Чистонҳоро дар бисёр фанҳо, хусусан, математика аз синфи 1 то 5 истифода бурдан судманд аст. Истифодаи чистонҳо дар таълими математика барои беҳтар аз худ намудани мавзуъҳои таълимӣ нақши муҳим мебозанд, шавқу ҳаваси хонандаро ба дарс зиёд мекунанд. Барои шавқовар гузаштани дарси математика дар синфҳои ибтидоӣ чанд чистонро пешкаш менамоем. Дар синфҳои якум ҳангоми омӯзонидани рақамҳои 5, 6, 8, 12 муаллим метавонад аз чистонҳои гуногун истифода барад. Масалан, дар вақти омӯзонидани рақами «5» чистони зерин ба мо мададгор шуда метавонад:
Дар миёни чору шаш,
Менамояд кашмакаш
Ҷавоб: рақами 5
Дар натиҷаи математикаро бо дигар фанҳо алоқаманд кардан дарс рангоранг мегузарад. Дар чистони мазкур алоқаи бевоситаи математика бо фанни забон ифода ёфтааст:
Ду ҳамсадо,
Яке садонок.
Аз баъди панҷ
Ояд чолок
Ҷавоб: рақами 6
Барои ёфтани рақами «8» аз чистони зерин истифода мебарем:
Як адади аҷоиб,
Аз ду ҳалқа иборат.
Онҳоро ҷудо созӣ,
Ҳеҷ маъное надорад.
Ҷавоб: рақами ҳашт
Дарёфтани ҷавоб ба чистони зерин низ ба рушди афкори хонандагон мусоидат мекунад:
Ду адади ҳамсоя,
Агар шавад якҷоя.
Якеш яку дигар ду,
Чанд мешавад, кани гӯ.
Ҷавоб: рақами 12
Дар фанни математика истифодаи «ченакҳои вазн», «ченакҳои дарозӣ», «ченакҳои вақт» маълум мебошад. Вобаста ба ин, аз ҷумла, чунин чистонҳоро истифода бурдан мумкин аст.
Ҳафт хоҳаронанд,
Аз паси ҳам равонанд.
Вақт ҳарчанд меравад,
Лекин онҳо ҷавонанд.
Ҷавоб: рӯзҳои ҳафта
Аз се яки он,
Баробари бист.
Бигӯ ҷӯраҷон,
Ин ченаки чист?
Ҷавоб: 60 дақиқа, ченаки вақт
Ҳамин тавр, чистонҳо самаранокии дарсҳоро зиёд мекунанду қобилияти фикрронии хонандаро сайқал медиҳанд.
Мироббег САФАРОВ,
омӯзгори синфҳои ибтидоии
МТМУ №21-и ноҳияи Варзоб













