Дар ин ҳангом Исфандиёрро як навъ дар баробари Рустам хурд нишон медиҳад ва ба ин восита, мехоҳад Рустамро ба нанг биёрад, ки ҳайф аст аз дасти як ҷавон кушта шавад:
Ба дасти ҷавоне чу Исфандиёр,
Агар ту шавӣ кушта дар корзор.
Намонад ба Зобулситон обу хок,
Баландӣ, бару бум гардад хароб.
Рустам, ки захми амиқ бардоштаасту Исфандиёр хаёл мекунад, ба марг наздик аст, Зол дар ҳол аз пайи чора мешавад ва чораи корро аз Симурғ меҷӯяд:
Гар ӯ бошадам з-ин сухан раҳнамой,
Бимонад ба мо кишвару буму ҷой.
В-агарна шавад буми мо канд манд,
Зи Исфандиёр, он бади бадписанд.
Зол ҳамин андешаҳоро дар пеши Симурғ низ мегӯяд ва аз ӯ чораи корро мехоҳад:
Гар эдун, ки Рустам нагардад дуруст,
Куҷо хоҳам андар ҷаҳон ҷой ҷуст?
Ҳама Сийстон пок вайрон кунанд,
Ба коми далерони Эрон кунанд.
Зол низ дар фикри он нест, ки ҷони писараш Рустам дар хатар аст. Чун ӯ низ медонад, ки ҷавонмардона дар набарди паҳлавоне чун Исфандиёр кушта шудани Рустам чизеро аз озодагиву шаъну шарафи ӯ кам намекунад, аммо ӯ ҳам чун фарзандаш дар фикри вайронии зодгоҳ ва дудмон аст, ки аз дасти душман валангор мешавад. Зол омодааст, фарзандашро дар ҳифзи Ватан фидо кунад, аммо бо ҳар роҳе, ки бошад, бояд ин марзу бумро ҳифз намояд. Ба ҳамин хотир аст, худро дар баробари чораи кор бечора мебинад ва тамоми умедашро ба Симурғу кордонии ӯ мебандад…
Рустам барои Фирдавсӣ ва тамоми мардуми форсизабон як шахси намодин ба сурати як паҳлавон аст, ки бояд тамоми хостаҳои халқашро анҷом диҳад. Мардуми кишвар беш аз ҳар чизи дигар ба ӯ ниёз доранд ва ҳузури ӯро чун корсозу чорагар эҳтиром мегузоранд.
Макнуна ОДИНАЕВА,
омӯзгори забон ва адабиёти МТМУ №8-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