Дар ҷаҳони муосир, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ шиддат ёфтаанд, масъалаи худшиносиву худогоҳии миллӣ аҳаммияти хоса касб намудааст. Худшиносии миллӣ чун маҷмуи тасаввурот, эҳсосот ва арзишҳо шахсро бо миллат, гузаштаи таърихӣ ва фарҳанги миллӣ мепайвандад. Худогоҳии миллӣ бошад, чун сатҳи баланди дарки масъулият нисбат ба сарнавишти миллат, давлат ва наслҳои оянда бо худшиносӣ зич алоқаманд буда, онро такмил медиҳад.
Имрӯз омилҳои асосии ташаккули худогоҳии миллӣ таърих ва хотираи таърихӣ (шинохти дурусти таърихи миллат, бузургдошти шахсиятҳои таърихӣ ва омӯзиши мероси гузашта) ва забон ҳамчун пояи ҳувияти миллӣ буда, ба таҳкими худогоҳии миллӣ мусоидат мекунанд. Барои таҳкими худогоҳии миллӣ соҳаи маориф ва тарбияи дурусти наврасону ҷавонон нақши калидӣ доранд. Аз ин рӯ, ворид намудани унсурҳои худшиносии миллӣ ба барномаҳои таълимӣ яке аз роҳҳои самараноки таҳкими худогоҳии насли наврас буда, дар ин самт дар тамоми зинаҳои таҳсилот тадбирҳо амалӣ мешаванд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ (16 декабри соли 2025) таъкид доштанд: «Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад». Вобаста ба ин, Пешвои миллат ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ соли 2026-умро «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон намуданд.
Раванди худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи устуворе барои эҷоди тафаккури навини миллӣ фароҳам овард, ки дар ҷавҳари он эҳсоси амиқи ягонагии сарнавишти миллат ва ваҳдату ягонагии миллӣ ба сифати шоҳсутуни пойдории озодиву истиқлоли тоҷикон қарор дорад. Ин бори дигар собит месозад, ки танҳо ҷомеае, ки ба дарки худшиносии миллӣ расидааст, асолати миллиашро ҳифз ва сарватҳои маънавии онро афзун карда метавонад.
Дар шароити мураккаби замони муосир – замони навсозиҳо ва гуфтугӯи тамаддунҳо таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ бо роҳи афзоиши худшиносии миллӣ нақши аввалиндараҷа дорад. Таърих дӯсти воқеиятпарасти мост ва он гувоҳӣ медиҳад, ки аз беэҳтиётӣ ва ноогаҳӣ аз гузаштаи пурифтихор давлату миллатҳои абарқудрат пора-пора шуда, аз байн рафта, номашон аз дафтари замон гум шуда, аз забон ва расму оини аҷдодиашон маҳрум гардидаанд.
Рухдоди ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ баъди фарорасии Истиқлоли давлатӣ ва зуҳури фоҷиаи миллӣ дар кишвари мо гувоҳи ин гуфтаҳост. Ин фоҷиаи бузург, пеш аз ҳама, пайомади дур шудани тоҷикон аз сарчашмаҳои азалӣ ва решаҳои таърихӣ, натиҷаи харобкории аҷнабиён барои дар мутеият ва фармонбардорӣ қарор додани тоҷикон ба шумор мерафт.
Ҳамин ҳаводиси хунин ва сабақи таърихӣ боис гардид, ки Пешвои миллат ҷиддан таваҷҷуҳи аҳли кишварро ба худшиносӣ, худогоҳӣ ва шуури баланди милливу ватандорӣ ҷалб карданд.
Тавре маълум аст, яке аз рукнҳои муҳимми худшиносии миллӣ забони адабии тоҷикӣ мебошад. Маҳз ба воситаи ҳамин забон бузургони илму адаби мо ба эҷод камари ҳиммат баста, дар ташаккули фарҳанги ватанӣ ва ҷаҳонӣ нақши мондагор гузоштаанд.
Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус қайд намудаанд, ки «…забони тоҷикӣ асоси ҳувияту худшиносии миллии мо ба шумор рафта, барои ҳар фарди тоҷик азизу муътабар мебошад, зеро танҳо ба василаи забони миллӣ метавон ҳофизаи таърихиву фарҳангиро пос дошта, пайванди хешро бо адабиёту фарҳанг ва илму дониши дар тӯли ҳазорсолаҳо офаридаи халқамон эҳсос намуд».
Бо ташаббуси Сарвари давлат дар ҷумҳурӣ барои рушду пойдории забони модарӣ ва гиромидошти он дар ҷумҳурии соҳибистиқлоламон корҳои бузурге амалӣ гаштаанд.
Таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба маънавиёту асолати таърихии миллати куҳанбунёди тоҷик, махсусан, баргузор намудани ҷашнвораҳои сатҳи ҷаҳониву давлатӣ оид ба бузургдошти нобиғагони миллат ва фарзандони баруманди халқи тоҷик хеле ҳикматбору муассир мебошад.
Бо ташаббуси Пешвои миллат дар давоми солҳои гуногун ҷашн гирифтани санаҳои бузурги таъриху тамаддуни халқу миллат ва тадбирҳои дигар дар ин самт, воқеан, гузаштаи моро ба имрӯзи мо бештар пайванд месозад. Аз ҷумла, дастрас карда шудани 900 номгӯй адабиёти бадеиву бачагона ба китобхонаҳо, ба таври ройгон дастрас карда шудани 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ ба ҳар як оилаи кишвар бори дигар шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик будани мероси таърихиву фарҳангии мо ва нақши онро дар ташаккул ва рушди худогоҳию худшиносии ҳар як фард ва ҷомеа собит намуданд.
Дар баробари ин, бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026-2027, дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бунёд намудани Конуни тамаддуни ориёӣ, Маркази байналмилалии Наврӯз ва ғайра, ки на танҳо ба муаррифии фарҳанги ғании тоҷикон ба тамоми ҷаҳониён нақши муҳимро иҷро мекунанд, балки дар ташаккул ва рушди маънавии насли наврасу ҷавон ва худшиносию худогоҳи миллии онҳо ба ҳайси омили муҳимтарини иҷтимоӣ хидмат хоҳанд кард.
Ҳамин тавр, дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси Сарвари кишвар барои эҳёи таъриху фарҳанги миллӣ, муаррифии шахсиятҳои таърихиву фарҳангии миллати тоҷик, ки дар густариши худшиносии миллии ҷомеа мусоидат карданд, корҳои бузурге ба сомон расонида шудаанд.
Таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба тарбияи маънавии ҷавонон ибтикори судманду ҳадафмандона дар давраи нави созандагии кишвари мо ба шумор меравад.
Обидҷон МАҲМУДЗОДА,
муовини директор оид ба илм ва инноватсияи Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор













