Муқаддима
Адабиёти пурғановати тоҷику форс ганҷинаи бебаҳои инсоният буда, омӯзиши ҳамаҷонибаву фарогири ин осор андешаву афкорро пурҷило менамояд. Ҳар қадаре, ки бештар ба мутолиа машғул шавем, ҳамон андоза донишу ҷаҳонбинӣ ва дарки мо дар хусуси таъриху фарҳанг ва шинохти асолати миллии хеш бештар мегардад. Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ба омӯзиши таъриху фарҳанг ва адабиёти классикии тоҷику форс бештар шуда, эҷодиёти мутафаккирону адибон чоп ва дастраси хонандагон гаштанд. Омӯзишу таҳқиқ ва таҳлили асарҳои ниёгон ба таври амиқ сурат гирифта, ба шебу фарози зиндагӣ ва ҳадафу мароми осори онҳо равшанӣ бахшида шуд. Дар ин замина, бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомоти муҳимми ватандӯстонаву маърифатбахш роҳандозӣ гашт, ки ба шавқманд гардидани хонандагон ба омӯзиши адабиёти бадеиву илмӣ ва тамаддуни тоҷик равона гардидаанд. Баргузории озмунҳои бонуфузи «Илм – фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ба ҷалби наврасону ҷавонон, умуман, аҳли ҷомеа ба омӯзиш мусоидат карданд. Дар баробари ин, китобҳои мондагори «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ва шоҳасари безаволи Ҳаким Фирдавсӣ «Шоҳнома» ба ҳар як хонадони тоҷик тақдим гаштанд. Бо ин мақсад, барои омӯзиши фарогири шоҳасари Ҳаким Фирдавсӣ бо дастури Пешвои миллат Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» дар соли 2026 баргузор мегардад, ки қадами муҳим барои шинохти асолати миллӣ ва осори ниёгонамон маҳсуб меёбад. Китобу пажуҳишҳо ва мақолаҳои ҷудогона дар хусуси «Шоҳнома» ба нашр расидаву муҳиммияти онро барои ҷомеа шарҳу тавзеҳ мебахшанд. Дар зимн, ҳанӯз ҳам паҳлуҳои наомӯхтаву норавшани «Шоҳнома» мавҷуданд, ки омӯзиши таҳлилу баррасии он аз муҳаққиқон заҳмату талоши фарогирро тақозо мекунад, то насли наврасу ҷавон ба таври возеҳ ин асари арзишмандро ҳамаҷониба маърифат намоянд. Ба ин маънӣ, китоби адабиётшиноси номвари тоҷик, муҳаққиқи тавоно, доктори илмҳои филологӣ, шодравон Аҳмад Абдуллоев «Абулқосими Фирдавсӣ» (Душанбе «Адиб», 2024. – 160 с. (китоби мазкур бори аввал соли 1987 чоп гардида буд) муҳимтарин пажуҳиши адабӣ доир ба шинохти корномаи Ҳаким Фирдавсӣ ва шарҳу тавзеҳи «Шоҳнома» маҳсуб меёбад.
Шинохти Ҳаким Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ
Китоби «Абулқосими Фирдавсӣ» аз муқаддима ва 20 боб иборат буда, муаллиф ба таври ҷолиб таваллуд, зиндагии пуршебу фароз ва фавти Ҳаким Фирдавсиро таҳлил, таҳқиқ ва тасвир кардааст. Асар дар қолаби очерки илмию адабӣ ва дар шакли қисса андар қисса эҷод гардидааст. Бинобар ин, аз оғоз китоб зуд таваҷҷуҳи хонандаро ба худ ҷалб менамояд ва ӯро ба мутолиаи он шавқманд мегардонад. Андеша, далелу арқоме, ки пешниҳод шудааст, ҳамбаста ба ҳаёту фаъолияти шоир сурат гирифтаанд. Китоб чунин оғоз меёбад: «Саҳарии барвақт, тақрибан соати панҷи яке аз рӯзҳои баҳорони соли 934 мелодӣ. Осмони деҳаи хушобуҳавои ба ном Божи ноҳияи Табарони музофоти Тӯс софу беғубор буд. Аввали шаб борони сахт борида ва зиёда аз ду соат тӯл кашид. Пас абрҳои тираи баҳорӣ пора-пора шуда, ба худ ранги сафедӣ гирифта, дар фазои нилӣ ба ҳар тараф пароканда гардиданд. Атроф торикистон. Фақат нури ситораҳои хурду калон, ки аз дур, аз гумбази осмон чашмак мезаданд, ба дили шаб андаке равшанӣ мебахшид».
