Рисолати китобдор

Солеҳа болои мошини боркаш, қатори бастаҳои коғазии пур аз китобҳои дарсиро муоина карда, андешаманд гӯё чизеро ҳисоб намуд, бастаеро поён гузошт ва аз нав корашро идома дод. Баъди ҳисобу китоб духтарак аз мошин бо чеҳраи болида поён шуд.

Солеҳа Бозорзода вазифаи пурмасъули мудири анбори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илмро бар зимма дорад. Агарчи кораш душвор асту пурмасъул, ӯ кӯшиш мекунад, онро саривақт ба анҷом расонад. Пайваста заҳмат мекашад, то рисолату масъулияташро сарбаландона иҷро намояд.
– Дар анбор тақрибан 1,5 миллион китоб мавҷуд аст ва ин теъдод тибқи воридоту содирот тағйир меёбад. Ҳамарӯза аз 80 то 100 ҳазор китобро аз нашриётҳо қабул мекунем ва ҳамин миқдорро тибқи дархост ба муассисаҳои таълимӣ равон месозем. Солҳои гузашта аз 3 то 4 миллион китоби дарсӣ нашр мешуд, имсол бошад, мувофиқи нақша бояд 9 миллион нусха китоб чоп шавад. Аз ин шумора 6 миллион китоб ба табъ расида, то охири сол 3 миллиони боқимонда дастраси муассисаҳои таълимӣ мегардад,-иброз дошт С. Бозорзода.
Мавсуф, новобаста аз рӯзҳои кору истироҳат, то дергоҳ ба кор банд аст. Воридоту содироти китобҳоро танзим, ҳуҷҷатҳо ва анборро ба тартиб меорад.
– Ҳангоми ворид намудани китобҳо ба анбор мутахассисони марказ аз назар мегузаронанд, ки дар ҳолати ҷой доштани камбудиҳо дар ҳамкорӣ бо ширкатҳо онро бартараф мекунем. Масалан, дар моҳи август аз нашриёт ба анбор китобҳое ворид гаштанд, ки андаке ислоҳталаб буданд. Давоми 1 моҳ коргарони нашриёт онро ислоҳ карданд ва мо китобҳоро дар муҳлати муайян ба мактабҳо дастрас намудем. Ҳамин тавр, гоҳҳо мешавад, ки барои ислоҳи камбудиҳо, масалан, дар ҳолати ба талаботу стандартҳо ҷавобгӯ набудан, ё намнокии зиёд, китобҳоро ба ширкати дахлдор бармегардонанд ва пас аз ислоҳ қабул мекунанд,-мегӯяд С. Бозорзода.
Вазорати маориф ва илм соли ҷорӣ бо зиёда аз 20 ширкати ноширӣ барои чопи 115 номгӯй китоби дарсӣ шартномаи ҳамкорӣ баст. Мувофиқи дархости шуъбаҳои маориф, китобҳои дарсӣ то ба дуртарин гӯшаи диёр расонида мешаванд, ки дар қатори дигар масъулону мутахассисон С. Бозорзода низ саҳми назаррас дорад.
– Дар як мошини боркаши тамғаи «Дулан» 60 ҳазор ва «Камаз» 30 ҳазор китоб ҷойгир карда мешавад. Дар як рӯз агар ба шаҳру ноҳияҳо як «Дулан»-у як «Камаз» китоб фиристем, 90 ҳазорро ташкил медиҳад. Вазни китобҳоро бармекашем, баъдан аз 22 то 24 тоннаи онро ба мошин бор мекунем. Барои равон сохтан ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бошад, бо сабаби гузаштан аз пайроҳаҳои кӯҳӣ ва дурии роҳ аз 10 то 15 тонна китоб бор мекунем. Аз болои мошин то бор як метр ҷойи холӣ мегузорем, чунки бо вазни китоб хавфи ба садама дучор шудани мошин дар кӯҳ зиёд аст,-қайд кард ӯ.
Дар анбор зери бастаҳои қариб то сақф чидашуда таҳкурсиҳои тахтагини калон гузошта шудааст, то нами замин ба китобҳо нагузарад. Кор дар ин ҷо ба ғайр аз масъулияту ҷавобгарӣ муносибати махсусро тақозо менамояд. С. Бозорзода ҳамчун мутахассис ҳамаи нозукиҳоро ба эътибор гирифта, корашро сидқан иҷро мекунад.
– Анбор бояд хушк ва дорои дастгоҳи ҳаворо муътадилкунанда (вентилятор) ва тирезаҳои сиёҳ ё торик бошад. Ин гуна тирезаҳо барои бехатарии анбор муҳимманд. Китобҳо аз худ гази карбон ҳосил мекунанд ва ҳангоми расидани нурҳои офтоб, метавонад сӯхторро ба вуҷуд орад. Бинобар ин, ҳангоми ба анбор ворид шудан, аввал ҳавои онро андаке аз ҳар гуна буғу газҳо тоза карда, баъд барқро равшан менамоем,-иттилоъ дод мавсуф.
Риояи нозукиву техникаи бехатарии кор дар анбори китобро Солеҳа Бозорзода ҳангоми таҳсил дар факултети китобшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, ҳамчунин, зимни фаъолияти корӣ ба ҳайси китобдор дар китобхонаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20 ва мушовири китоби шуъбаҳои маорифи шаҳри Ваҳдату ноҳияи Файзобод омӯхтааст.
Сарфи назар аз он ки дар ҷойи кор ҳамчун як мутахассиси хуб мавқею манзалати хоссаро пайдо намудааст, дар таълиму тарбияи фарзандон низ нақши назаррас дорад. Натиҷаи ҳамин заҳматҳост, ки ҷигарбандонаш дар озмунҳои гуногуни ноҳиявию ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои намоён мегарданд.
Шаҳноза БОБОМУРОДОВА,

«Омӯзгор»

Добавить комментарий