Ин пораи тасвир ҳангоми ба дунё омадани Фирдавсиро нишон медиҳад ва зина ба зина ба камол расидани онро моҳирона тасвир менамояд. Фирдавсӣ дар оилаи бобои деҳқон – Ҳасан ба дунё омадааст, ки аз шахсони хирадманд, покнажод, некрою хушахлоқ буда, ба тарбияи фарзанд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекунад. Ҳангоми ба синни мактабхонӣ расидан Фирдавсиро ба муаллиме медиҳанд, ки забони паҳлавиро биомӯзад. Ӯ зуд забони паҳлавиро аз худ менамояд ва ба омӯхтани осори пурағоновати гузаштагон, ки асосан бо ин забон эҷод гардида буданд, мепардозад. Таваҷҷуҳ ба омӯзиши осори ниёгон, нақлу ривоятҳои пирони деҳа дар бораи қаҳрамониҳо, маҳфилҳои шоҳномахониву қасидахонӣ, ки дар он замон роиҷ буданд, Фирдавсиро ба асолати ниёгон бештар роҳнамоӣ мекунанд. Омӯзишу мутолиаи бардавом, дарку маърифати замон, муносибати неки ҳокимони давр ба осори ниёгону таъриху фарҳанг, ки ба замони сулолаи пуриқтидори Сомониён рост меомад, Фирдавсиро ба эҷоди бузургтарин ҳамосаи ҳама давру замонҳо – «Шоҳнома» водор месозад. Бояд гуфт, ки дар он замон асарҳои зиёде дар шакли шоҳнома арзи вуҷуд доштаанд. Масалан, «Шоҳнома»-и Абумансурӣ, «Худойнома»-и паҳлавӣ, «Шоҳнома»-ҳои Абулмуайяди Балхӣ, Масъуди Марвазӣ, Абуалии Балхӣ ва амсоли инҳо, ки ҳамаи онҳоро Фирдавсӣ мутолиа бинмуда буд, таъсири амиқ ба афкору ҷаҳонбиниаш расонданд, вале дар онҳо ба таври амиқу ҷолибу муассир қаҳрамониҳои гузаштагон тасвир нагардида буд.
Муаллиф дар асар ба таври возеҳу равшан зиндагиномаи Фирдавсиро мисли навори филм офаридааст ва андешаҳои образноки хешро бо арқому далел оро додааст, ки ин омил мазмуну муҳтаво ва ҳусни асарро такмил бахшидаанд. Ба таъкиди муаллиф, «назми «Шоҳнома»-и оламшумул оғоз ёфт ва он вақт сол 975 мелодӣ буда, шоири бузург 41 сол умр дошт. Яъне, таълифи «Шоҳнома» дар 41-солагии Фирдавсӣ соли 975 шуруъ шуд».
Дар китоб зиндагиномаи шоир, талошу такопу ва заҳмату омӯзиш, дарку маърифат ва таълифи ин шоҳкор симои Фирдавсӣ ҷолибу воқеӣ тасвир шудааст. Дар асар доир ба Абумансури Дақиқӣ, ки ӯ бо дастури Нуҳ бинни Мансур ба навиштани «Шоҳнома» дар соли 979 оғоз карда буд, сухан меравад ва симои ин шоири забардаст низ барои хонанда равшан мегардад. Маҳорату лаёқат, ҷаҳонбинӣ ва обрӯю нуфузи он миёни аҳли илму адаб бармало мешавад. Дақиқӣ соли 980 бо дасисаи иддае аз душманон кушта мешавад ва аз ӯ ҳазор байт боқӣ мемонад. Маълум мегардад, ки Ҳаким Фирдавсӣ 5 сол пеш аз Дақиқӣ ба навиштани «Шоҳнома» сар карда будааст. Баъд аз марги нобаҳангоми Дақиқӣ Нуҳ бинни Мансур хеле мутаассир мешавад, ки ин кори мондагор нотамом мемонад. Дар он замон аллакай ба ҳамагон маълум буд, ки Фирдавсӣ солҳост, ки ба таълифи «Шоҳнома» машғул аст, шоҳ ба ӯ мактуб навишта, барои суҳбат ба Бухоро даъват мекунад. Баъди суҳбати амири Сомониён Фирдавсӣ бо дасту дили гарм ва талоши бештар машғул ба эҷоди ин шоҳасар мешавад. Шоҳ ҳазор байтеро, ки аз Дақиқӣ боқӣ монда буд, ба дасти Фирдавсӣ медиҳад, то дар ҷойҳои мувофиқ дар асар корбаст намояд.
Бояд гуфт, ки аз назари А. Абдуллоев ягон лаҳза аз фаъолияти Фирдавсӣ дур намонда, симои ӯро дар ҳама марҳалаҳои ҳаёташ хеле диққатҷалбкунанда бозтоб кардааст. Дар идомаи асар перомуни заҳмати зиёде, ки дар таълифи «Шоҳнома» Фирдавсӣ кашидааст, ба таври воқеӣ ҷило додааст. Дар зимн, азобу машаққатро бо иродату устуворӣ ва сабру таҳаммул пушти сар намудани шоир ба хонанда таъсири амиқ мерасонад. Ҳолати руҳию равонӣ ва беш аз 30 соли умрро бахшидани шоир ба ин ин шоҳасар бо тамоми ҷузъиёташ нишон дода шудааст. Бо анҷоми таълифи ин асари мондагор Фирдавсӣ аллакай пиру хаста гардида ва Давлати Сомониён аз байн рафта. Бо омадани сулолаи Ғазнавиён ба сари қудрат муносибат ба ин шоҳасар тағйир ёфт. Лекин шоир умед дошт, ки корномаи ӯ аз ҷониби Султон Маҳмуди Ғазнавӣ арҷгузорӣ мешавад. Бо ҳамин мақсад, ин асари калонҳаҷмро дар яке аз шутурҳои корвон бор карда, ба сӯйи пойтахти давлати Ғазнавиён шаҳри Ғазнин меравад. Умеду орзу ва заҳмати ӯ аз ҷониби ин шоҳи золим хуш пазируфта намешавад. Фирдавсӣ бо ҷасорат бар зидди ӯ бархоста, ҷавоби дандоншикан медиҳад ва достонеро ба сифаташ эҷод намуд, ки ӯро дар дарозои таърих ҳамеша бадном ва симои воқеии ӯро барои ҳамешагӣ ба ҷаҳониён равшан карда. Ҳаким Фирдавсӣ дилаш барои заҳматҳои кашидааш месӯзад ва изтироби руҳию равонӣ мекашад. Дар таълифи «Шоҳнома» Фирдавсӣ 30 сол заҳмат кашида, 5 соли дигарро барои таҳриру такмили он сарф кардааст. Ба ин мазмун, худи устоди Тӯс зикр мекунад:
Сию панҷ сол аз сарои сипанҷ,
Басе ранҷ бурдам ба умеди ганҷ.
Чу барбод доданд ганҷи маро
Набуд ҳосиле сию панҷи маро.
Кунун умр наздики ҳаштод шуд.
Умедам ба якбора барбод шуд.
Баъди қадр нашудан Фирдавсии бузург ба Ҳирот меравад ва дар он ҷо пинҳон мешавад, зеро ҳеҷ кас бо ҷасорат дар назди Султон Маҳмуд чунин посухҳои қатъӣ надода буд. Аз ин рӯ, ӯ худро таҳқиршуда меҳисобад ва фармон медиҳад, ки Ҳаким Фирдавсиро дар зери пойи филон партоянд. Баъди ором шудани авзо Фирдавсӣ ба деҳаи хеш бармегардад ва дар он ҷо охири умри хешро бо хорию зорӣ сипарӣ менамояд ва соли 1020 аз дунё мегузарад. Ҳангоми турбаташро аз хона баровардан мутаассибону ифротиён намегузоранд, ки ӯро дар гӯристони мусалмонон дафн кунанд. Бинобар ин, мавсуфро дар боғи худи шоир, ки мерос аз падар ва дар он барои эҷоди «Шоҳнома» хонае сохта буд, ба хок месупоранд. Дар зимн, Маҳмуди Ғазнавӣ ғалати худро мефаҳмад ва бо корвони шутурҳо ба шоир тиллову сикка мефиристад, ки аллакай дер шуда буд…
Рӯзгору эҷод ва тавзеҳи достонҳои «Шоҳнома»
Дарвоқеъ, китоби «Абулқосими Фирдавсӣ» асари ҷолибу омӯзанда буда, муаллиф моҳирона зиндагии шоир ва тамоми достонҳои «Шоҳнома»-ро шарҳу тавзеҳ додааст. Чунин тарзи муносибат ба зиндагиномаи ин шоири бузург, аз як тараф, ба хонанда имкон медиҳад, ки рӯзгори шоирро ба таври амиқ азхуд намояд, аз ҷониби дигар, маълумоти дақиқ дар хусуси достонҳо дарёбад. Ҳар хонандае, ки китоби мазкурро мехонад, тасаввуроти комил аз корномаи Фирдавсӣ ва мазмуну муҳтавои «Шоҳнома» бархӯрдор мегардад.
Мусаллам аст, ки муаллиф заҳмати зиёд кашидааст ва ҳамбаста ба ҳаёту зиндагии шоир ҳар як достони «Шоҳнома»-ро барои хонанда тасвирнигорӣ менамояд. Дар баробари ин, хислати неку ҳамидаи инсонӣ – ростиву покӣ, асолати миллӣ, дӯст доштани Ватан, ҷавонмардию қаҳрамонӣ, ҷасорату мардонагӣ ва амсоли инҳоро тарғиб мекунад. Муҳаққиқ андешаҳояшро бо арқому далел такмил мебахшад ва бо овардани байтҳо аз достонҳои «Шоҳнома» ҳолати руҳию равонии шоирро тасвир намуда, симоҳои қаҳрамонҳои асарро бозтоб менамояд. Чеҳраи шоирро дар зиндагӣ, дар эҷод, адибону шоирони давр, вазъи замон, таъриху фарҳанг ва муносибати зимомдорон ҷило додааст. Бо омӯхтани китоби зикршуда хонанда, вазъи замонро хуб дарк мекунад, дар хусуси шебу фарози зиндагии шоир маълумот ба даст оварда, аз фарҳангу тамаддуни тоҷику форс бархӯрдор мешавад ва як давраи муайяни таърихиро дар бар мегирад. Ба ин мазмун, муҳимтарин асар дар шинохти ҳолу рӯзгор, шарҳу тавзеҳи достонҳои «Шоҳнома» буда, санаи таълифи ҳар достон ба таври дақиқ ишора шуда, ҳамбаста ба зиндагии ӯ маънидод гардидааст. Таҳлилҳои достонҳои «Шоҳнома» низ ҷолиб сурат гирифта, пораҳо аз достонҳо андешаҳои муаллифро тақвият бахшидаанд. Образҳои мусбати офаридаи Ҳаким Фирдавсӣ, ки дар заминаи ривояту таърихнигории ниёгонамон эҷод шудаанд, дар вуҷуди ҳар як хонанда ҳисси ифтихору ватандӯстӣ, ҷасорату мардонагиро такмил медиҳанд. «Шоҳнома» бузургтарин асари ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ мебошад, ки моро барои боз ҳам бештар дӯст доштани Ватан ва ҳифзи марзу буми он ҳидоят мекунад. Ба таъбири А. Абдуллоев, «Ин асар кохи бузург ва муҷассамаи азими ниёгон буд ва ҳаст. Аз ин рӯст, ки онро халқ пазируфта, наку дошта омад ва ҳамеша қадррасӣ хоҳад кард. Ҳама чиз дигаргун мешавад ва даргузар аст, лекин китоб, хусусан, чун «Шоҳнома» барин асарҳо ҳамон хел, ки буданд, мемонанд. Ин гуна асарҳо бузургии халқ, миллат ва Ватанро намоиш медиҳанд ва азиз медоранд».
Хулоса
Мусаллам аст, ки дар замони ҷаҳонишавӣ масъалаи омӯзиши осори безаволи ниёгон аҳаммияти бештар пайдо кардааст, ки дар ин миён нақши «Шоҳнома» бузургу муассир мебошад. Аз ин ҷост, ки ин китоб ба тамоми хонадони кишвар тақдим гардид, то онҳо аз қаҳрамониву диловарӣ ва ватандӯстии гузаштагони хеш ба таври фарогир огаҳӣ ёбанд. Дар зимн, на ҳама неруи омӯзиш ва дарку фаҳмиши онро доранд. Бинобар ин, асари муҳаққиқ Аҳмад Абдуллоев «Абулқосими Фирдавсӣ» аз муҳимтарин очеркҳои илмии адабӣ дар шинохти Ҳакими Тӯс ва маърифати «Шоҳнома» ба ҳисоб меравад. Зарур аст, ки китоби мазкур ба тамоми муассисаҳои таълимӣ дастрас карда шавад, то хонандагону донишҷӯён аз рӯзгори шоир бархӯрдор ва ба таври муассиру ҷолиб аз муҳтавои достонҳои «Шоҳнома» баҳравар шаванд. Инчунин, ба тамоми китобхонаҳои кишвар расонида шавад, то ҳамагон ба он дастрасӣ дошта бошанд. Агар аз рӯйи он дарсу семинар ва курсҳои махсус дар мактабҳои олии кишвар ба роҳ монда шавад, манфиатманд хоҳад буд.
Пайдост, ки дар адабиёти тоҷику форс кам касоне дорем, ки бо унвони «ҳаким» ном бурда шаванд, зеро дар луғатҳои маънии он доно, донишманд, соҳиби ҳикмат, олим, файласуф маънидод шудааст. Барои дарки «Шоҳнома» аз хонанда дониши фароху ҷаҳонбинии васеъ тақозо карда мешавад. Аз ин рӯ, ба омӯзишу таҳқиқи «Шоҳнома» бояд муҳаққиқону адабиётшиносон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, дар заминаи он пажуҳишҳои бунёдӣ анҷом диҳанд, то мароми Ҳаким Фирдавсӣ ба тамоми аҳли ҷомеа ба таври амиқ фаҳмонида шавад.
Бешубҳа, асари адабиётшиноси варзида Аҳмад Абдуллоев «Абулқосими Фирдавсӣ» (очерки илмии адабӣ) муҳимтарин пажуҳиш дар шинохти Ҳакими Тӯс ва «Шоҳнома»-и ӯ буда, омӯзиши он барои ҳамагон муфиду муассиру омӯзанда мебошад.
Эҳсон САФАРЗОДА,
номзади илми филология,
номзади илми филология,
Насриддин ОХУНЗОДА,
номзади илми филология
номзади илми филология













